Аз ибтидо то интиҳо

Дар муассисаи таълимии давлатии литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ташкил ва гузаронидани «Ҳафтаҳои фаннӣ» хуб ба роҳ монда шудааст.
Мувофиқи нақшаи солона ҳафтаҳои фаннӣ ҳамасола бо иштироки олимон ва пажӯҳишгарони соҳаҳои гуногуни илм ва муаллифони китобҳои дарсӣ баргузор мегардад. Ҳафтаҳои фаннӣ якранг набуда, ҳамгироии фанҳо ба инобат гирифта мешавад. Ҳафтаи фанние, ки аз 21.11.2015 то 28.11.2015 баргузор гардид, ба асосгузори фанни геометрия олими Юнони Қадим Евклид, ки солҳои 330 – 275 – уми пеш аз милод умр ба сар бурдааст ва олими бузурги рус Н.И. Лобачевский (солҳои 1793 -1854) ки дар тараққиёти илми геометрия гардиши бузурге ба вуҷуд овард, бахшида шуда буд.
Хонандагон пеш аз оғози ҳафта роҳравҳо, саҳни бинои асосӣ, бинои математикаро бо газетаҳои деворӣ, расмҳо, гуфторҳо дар ситоиши математика, ребурсҳо, красвордҳо, мисолу масъалаҳои шавқовар оро доданд.
Дар ҳафтаи фаннӣ омӯзгорон Аллаев А., Исламова Н., Фазлоншоева Х., Рӯзиева Ф., Раҳимова М., Охунова М. дарсҳои кушоди ҳамгиро математика – география, математика – забони русӣ, математика – биология, математика – информатика, математика – химия ташкил намуданд, ки хело шавқовар ва хотирмон буд.
Дар байни синфҳо мусобиқа, саволу ҷавоб, олимпиада, ҳалли мисолу масъалаҳои шавқовар гузаронида шуд.
Бо ташаббуси омӯзгори фанни математика Нарзиқулов М. дар ҳафтаи фаннӣ конфронси илмӣ — амалӣ бо иштироки олимони шинохтаи соҳаи математика, номзади илмҳои математика физика, дотсент, профессор, муаллифи китоби алгебра синфҳои 9 -10 Усмонов Нурулло ва Пиров Раҳмоналӣ ташкил карда шуд.
Конфронси мазкур дар мавзӯи « Аз ибтидо то интиҳо» доир ба ҳаёт ва фаъолияти олимони шинохтаи фанни математика Евклид, Умари Хайём, Ал — Хоразмӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Лобачевский Н., Темур Собиров бахшида шуда буд.
Хонандаи симнфи 7А Комилова Гулноза дар мавзӯи «Евклид асосгузори фанни геометрия», хонандаи синфи 7Б Давлатзода Нигора дар мавзӯи «Саҳми Лобачевский дар соҳаи геометрия», хонандагон Шаҳбозова Дилрабо синфи 8Б, Хайруллоева Фариза синфи 10Г дар мавзӯи «Умари Хайём – шоир, математик, нуҷумшинос» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, хонандаи синфи 10А Мируллоева Мавлуда дар мавзӯи «Ҳаёт ва фаъолияти Ал -Хоразмӣ», хонандаи синфи 8Б Воҳидов Ромиз дар мавзӯи «Темур Собиров математики тоҷик дар даврони Шӯравӣ», хонандаи синфи 10Г Қудратова Дилрабо дар мавзӯи «Ҳаёт ва фаъолияти Абӯалӣ ибни Сино», хонандаи синфи 10Г Каримова Румиса дар мавзӯи «Нужна ли математика нематематику», хонандаи синфи 10В Аскарова Садаф дар мавзӯи «Математика и медицина» бо истифода аз проектор, (тахтаи электронӣ) баромад карда, диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намуданд. Татқиқоте, ки хонандаи синфи 10Г Каримова Румиса дар мавзӯи «Нужна ли математика нематематику» дар якчанд литсею гимназияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронидааст, таваҷҷӯҳи ҳамаро бештар ҷавлб намуд ва дар атрофи ин мавзӯъ байни олимон ва хонандагон баҳсу мунозираҳо сурат гирифт.
Инчунин корҳои хурди илмии хонандагон Раҷабов Шаҳбоз, хонандаи синфи 8Б дар мавзӯи «Муодилаи хаттӣ», Воҳидов Ромиз, хонандаи синфи 8Б дар мавзӯи «Муодилаи квадратӣ», Раҷабов Фаррух, хонандаи синфи 8Б дар мавзӯи «Реша аз ҳосили зарб», Дӯстова Гулноза, хонандаи синфи 11А дар мавзӯи «Ҳалли муодилаҳо оид ба прогрессияи арифметикӣ», Тоҳирова Мафтуна , хонандаи синфи 11А дар мавзӯи «Ҳалли муодилаҳо оид ба прогрессияи геометрӣ» дар назди олимон, омӯзгорон ва хонандагон ҳимоя гардид.
Хонандагон бо саволҳои: 1) Чӣ зарурият шуд, ки ба навиштани китобҳои дарсӣ машғул шудед? 2)Шумоён, ки корманди Донишгоҳ ҳастед ва пайваста ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғулед, дар навиштани китобҳо душорӣ накашидед? 3) Шумоёнро ба ягон гимназияю литсейҳо даъват намоянд, ҳамкорӣ кардан мехоҳед ё не?
Хонандагон ба саволҳои худ посухи саҳеҳ гирифтанд. Олимон аз дониш, маҳорат, малака, истеъдоди хонандагон, бархурдор будани онҳо аз техналогияи ҳозиразамон ва таҳия намудани «Слайд» — ҳо дар мавзӯҳои гуногун ва истифода намудан аз маводҳои интернет хело хурсанд шуда, аз хонандагон даъват намуданд, ки Сарвари Давлат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ҷавононро даъват менамояд, аз ин лиҳоз аз шумоён эҳтиромона хоҳиш дорем, ки ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷчӯҳи бештар зоҳир намоед ва мо ҳамеша дар ҳамкорӣ баҳри рушду такомули донишу маҳорати шумо омодаем.

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: