Маълумоти умумӣ

Ҳисобот оид ба фаъолияти МТД Литсейи № 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар соли 2018

Такмили идораи литсей ва роҳбарӣ ба кори таълиму тарбия яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбияи хонандагон ба ҳисоб меравад. Вазифаҳое, ки дар назди маъмурияти литсей дар ин бобат истодааст, хело мураккаб ва гуногун мебошанд. Аз ин рӯ, роҳбарияти таълимгоҳ мақсад гузошт, ки корҳои ташкилӣ ва идоракунии литсейро дуруст ба роҳ монда, фаъолияти кори литсейро дар соли таҳсили 2018-2019 тибқи нақшаи корӣ мунтазам зери назорат қарор диҳад.
Дар муассиса таълим бо ду забон: забони тоҷикӣ ва забони русӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар моҳи январи соли 2018 даври шаҳрии Олимпиадаи мактаббачагон баргузор гардид, ки дар он хонандагони синфҳои 9-11 фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.

Натиҷаи олимпиадаи даври сеюм (шаҳрӣ) дар соли таҳсили 2017 — 2018

р/т Ному насаби хонанда Синф Ному насаби омӯзгор Фан Ҷой
1 Раҳматуллоева Аҳдия 10 Абдувоҳидова М. Забон ва адабиёти тоҷик 3
2 Ҳайдарзода Табассум 11 Абдувоҳидова М. Забон ва адабиёти тоҷик 2
3 Неъматова Шавкия 10 Шабурова Ҷ. Х. Забон ва адабиёти рус 2
4 Орипова Марям 11 Шабурова Ҷ. Х. Забон ва адабиёти рус 2
5 Салоҳиддинзода Ҳумоюн 10 Аминҷонзода П. Забони давлатӣ 1
6 Азизмуродзода Аниса 11 Мирраҳматова О. Забони давлатӣ 3
7 Халилова Шукрона 9 Махадова Г. Забони англисӣ 1
8 Буранова Малика 11 Махадова Г. Забони англисӣ 1
9 Азимова Дилноза 9 Меҳрабонова М. Таърихи халқи тоҷик 1
10 Саидов Дилшод 11 Меҳрабонова М. Таърихи халқи тоҷик 3
11 Латифзода Амирҷон 10 Меҳрабонова М Таърихи халқи тоҷик 3
12 Стариков Марк 9 Рӯзиева Ф. Т. иттилоотӣ 3
13 Маҳмадиев Зикриолоҳ 10 Мусоева М. Георрафия 1
14 Маҳмадуллоев Маҳмадулло 10 Мусоева М. География 2
15 Азизов Анушервон 10 Мирзоев К. Физика 3
16 Муҳаммадиев Муҳсин 9 Шахова О. Б. Химия 1
17 Фозилов Дидор 9 Меҳрабонова М. Асосҳои давлат ва ҳуқуқ 2
18 Муҳаммадҷони Нурулло 10 Меҳрабонова М. Асосҳои давлат ва ҳуқуқ 1
19 Раҷабзода Бунёд 11 Меҳрабонова М. Асосҳои давлат ва ҳуқуқ 1
20 Исмоилӣ Дилноза 9 Шоназаров М. Биология 2
21 Ашуров Ҳайдар 9 Шоназаров М. Биология 3
22 Убайдуллоева Мадина 9 Шоназаров М. Биология 2
23 Замираи Ҷумахон 11 Шоназаров М. Биология 3
24 Қаландаров Икром 11 Шоназаров М. Биология 2

Ҷойи 1 — 8 нафар, ҷойи 2 — 8 нафар, ҷойи 3 — 8 нафар
Дар байни синфи 11 — 8 ҷой
Ҷойи 1 — 2 нафар, ҷойи 2 — 3 нафар, ҷойи 3 — 3 нафар

image-0-02-06-9fba8c176b820ea40b3cd8f145caf4a2f2c73a1a774d34930e19e83296bb6f

image-0-02-04-88b76dcb3e54d0e6e8513794da94dcc611f68d99255bf842320636d586f2eb

Баҳри баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар моҳи январ 8 нафар омӯзгорон аз курси такмили ихтисос гузаштанд:
1. Абдувоҳидова Мавҷуда-омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик
2. Рӯзиева Фароғат- омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ
3. Меҳрубонуи Абдусалом- омӯзгори фанни биология
4. Охонова Мухлиса- омӯзгори фанни математика
5. Кариева Зевар- омӯзгори фанни маематика
6. Гулов Фатҳиддин- омӯзгори фанни химия
7. Азизова Мавҷуда — омӯзгори фанни биология
8. Шукурова Муборак-китобдор
Ҳамчунин аз курси салоҳиятнокии хонандагон дар дарсҳо омӯзгорон:
1. Мусоева Моҳира- омӯзгори фанни география
2. Меҳрубонуи Абдусалом- омӯзгори фанни биология
3. Гулов Фатҳиддин- омӯзгори фанни химия
4. Маҳмадиев Ҳусен- омӯзгори фанни химия
5. Азизова Мавҷуда- омӯзгори фанни биология
6. Каримов Сиёвуш- омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ гузаштанд
Баҳри баланд бардошани малакаи техникии омӯзгорон, омӯзиши кор бо компютер ва тахтаи электронӣ аз 02.01.2018 то 27.01.2018 дар литсей курси якмоҳаи омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он аз тарафи омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ Рӯзиева Ф. ва Меликов Ҷ. Ба омӯзгорон дар ҳаҷми 26 соат: 12 соат назариявӣ, 14 соат амалӣ дарс гузашта шуд.
Дар моҳи январ дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе озмуни «Китобхони беҳтарин» гузаронида шуд, ки дар он хонандагон Шукронаи Тоҳир ва Азимова Дилноза иштирок на-муданд.
Маъмурият ва ҳайати омӯзгорони литсей ба муносибати «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, баҳри иҷроиши он мунтазам чораҳои зарурӣ андешида истодаанд:
Аз 5 то 10 феврал дар муассиса ҳафтаи фанни технология (меҳнат) ташкил ва гузаронида шуд. Давоми ҳафта аз тарафи омӯзгорони фаннӣ дарсҳои кушод ба роҳ монда шуда, намоишгоҳи корҳои эҷодии хонандагон омода карда шуд.
Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» рӯзи 07.02.2018 дар муассиса ярмаркаи хайриявӣ баргузор гардид, ки дар он духтарони синфҳои 7-8 маҳсулоти дастии тайёркардаи худ, аз қабили самбуса, кулчақанд ва дигар шириниҳо бон архи арзон ба хонандагони литсей фурухта маблағи муайян ба даст оварданд. Ба маблағи ҷамъшуда дар ҳаҷми 972 (нуҳ саду ҳафтоду) сомонӣ хурока ва лавозимотҳои зарурӣ харидорӣ кардашуда ба ятимхонаи № 2 шаҳри Душанбе хайр карда шуд.
Аз 12-ум то 17-уми феврал дар литсей ҳафтаи технологияи иттилоотӣ гузаронида шуд. Дар давоми ҳафта як қатор чорабиниҳо аз қабили, дарсҳои кушод, викторинаҳо, намоиши корҳои эҷодии хонандагон (бахши ихтироъкорӣ) аз ҷониби омӯзгорони фаннӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Снимок2
Омӯзгор Рӯзиева Ф. дар синфи 9 «Б» дар мавзӯи «Одоби муошират дар шабака» дарси кушоди тарбиявӣ гузаронид, ки дар он директори литсей Қувватова Р., муовини директор оид ба илм ва иноватсия Нарзиқулов М., мудири кафедраи математика, физика ва технологияи иттилоотӣ Исламова Н., корманди Маркази такмили ихтисоси кормандони маорифи шаҳри Душанбе Сайдалиев Х. ва омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ Каримов С. иштирок намуданд.
Снимок3
Дар таърихи 17.02.2018 бо иштироки хонандагони синфҳои 9-11 конференсияи илмӣ “Асри XXI- асри технологияи иттилоотӣ” гузаронида шуд, ки дар хонандагон корҳои хурди илмӣ, сомона ва барномаи худро муаррифӣ намуданд:

р/т Ном ва насаби хо-нандагон Синф Мавзӯъ Роҳбар
1. Баротов Маҳмуд 11«А» «Информатика ва тиб» Меликов Ҷ.
2. Назиров Бежан 11«А» «Omuzgor.tj» Рӯзиева Ф.
3. Қаюмов Меҳроб 11«А» «Нақши интернет дар ҷомеаи имрӯза» Рӯзиева Ф.
4. Расулов Шаҳбоз 11«Б» «Эл химия» Каримов С.
5. Карамхудозода Беназир 10«Б» «Алгоритм» Меликов Ҷ.
6. Воҳидов Ромиз 10«Б» Ситораҳои илми информатика Рӯзиева Ф.
7. Муҳаммадҷони Нурулло 10«Б» «Вирусҳои компютерӣ» Меликов Ҷ.
8. Маъруфи Аниса-хон 10«В» «Вес мир зависит от информатики» Рӯзиева Ф.
9. Бобоёров Шаҳбоз 9«Б» «Фарҳанги муошират» Рӯзиева Ф.
10. Стариков Марк 9 «В» «Формулы. Спра-вочник школника» Рӯзиева Ф.

Дар ин конференсия ба ҳайси доварон:
директори Маркази технологияи иттилоотӣ ва камуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Норматов Ш.
омӯзгори фанни технологияи иттилоотии МРИ-и шаҳри Ду-шанбе Ҳакимова З.
муовини директор оид ба таълим Мирраҳматова О.
муовини директор оид ба илм ва инноватсия Нарзиқулов М.
мудири кафедра Исламова Н.
раиси созмони талабагӣ Зоиров С.
иштирок намуда, ба хонандагон баҳогузорӣ намуданд. Ин конференсия аз тарафи телевизиони «Баҳористон» ба навор гирифта шуда, дар барномаи «Хабар» нишон дода шуд.
Ба муносибати таҷлили 25 солагии Рӯзи таъсисиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои кушоди тарбиявӣ гузаронида шуд. Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашн 17 нафар сарбозон аз ротаи Қаравули фахрӣ ширкат варзида дар фарҷоми барномаи фархангӣ ба хонандагон машқҳои ҷолибро нишон доданд.

DSCN3007

DSCN3027

DSCN3083

DSCN3048

DSCN3040

DSCN3018

DSCN3034
Баҳри амалӣ гардонидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 427 аз 03 июли соли 2014 «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» аз 24 феврал то 6 март дар муассиса ҳафтаи забони русӣ бахшида ба ёдбуди А, П. Чехов гузаронида шуд, ки давоми ҳафта омӯзгорони кафедраи забони русӣ дарсҳои кушод, викторинаҳо, озмуни “Суруди беҳтарин”, мизи мудаввар гузаронида шуд.

Рӯзи 06.03.2018 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 37 даври ноҳиявии Фестивал-озмуни “Шукуфаҳои пойтахт” баргузор гардид, ки хонандагон аз рӯи 9 шарти гузошта шуда хуб баромад намуданд ва шартҳои беҳтарин: бадеҳа, рақси якка ва саҳнача аз тарафи доварон барои иштирок дар даври шаҳрӣ интихоб карда шуд. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Рӯзи модар» дар муассиса як қатор чорабиниҳо гузаронида шуд. Аз ҷумла, муассиса бо шиору овезаҳо ва газетаҳои деворӣ дар васфи модар оро дода шуда, байни хонандагони синфҳои 5-7 озмуни «Расми беҳтарин» гузаронида шуд. Дар ҳамаи синфҳо соати тарбиявӣ дар мавзуҳои «Модар сарчашмаи ҳаёт», «Дасти дуои модар», «Модар чароғи хонадон», «Туӣ буду набудам-модари ман» гузаронида шуд.

Рӯзи 06.03.2018 дар байни синфҳои 8 озмуни «Канӣ духтарон» баргузор гардид, ки дар он ба маҳорати кадбонуии духтарон, ороиши муй, намоиши либосҳои миллӣ, ҳозирҷавобии онҳо баҳогузорӣ карда шуд. Ҳамчунин, дар озмун шарти байтбарак байни синфҳо гузаронида шуд, ки шеърдонии духтарон низ ба назар гирифта шуд. Дар ин шарт хонандаи синфи 8 А Нушофарин ғолиб омад. Озмун аз тарафи доварон (маъмурияти литсей) ҷамъбаст карда шуда, ҷойи якум 8 А, ҷойи дуюм 8 В ва ҷойи сеюм насиби 8 Ғ гардид.
Дар байни духтарони синфҳои 6-8 мусобиқаи шоҳмот доир гардид, ки дар он ҷойҳои ифтихориро хонандагон:
Ёсумани Фируз, Акбарова Амалия, Шукронаи Умедҷон соҳиб гардиданд.
Рӯзи 07.03.2018 дар толори маҷлисгоҳ чорабинии бадеию фарҳангӣ ҷиҳати арҷгузорӣ ба мақому ҷойгоҳи модар дар ҷомеа баргузор гардид.

Ҷиҳати саҳмгузорӣ дар кори ободониву кабудизоркунӣ дар муассиса бо иштироки коллективи омӯзгорон ва кормандони техникӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳар ҳафта шанбегӣ гузаронида мешавад. Дар дарсҳои технология хонандагон бо роҳбарии омӯзгор Муқимов Қ. барои тоза нигоҳ доштани гирду атрофи муассиса ёрӣ мерасонанд. Корхои ободонӣ дар ин самт идома доранд.

Ба муносибати таҷлили Иди Наврӯз-2018 муассиса бо шиору овезаҳо бахшида ба ҷашн оро дода шуда, дар ҳамаи синфҳо дарсҳои тарбиявӣ гузаронида мешавад.

Аз 12 то 17 марти соли 2018 бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018 дар муассиса ҳафтаи фанни забон ва адабиёти тоҷик гузаронида мешавад.
Ба 18 нафар гирандагони стипендияи раиси шаҳр, ки тариқи озмун ин номро соҳиб гардиданд дар Рӯзи пойтахт аз ҷониби раиси шаҳр ба маблағи 2250 сомонӣ стипендия дода шуд.
image
Хонандаи синфи 10 “Б” Муҳаммадҷони Нурулло дар соли таҳсили 2017-2018 гирандаи стипендияи президентӣ мебошад.
Моҳи март дар литсей озмуни «Хонандаи сол» баргузор гардид, ки дар он 54 нафар хонандагон иштирок намуда, ғолиби озмун хонандаи синфи 9 «А» Азимова Дилноза барои иштирок дар даври ноҳиявӣ роҳхат гирифт. Дар даври ноҳиявӣ, ки моҳи апрел баргузор гардид Азимова Д. иштирок намуда, ҷойи дуюмро ишғол намуд.

Дар моҳи апрел даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и Олимпиадаи фаннии мактаббачагон баргузор гардид, ки дар он 8 нафар хонандагони синфи 11 иштирок намуда, 5 нафарашон ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд:
1. Қаландаров Икром аз фанни биология -ҷойи 1
2. Раҷабзода Бунёд аз фанни ҳуқуқ -ҷойи 1
3. Буронова Малика аз фанни забони англисӣ -ҷойи 3
4. Саидов Дилшод аз фанни таърих – ҷойи 3
5. Азизмуродова Аниса аз фанни забони давлатӣ – ҷойи 3

Дар Фестивал- озмуни “Шукуфаҳои пойтахт”, ки ба муносибати «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 моҳҳои апрел-май байни мактабҳо баргузор гардид, хонандагони синфҳои 5-9 аз рӯи нӯҳ шарт иштирок намуда, дар даври финалӣ номинатсияҳои ровӣ ва рақси якка сазовори ҷойи якум, саҳнача зери унвони “Қимати мард дар ҳунар аст” шоҳҷоизаро ба даст овард.

image (1)
Ин озмун рӯзи якуми июн ҷамъбаст гардида, ҷоизаҳо аз тарафи муовини раиси шаҳр Муинӣ Мавсума ба ғолибон супорида шуд.
Рӯзи 13.05.2018 дар мактаби байналмиллалии президентӣ Конференсияи 40-уми ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он 68 нафар хонандагон аз рӯи 14 бахш иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд.
Аз 21.05.2018 то 26.05.2018 ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон барузор гардид, ки дар доираи чорабиниҳои ҳафта Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагон ва Форуми технологияи иттилоотӣ гузаронида шуд. Дар Конференсия, ки аз рӯи 10 бахш гузаронида шуд 80 нафар хонандагон иштирок намуда, чунин ҷойҳоро ба даст оварданд:
Ҷойи якум-17 нафар
Ҷойи дуюм-18 нафар
Ҷойи сеюм-25 нафар
Ифтихорнома 20 нафар
Ҳамчунин дар Форум чор лоиҳа пешниҳод гардид, ки аз он ду тоаш соҳиби ҷоиза гардид:
Стариков Марк-барнома барои телефонҳои мобилӣ Guide.tj-путеводитель
Расулов Шаҳбоз-барномаи «Эл-химия»
Дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон як гурӯҳ хонандагон бо роҳбарии омӯзгор Азизова М. ва раиси иттифоқи касаба Шукурова М. ба аёдати кӯдакон равона карда шуданд.
Аз 21 то 30 май дар муассиса Ҳафтаи фанни тарбияи ҷисмонӣ гузаронида шуд, ки давоми ҳафта як қатор мусобиқаҳо аз қабили “Чархи амонӣ” , шоҳмот, волейбол, баскетбол, футбол ташкил ва гузаронида шуд.
Аз 01 то 15 май дар литсей Моҳвораи китоб гузаронида шуд, ки тибқи нақшаи он аз тарафи китобдорон Шукурова М. ва Бобокалонова С. чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ гузаронида шуд. Дар конференсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии китоб меҳмон аз Узбекистон шоира Неъматова, рӯзноманигори нашрияи “Омӯзгор” Дилафрӯз Қурбонӣ ҳузур доштанд.
Дар муассиса 12 маҳфили фаннӣ зери роҳбарии омӯзгорони ботаҷриба амал мекард, ки ба он хонандагони синфҳои 5-11 ҷалб карда шуданд. Саҳми маҳфилҳо дар гузаронидани чорабиниҳои дохилилитсейӣ ва берун аз он хеле босазо аст.
Аз 18 то 24 июн дар базаи истироҳатии Варзоб хаштумин Озмуни ҷумҳуриявии Нозирони навраси ҳаракат баргузор гардид, ки дар он дастаи ННҲ-и литсей зери роҳбарии муовини директор оид ба тарбияи Рӯзиева Ф. дар байни 11 даста аз рӯйи 11 номиннатсия қувваозмоӣ намуда, ҷойи дуюмро ишғол намуданд.

DSC_0212

DSC_0284

DSC_0313 (2)
Ғолибон аз тарафаи кумитаи тадорукоти озмун (БДА) бо диплому сертификатҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар соли таҳсили сипарӣ гардида дар муассиса 100 нафар хонандагон синфи 9 ва 90 нафар хонадагон синфи 11- ро хатм намуданд. Хатмкунандагони синфҳои 11 тариқи ММТ ба мактабҳои олӣ дохил шуданд. Қисмате аз онҳо ба мактабхоии олии берун аз кишвар дохил шуданд. 5 нафар хонандагони синфи 9 Мирзоева Рупия, Халилова Рухшона, Исломова Малика, Исмоилӣ Дилноза, Азимова Дилноза синфи 9- ро бо аттестати аъло хатм намуданд.
Аз 09 то 16 июл ду нафар хонандагони синфи 10-и литсей Раҳмонзода Некдил ва Охунов Олим аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истироҳатгоҳи Ҷумҳурии Чин сафарбар карда шуданд.
19 нафар хонандагони синфи 10 ва 11 дар озмун барои дарёфти стипендияи “Пешрафт” иштирок намуда, 12 нафарашон бо ба дастовардани холҳои баланд гирандагони стипендияи “Пешрафт” гардиданд.
Дар озмун барои дарёфти стипндияи Президентӣ, ки моҳи август баргузор гардид хонандагони синфҳои 9-11 иштирок намуда, хонандагони синфи 10 Исломова Малика ва Азимова Дилноза гирандаи стипендияи президентӣ гардиданд.
Хонандаи синфи 9 Шукронаи Тоҳир дар Библеомарафон иштирок намуда, дар ҷумҳурӣ ҷойи сеюмро ишғол намуд. Ба ӯ аз ҷониби Вазорати фарҳанг дипломи дараҷаи 3 ва мукофотпулӣ ба маблағи 400 сомонӣ тақдим гардид. Аз тарафи маъмурияти литсей низ ба маблағи 200 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.
Ҳайати омӯзгорони МТД литсейи № 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, кабинети методии он, муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбия, мудирони кафедраҳо дар соли 2018 самаранок меҳнат карда, вазифаи худро дар соли таҳсили 2018-2019 дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии таҳсилот, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи литсей дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Асогузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, Оинномаи литсей, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаро таҳия намуда, дар амалӣ намудани онҳо саҳмгузорӣ менамояд.
Рӯзи 1 сентябр дар муассиса соли нави таҳсил шурӯъ гардид. Дар чорабинии идона, ки соати 7: 30 то 8: 00 баргузор гардид муовини Раиси шаҳр Муинӣ М. иштирок намуда, ҳозиринро бо фарорасии соли нави таҳсил табрик намуд. Рӯзи 4- сентябр дар литсей бо ташаббуси мудири китобхона Шукурова М. ва китобдор Бобокалонова С. Рӯзи китоб гузаронида шуд.
Дар муассиса дар соли таҳсили 2018-2019 33 синф амал намуда, 49 нафар омӯзгорон фаъолият мекунанд. 4 нафар омӯзгорони ҷавон- Рӯзиматова Р-омӯзгори фанни математика, Исмоилова Р.- омӯзгори фанни физика, Шарипов Д.-омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ, Мамадпаноев С.- омӯзгори фанни забони давлатӣ ба кор қабул гардиданд, ки ҳар яки онҳо ба омӯзгорони ботаҷрибаю собиқадор бахри расонидани ёрии методӣ вобаста карда шудаанд.
Баҳри дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 27- солгаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса як қатор чорабиниҳо гузаронида шуд. Аз ҷумла, дарсҳои тарбиявӣ дар мавзуҳои “Зи истиқлол бувад иқболи тоҷик”, “Истиқлолият неъмати бебаҳост”, озмунҳои “Расми беҳтарин”, “Расм дар рӯйи асфалт” гузаронида шуд. Рӯзи 8- сентябр ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашн гузаронида шуд. Аз 17 то 22 дар муассиса Ҳафтаи Рӯдакӣ гузаронида шуд. Ба ин муносибат аз тарафи омӯзгорони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик дарсҳои кушод ташкил ва гузаронида шуд. Дар ҳамаи синфҳо оид ба мавзӯъи “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй” соати тарбиявӣ гузаронида шуд. Тӯли ҳафта дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ хонандагони синфҳои 5-9 дар бораи ҳаёт ва фаъолият ва мероси адабии шоир баромадҳо карданд. Рӯзи 21 сентябр бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-адабӣ бо иштироки хонандагони синфҳои 7-11 баргузор гардид, ки дар он муаллифи китоби забони тоҷикӣ барои синфҳои 8 Саидамир Аминов ширкат варзиданд.
Маъмурияти литсей тибқи талаботи ислоҳоти соҳаи маориф, барои таъмини пояи моддию техникӣ ва таълимӣ, кадрҳои педагогӣ, беҳбудии сифати таълиму тарбия, ҷиҳозонидани кабинету синфхонаҳо ва ошхона корҳои зиёдеро ба сомон расонид ва минбаъд боз идома хоҳад дод.

ШАРИКОНИ МО: