Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНАВЛЕНИЕ

 

аз « 2» сентябри соли 2010                      № 416            ш. Душанбе

 

Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2011-2015

 

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо технологияи компютерӣ ва омӯзиши амиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

қ а р о р м е к у н а д:

  • Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  • Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети соҳаи маориф татбиқи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015-ро дар доираи Барномаи Миёнамӯҳлати Хароҷоти Давлатӣ барои солҳои 2011-2013 ва солҳои минбаъда пешбинишуда чораҳои зарурӣ андешад.
  • Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳангоми таҳияи Барномаи сармоягузории давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ маблағгузории Барномаи мазкурро пешбинӣ намоянд.
  • Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
  • барои таъмиру истифодабарӣ аз воситаҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар назди Раёсат, шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказ ва бахшҳои хизматрасонии компютерӣ таъсис диҳанд;
  • якҷоя бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки компютерҳо муассисаҳои таҳсилоти умумиро то соли 2015 бо хати озоди барқ вуҷуд надорад, масъалаи таъмини онҳоро бо генераторҳо то соли 2015 ҳал кунад ва баҳри иҷрои Барномаи мазкур корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқиро ҷалб намояд;
  • ҷиҳати пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шабакаи Интернет тадбирҳои амалӣ андешад;
  • Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» барои амалӣ намудани Барномаи мазкур то соли 2015 чораҳои зарурӣ андешанд;

 

 

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон                                      Эмомалӣ Раҳмон

 

 

 Проект

 

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Правительства Республики Таджикистан

 

от «2»сентября 2010 года               № 416           г. Душанбе

 

Об утверждении

Программы компьютеризации общеобразовательных учреждений Республики Таджикистан на 2011-2015 годы

 

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития» и с целью обеспечения общеобразовательных учреждений Республики Таджикистан компьютерной техникой и глубокого изучения информационно-коммуникационных технологий, Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

  • Утвердить Программу компьютеризации обще-образовательных учреждений Республики Таджикистан на 2011-2015 годы ( предлагается).
  • Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с министерствами энергетики и промышленности и образованиям Республики Таджикистан предусмотреть необходимые средства в Государственном бюджете для реализации данной Программы на 2011-2015 годы.
  • Государственному комитету по инвестициям и управлением государственного имущества Республики Таджикистан и Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан ежегодно при разработке инвестиционных программ, грантов и основных строительств предусмотреть финансирования данной Программы.
  • Министерство образования Республики Таджикистан:
  • для ремонта и использования средств информационной технологии и коммуникация при Управлениях и отделов образования создать центр компьютерного обслуживания;
  • совместно с Министерством энергетики и промышленности Республики Таджикистан для эффективного использования компьютеров до 2015 года в случаи решения финансирования решать вопросы обеспечения общеобразовательных школ с использованием технических возможностей свободной линией электропередачи и в регионах, где по нету технической возможности подсоединение свободной линией электропередачи, генераторами, а также для выполнения данной Программы привлечь государственные и негосударственные предприятия, организации и юридические лица.
  • с целью повышения информационных знаний учащихся принять практические меры подключения общеобразовательных школ к Интернету.
  • Местными исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанский Автономной Области, Согдийской и Хатлонской областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения в сотрудничестве с Министерством образования Республики Таджикистан, Министерством энергетики и промышленности Республики Таджикистан и Акционерной открытой холдинговой компании «Барқи тоҷик» до 2015 года принять необходимые меры по реализации данной Программы.

 

 

 

 

 

Председатель

Правительства Республики

Таджикистан                                          Эмомали Рахмон

ФАРМОИШИ

ВАЗИРИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

________________________________________________________

 

аз « 7 » октябри соли 2010                       № 2458               ш. Душанбе

 

Оид ба амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.09.2010, №416 «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015»

 

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.09.2010, №416 «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015»

 

фармоиш медиҳам:

 

  1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.09.2010, №416 «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» ба роҳбарӣ гирифта шавад.
  2. Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.09.2010, №416 «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  3. Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таҳсилоти иловагии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.09.2010, №416 «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» барои таҳияи дастурҳои методӣ ва маводҳои иловагии таълимӣ, маҷмӯи корҳои амалӣ аз фанни технологияи информатсионӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсиву дастурҳои таълимию методӣ тадбирҳои амалӣ андешида, оид ба корҳои анҷомдодашуда моҳе як маротиба ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
  4. Ба Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус (Ш. Ёрмуҳаммадов) супорида шавад, ки ҷиҳати таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳо аз фанни технологияи информатсионӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
  5. Ба Раёсати банақшагирӣ, иҷрои буҷет ва ояндабинӣ дар соҳаи маориф (Ф.Исмонов) супорида шавад, барои ба нақша гирифтани маблағгузории «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» тадбирҳои амалӣ андешад.
  6. Ба шӯъбаи маркетинг ва моликият (М.Мирзоев) супорида шавад, ки тақсимоти компютерҳоро ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зери назорат гирифта, мувофиқи нақша сари вақт онҳоро бо компютер таъмин намояд.
  7. Ба Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия (С.Сафаров) супорида шавад, ки ҳамкориро бо сардорони раёсат ва мудирони шӯъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ташкил намудани марказ ва бахшҳои хизматрасонии компютерӣ дар назди шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мувофиқи «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» ба роҳ монад. Ҳамзамон истифодабарии компютерҳоро зери назорат гирифта, кори мӯътадили марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва бахшҳои хизматрасонии компютерии назди шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро таъмин намояд.
  8. Ба шӯъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф (М. Ҷумахонова) ва Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия (С.Сафаров) супорида шавад, ки дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба пайваст намудани муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи Интернет чораҳои зарурӣ андешанд.
  9. Ба Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ (Ф. Партовов) супорида шавад, ки рафти иҷрои «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015»-ро зери назорат гирифта, ҳар се моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
  10. Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (Х.Зиёев) вазифадор карда шавад, ки мониторинги сифати дониши хонандагонро аз фанни технологияи информатсионӣ соле ду маротиба гузаронида, барои баррасӣ ба мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
  11. Ба сардорони Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супорида шавад:
    • Дар сатҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии марбута таъсис додани марказ ва бахшҳои хизматрасонии компютерӣ ва пайваст ба шабакаи Интернетро ҳал ва фаъолияти онҳоро таъмин намоянд.
    • Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои тасдиқкардаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои худро таҳия карда, дар асоси он ташкил ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни мудирони шӯъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба роҳ монанд.
    • Сифати дониши хонандагонро тибқи нақшаи корӣ мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор дода, аз натиҷаи он ҳар нимсола ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотнома пешниҳод намоянд.
    • Оид ба рафти иҷрои қарори мазкур ҳар се моҳ (то 20 охири моҳ) маълумотнома ва ҳисоботи мукаммал ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд (аз рӯи нақшаи замимагардида).
  12. Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ (М.Шоев) вазифадор карда шавад, ки «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015»-ро бо теъдоди 300 нусха чоп ва дастраси муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ гардонад.
  13. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини аввали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Раҳимов, муовинони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Маҳмадова ва А. Расулов гузошта шавад.

 

 

Вазир                                                                            А. Раҳмонов

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 сентябри соли 2010

№ 416 тасдиқ шудааст.

 

Барномаи давлатии

компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015

 

1.Муқаддима

 

  • Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 (минбаъд Барнома) самтҳои афзалиятноки татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи компютеркунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълими муассисаҳои таҳсилоти умумиро муайян намуда, барои баланд бардоштани сифати таълим шароит фароҳам меоварад.
  • Татбиқи Барномаи дар муассисаҳои таълимӣ мазмуну моҳияти таҳсилотро ғанӣ гардонида, барои дар сатҳи зарурӣ тайёр намудани шахсияти ҳамаҷониба инкишофёфтаи ба рақобати бозори меҳнат тобовар шароити муносиб фароҳам меоварад.

 

  1. Мазмуни Барнома

 

  • Барномаи мазкур тибқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009, №667 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2009, №707 «Дар барои Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намудани соли 2010» таҳия шудааст.
  • Мақсади Барнома дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷорӣ намудани омӯзиши технологияи нави иттилоотиву коммуникатсионӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон барои қонеъ гардонидани талаботи шахс, давлат ва ҷомеа мебошад.
  • Вазифаҳои Барнома таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо техникаи компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ, ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотиву коммуникатсионӣ, диққати ҷиддӣ додан ба фаъолияти эҷодии омӯзгорон ва хонандагон, ба воситаи технологияи компютерии муосир паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
  • Ҳаҷми маблағҳои молиявии Барнома барои солҳои 2011-2015 ҳамасола ҳангоми банақшагирии буҷети ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ мувофиқи солҳо муайян карда мешавад.

 

  1. Таҳлили вазъи компютеркунонии муассисаҳои

таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  • Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 — 2010, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008 №77 қабул шудааст, ба охир расид. Барномаи мазкур барои 3091 мактаби таҳсилоти умумӣ пешбинӣ шуда, таълими фанни технологияи компютерӣ барои синфи 7 то 11 муқаррар гардида буд.
  • Дар давоми солҳои 2008-2010 шумораи мактабҳои умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ 3176 адад зиёд гардида, омӯзиши фанни технологияи компютерӣ дар синфҳои 7-11 ҷорӣ карда шуд, ки ин сабаби иҷро нашудани Барномаи мазкур гардид. Дар баробари аз ин, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо 28208 адад компютер таъмин карда шуданд, ки он 83 фоизи иҷрои Барномаро таъмин менамояд.
  • Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 192 синфи компютерӣ бо 1662 адад (143 фоиз) компютер таъмин гардид, ки ба ҳар як компютер 12 нафар хонанда рост меояд.
  • 1088 мактабҳои умумии асосӣ ва миёнаи умумии вилояти Хатлон дорои 831 синфи компютерӣ буда, бо 9803 адад (77 фоиз) компютер муҷаҳҳаз мебошанд, ки ба ҳар як компютер 26 нафар хонанда рост меояд.
  • Муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон боз ба 3329 адад компютер эҳтиёҷ доранд.
  • Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд 872 синфи компютерӣ бо 9014 (92 фоиз) адад компютер таъмин карда шудаанд, ки ба ҳар як компютер 22 нафар хонанда рост меояд.
  • Муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дорои 158 синфи компютерӣ буда, бо 2368 адад компютер таъмин карда шудаанд, ки ба ҳар як компютер 27 нафар хонанда рост меояд.
  • Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 748 синфи компютерӣ бо теъдоди 5361 адад компютер фаъолият мекунад, ки ба ҳар як адад компютер 26 нафар хонанда рост меояд.
  • Ин нишондиҳандаҳо талаботи таълими фанни технологияи иттилоотиро дар муассисаҳои таълимии вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъмин карда наметавонад.
  • Нарасидани компютерҳо ва синфҳои компютерӣ дар баъзе мактабҳо боиси вайрон гардидани низоми таълими дарсҳои технологияи компютерӣ гардида, хонандагон дар вақти корҳои амалӣ ба гурӯҳҳо тақсим карда намешаванд.
  • Барномаи мазкур дар самтҳои ҳисоби иқтисодии хароҷот татбиқ мегардад, аз ҷумла:
  • тибқи талаботи Барнома ташкил кардани синфҳои компютерӣ (таъмини барқ, таъмини синфи компютерӣ бо мизу курсии мувофиқ ба синфҳои компютерӣ, бо асбобҳои мӯътадил нигоҳдорандаи ҳарорати ҳавои синфҳо ва ғайра);
  • таъсиси марказҳо бахшҳои хизматрасонӣ
  • Дар ҷараёни компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ аз рӯи шумораи мактабҳо тибқи талаботи Барнома камбудиҳои зиёде мавҷуданд. Дар баробари ин бандҳои алоҳидаи Барнома иҷро нагардид:
  • ташкил намудани 76 маркази ва бахшҳои таълими хизматрасонии компютерӣ;
  • хизматрасонии техникии синфҳои компютерӣ;
  • ба талаботи техникӣ мувофиқ гардонидани синфҳои компютерӣ;
  • маблағгузории воҳидҳои кории марказҳо;
  • маблағгузории ташкили синфҳои компютерӣ.
  • Мактабҳои шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ба 958 синфи компютерӣ эҳтиёҷ доранд. Дар аксари шаҳру ноҳияҳо набудани марказҳои махсуси таълимӣ ва мутахассисон боиси он гардидааст, ки мактабҳои алоҳидаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо компютер таъмин бошанд ҳам, омӯзиши фанни мазкур ба роҳ монда нашудааст.
  • Тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.03.2008, №77 оид ба «Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010» раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳои дар Барнома пешбинишуда бо ҷалби захираҳои моддию техникӣ ва молиявӣ бояд дар навбати аввал барои таъсиси марказҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ доир ба тайёр кардани муаллимони асосҳои технологияи иттилоотӣ, иҷрои корҳо вобаста ба ташкили бахшҳои зерсохторӣ ва барои харидани техникаи компютерӣ чораҳои зарурӣ меандешиданд.
  • Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии аксари шаҳру ноҳияҳо талаботи дигари Барнома — ташкили синфҳои компютерӣ ва таъмини онҳо бо барқ, харидории сӯзишворӣ барои истифодаи генераторҳои дизелӣ, ҷиҳозонидани синфҳои компютерӣ, тасдиқ воҳидҳои кории марказҳои компютерӣ, шӯъбаҳои хизматрасонӣ ва ғайраро ба инобат нагирифтанд.
  • Бинобар сабаби дар шаҳру ноҳияҳо таъсис надодани гурӯҳҳои хизматрасонии компютерӣ, таъмин накардан бо барқ, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ, андешида нашудани корҳо барои таъмир ва барқарор кардани компютерҳо то имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1662 адад компютер ба таъмир эҳтиёҷ дорад. Кушодани синфҳои компютерии иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амри талаботи замон гардидааст.
  • Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос, Донишкадаи такмили ихтисоси вилояти Хатлон, Донишкадаи такмили ихтисоси касбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд,

Маркази рушди таълими Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, кабинетҳои компютерӣ ташкил шуда бошанд ҳам, онҳо бо техникаи компютерии замонавӣ таъмин нашудаанд. Айни замон таъсиси синфҳои компютерӣ ва таъсиси шабакаи ягонаи иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ талаботи замон мебошад.

  • Марҳилаи сеюм Барнома ва иҷрои он ба хонандагон имконият медиҳад, ки бо навигариҳои илму техника ва технологияи муосир бевосита шинос гардида, барои омӯзиши технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ замина гузорад.
  • Омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ компютерро ҳамчун воситаи таълимӣ мавриди истифода қарор дода, фанни мазкурро ба хонандагон дар сатҳи баланд пешкаш карда метавонанд.

 

  1. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

 

  • Тибқи нақшаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 ва «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009» дар ҷараёни таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷорӣ намудани омӯзиши технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ ва дар ин асос тайёр намудани шахсони ҳамаҷониба инкишофёфта барои қонеъ гардонидани талаботи онҳо, давлат ва ҷомеа мақсад ва вазифаҳои Барнома иборатанд аз:
  • таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо техникаи компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ;
  • гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияи нави компютерӣ дар раванди таълиму тарбия;
  • тайёр ва бозомӯзии кадрҳо барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оид ба истифода ва ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотию коммуникатсионӣ;
  • ба шабакаи Интернет пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дар ин замина ворид шудан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ;
  • ташкили системаи ягонаи иттилоотии идоракунии таҳсилоти умумӣ;
  • таъмини манфиатҳои шахсият, давлат ва ҷамъият дар раванди ҷорӣ намудани технологияи нави компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ.

 

  1. Самтҳои асосӣ ва механизми татбиқи Барнома

 

  • Самтҳои асосӣ ва механизми татбиқи Барнома инҳоянд аз:
  • ба ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омӯзонидани усулҳои истифодабарии технологияи нави иттилоотию коммуникатсионӣ;
  • ташкили фазои ягонаи иттилоотию таҳсилотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • такмили назорат ва батанзим даровардани омӯзиши технологияи нави компютерӣ;
  • тағйир додани мазмуни таҳсилот вобаста ба компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
  • мукаммал сохтани заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таъмини онҳо бо маводи таълимию методӣ ва технологияи компютерӣ;
  • тайёр намудани омӯзгорони технологияи компютерӣ ва иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • дар марказҳои такмили ихтисоси ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ба роҳ мондани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони фанни технологияи иттилоотии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
  • таъминоти таълимӣ ва методии Барнома бо роҳи гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ, таълимию методӣ,
  • татбиқи Барнома дар давраи солҳои 2011-2015 пешбинӣ шудааст ва он бо технологияи компютерӣ таъмин намудани тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумиро дар бар мегирад.

 

  1. Манбаъҳои маблағгузории Барнома

 

  • Манбаъҳои асосии маблағгузории Барнома маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, грантҳо ва қарзҳои фондҳои байналмилалии ёрирасон, шахсони ҳуқуқӣ ва фондҳои хайрия мебошанд.
  • Ҳаҷми маблағҳои маблағгузории Барнома барои солҳои 2011-2015 ҳамасола ҳангоми таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта мешавад.
  • Маблағгузории Барнома ба зиммаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузошта мешавад.

 

  1. Натиҷаи ниҳоӣ аз амалигардонии Барнома

 

  • Дар натиҷаи татбиқи амалии Барнома:
  • низоми ягонаи идоракунии иттилоотӣ дар Вазорати маориф ташкил карда мешавад;
  • омилҳои зарурии ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси техникӣ ва технологӣ таъмин мегардад;
  • муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо техникаи компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ таъмин карда мешаванд;
  • хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо технологияи муосир шинос шуда, истифодабарии онро аз худ мекунанд;
  • фаъолияти таълимӣ ва инноватсионии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ инкишоф меёбад;
  • баро рушди минбаъдаи раванди компютеркунонии соҳаи маориф шароити мӯътадил фароҳам оварда мешавад;
  • муҳити ягонаи иттилоотии таҳсилот дар соҳаи маориф амалӣ мегардад;
  • омӯзиш ва истифодаи технологияи компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ боиси инкишофи тафаккури техникӣ табии хонандагони муассисаҳои таълимӣ мегардад;
  • низоми мониторинг ва дурнамои инкишофи соҳаи таҳсилот таъмин карда мешавад,

 

  1. Иҷрои марҳилаи сеюми компютеркунонии

муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

 

  • Иҷрои марҳилаи сеюми компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар давоми панҷ сол имкониятҳои зеринро ба амал меорад:
  • системаи муосири технологияи иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва марказҳои технологияи иттилоотии назди Вазорати маориф, раёсат ва шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷорӣ карда мешавад.
  • истифодаи компютерҳо дар таълими фанҳо ва ба воситаи он баланд бардоштани сифати таълим ба роҳ монда мешавад;
  • компютерҳои корношоями муассисаҳои таълимӣ саривақт таъмир карда мешаванд;
  • системаи ягонаи коммуникатсионӣ (пайваст ба интернет) байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, раёсату шӯъбаҳои маориф ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад;
  • шабакаи компютерии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад;
  • сабти электронии китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, филмҳои таълимӣ дар дискҳо таъмин карда мешавад;
  • тайёр кардани мутахассисони соҳа дар кишварҳои хориҷи дуру наздик тақозои замон мегардад;
  • дар марказҳои таъсисшуда, курсҳои доимоамалкунанда барои омӯзгорони фанҳои мухталиф ташкил карда мешавад;
  • иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ таъмин мегардад;
  • миқдори компютерҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо таносуби 1 компютер ба 15 нафар хонанда расонида мешавад;
  • марказҳои иттилоотии захираҳои таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ташкил карда мешавад;
  • низоми муайяни дастгирии методии омӯзгорон, бозомӯзию такмили ихтисоси омӯзгорон, ҳайати муҳандисӣ ва техникӣ дар соҳаи технологияи муосири иттилоотию компютерӣ ташкил карда мешавад.

 

9.Таъминот ва эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

бо техникаи компютерӣ то соли 2011

 

Вилоятҳо, шаҳру нохияхои тобеи ҷумҳурӣ Шумораи

мактабҳои асосӣ ва миёна

Шумораи

хонандагони синфи 7-11

Шумораи компютерҳо Шумораи синфҳои компютерӣ Шумораи хонандагон ба як компютер Эҳтиёҷот ба компютер
ВМКБ
Дарвоз 33 2426 206 20 12 97
Ванҷ 36 3014 221 30 13 106
Рӯшон 34 2435 208 32 12 99
Шуғнон 42 2945 267 38 11 109
Роштқалъа 33 1902 188 26 10 93
Ишкошим 36 2910 212 24 13 97
Мурғоб 12 1090 97 7 11 35
Хоруғ 14 2410 158 15 12 82
Ҷамъ 241 19132 1662 192 12 718
Вилояти Суғд
Исфара 82 20955 970 88 22 130
Қайроққум 16 3313 211  19 16 5
Конибодом 54 15947 631 62 25 120
Хуҷанд 46 14136 753 58 19 65
Истаравшан 68 18827 776 70 25 102
Панҷакент 137 21983 851 97 26 80
Чкаловск 9 2799 138 8 20 8
Табошар 6 933 75 7 12 7
Айнӣ 66 7158 386 62 19 27
Ашт 70 12612 545 66 23 58
Ғончӣ 63 12407 572 65 22 62
Зафаробод 26 5129 247 24 21 22
 Мастчоҳ 43 8119 408  43 20 47
Спитамен 32 9606 388 35 26 48
Ҷаббор Расулов 41 9932 453 39 22 61
Бобоҷон Ғафуров 91 24584 1238 88 20 42
Шаҳристон 20 3577 204 19 18 8
Кӯҳистони Мастчоҳ 30 2135 168 22 13 9
Ҷамъ 901 194152 9014 872 22 901
Вилояти Хатлон
Кӯлоб 53 18348 672 40 27 245
Восеъ  61 15686 472 32 33 312
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 42 12451 466 40 26 156
Фархор  52 14843 510 52 29 256
Данғара 59 11913 529 37 22 27
Шӯрообод 40 5097 274 34 18 10
Темурмалик 40 5788 286 34 20 10
Мӯъминобод 47 7852 335 18 23 79
Ховалинг 27 4281 208 16 20 15
Балҷувон 24 2570 191 24 13 10
Қӯрғонтеппа 15 7940 340 14 23 47
Вахш 55 12648 388 52 32 244
Бохтар 59 18210 545 34 33 365
Ҷалолиддини Румӣ 59 15733 425 46 37 361
Қумсангир 43 9538 369 18 26 108
Панҷ 40 9638 406 40 23 76
Ҷиликул 38 8478 404 30 21 20
Қубодиён 62 15569 449 50 35 329
Шаҳритус 45 10824 353 41  30 188
Хуросон 48 8277 452 31 18 10
Абдураҳмони Ҷомӣ 53 11973 517 36 23 81
Ёвон 70 17495 558 52 31 316
Носири Хусрав 19 3587 220 20 16 10
Сарбанд 14 4125 188 19 21 18
Норак 23 4656 246 21 18 10
Ҷамъ 1088 257520 9803 831 26 3329
 Шаҳри Душанбе
Сино 48 27060 888 66 30 462
Фирдавсӣ 27 15890 436 28 36 344
Шоҳмансур 22 11973 521 27 23 70
Исмоили Сомонӣ 25

 

9563 375 31 26 95
Раёсати

маорифи ш.

Душанбе

 1  150 148 6 13 5
Ҷамъ 123 64636 2368 158 27 976
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ваҳдат 110 22456 620 103 36 512
Тоҷикобод 25 4090 200 20 20 15
Варзоб 54 4819 225 50 22 245
Тавилдара 28 1886 160 16 12 40
Рӯдакӣ 136 25724 803 124 32 483
Файзобод 46 7823 380 43 21 95
Рашт 74 8556 460 73 18 25
Нуробод 51 5824 295 45 22 20
Роғун 20 3402 173 19 19 127
Турсунзода 88 23714 788 70 30 398
Шаҳринав 40 8692 322 40 27 113
Ҷиргатол 41 5516 260 41 21 15
Ҳисор 111 19511 675 104 29 301
Ҷамъ 824 142013 5361 748 59 2389
Ҷамъ дар ҷумҳурӣ 3176 677453 28208 2801 24 9138

 

  1. Таъминот ва эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ доир ба пайвастшавӣ ба Интернет то соли 2011

 

Вилоятҳо, шаҳру нохияхои тобеи ҷумҳурӣ Шумораи

мактабҳои асосӣ ва миёна

Шумораи

хонандагони синфи 7-11

Нуқтаҳои Интернет Эҳтиёҷот ба Интернет
ВМКБ
Дарвоз 33 2426 37
Ванҷ 36 3014 38
Рӯшон 34 2435 37
Шуғнон 42 2945 45
Роштқалъа 33 1902 36
Ишкошим 36 2910 39
Мурғоб 12 1090 15
Хоруғ 14 2410 1 16
Ҷамъ 241 19132 1 263
Вилояти Суғд
Исфара 82 20955 4 80
Қайроққум 16 3313 1 18
Конибодом 54 15947 8 50
Хуҷанд 46 14136 11 49
Истаравшан 68 18827 2 69
Панҷакент 137 21983 4 136
Чкаловск 9 2799 1 11
Табошар 6 933 9
Айнӣ 66 7158 1 68
Ашт 70 12624 2 71
Ғончӣ 63 12407 68
Зафаробод 26 5129 28
 Мастчоҳ 43 8119 2 44
Спитамен 32 9606 1 34
Ҷаббор Расулов 41 9932 1 43
Бобоҷон Ғафуров 91 24584 4 90
Шаҳристон 20 3577 23
Кӯҳистони Мастчоҳ 30 2135 33
Ҷамъ 901 194152 42 924
Вилояти Хатлон
Кӯлоб 53 18348 5 51
Восеъ  61 15686 1 63
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 42 12451 45
Фархор  52 14843 55
Данғара 59 11913 62
Шӯрообод 40 5097 43
Темурмалик 40 5788 43
Мӯъминобод 47 7852 50
Ховалинг 27 4281 1 29
Балҷувон 24 2570 27
Қӯрғонтеппа 15 7940 15 3
Вахш 55 12648 1 57
Бохтар 59 18210 1 61
Ҷалолиддини Румӣ 59 15733 62
Қумсангир 43 9538 1 45
Панҷ 40 9638 43
Ҷиликул 38 8478 41
Қубодиён 62 15569 65
Шаҳритус 45 10824  48
Хуросон 48 8277 51
Абдураҳмони Ҷомӣ 53 11973 1 55
Ёвон 70 17495 73
Носири

Хусрав

19 3587 22
Сарбанд 14 4125 1 16
Норак 23 4656 5 22
Ҷамъ 1088 257520 32 1132
Шаҳри Душанбе
Сино 48 27060 36 15
Фирдавсӣ 27 15890 18 12
Шоҳмансур 22 11973 16 9
Исмоили Сомонӣ 25 9563 15 13
Раёсати маорифи ш. Душанбе  1 150 5 1
Ҷамъ 123 64636 90 50
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ваҳдат 110 22456 1 112
Тоҷикобод 25 2090 28
Варзоб 54 4819 1 57
Тавилдара 28 1886 31
Рӯдакӣ 136 25724 1 139
Файзобод 46 7823 49
Рашт 74 8556 77
Нуробод 51 5824 54
Роғун 20 3402 23
Турсунзода 88 23714 1 91
Шаҳринав 40 8692 1 43
Ҷиргатол 41 5516 44
Ҳисор 111 19511 1 111
Ҷамъ 824 142013 6 859
Ҷамъ дар ҷумҳурӣ 3176 677453 171 3228

                                                                     

 

 

  1. Чорабиниҳо

оид ба амалӣ намудани Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2015

 

Вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Эҳтиёҷоти синфҳои компютерӣ бо компютер дар солҳои 2011-2015 Таъмини компютерҳо дар давоми солҳо Ташкили синфхонаҳои компютерӣ дар давоми солҳо
2011 2012 2013 2014 2015 2011 2012 2013 2014 2015
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Дарвоз 10 10 2 2 2 2 4
Ванҷ 10 10 2 2 2 2 2
Рӯшон 10 10 2 2 2 2 4
Шуғнон 10 10 2 2 3 3 4
Роштқалъа 10 10 2 2 3 3 4
Ишкошим 10 10 2 2 3 3 4
Мурғоб 10 10 2 2 2 2 2
Хоруғ 10 10 1 2 2 2 2
Ҷамъ 80  80 15 16 19 19 26
Вилояти Суғд
Исфара 578 38 135 135 135 135 2 3 3 4 4
Қайроққум 26 6 20 2 2 2 3 3
Конибодом 470 70 100 100 100 100 3 4 5 5 5
Хуҷанд 232 48 46 46 46 46 3 4 5 5 6
Истаравшан 1006 106 225 225 225 225 2 2 3 4 4
Панҷакент 811 111 175 175 175 175 3 3 3 4 4
Чкаловск 105 15 20 25 45 1 1 2 2 2
Табошар 10 5 5 1 1 2 2 2
Айнӣ 10 10 1 2 2 2 3
Ашт 360 32 82 82 82 82 1 2 2 3 3
Ғончӣ 477 77 100 100 100 100 1 2 2 2 4
Зафаробод 152 24 32 32 32 32 2 2 2 2 3
 Мастчоҳ 280 28 63 63 63 63 1 1 1 2 2
Спитамен 342 42 75 75 75 75 2 2 3 3 4
Ҷаббор Расулов 284 40 61 61 61 61 2 2 2 2 3
Бобоҷон Ғафуров 668 68 150 150 150 150 3 3 3 4 5
Шаҳристон 67 7 15 15 15 15 1 1 2 2 3
Кӯҳистони Мастчоҳ 28 8 20 3 3 3 3 4
Ҷамъ 5906 735 1324 1284 1304 1259 34 40 47 54 64
Вилояти Хатлон
Кӯлоб 800 100 175 175 175 175 2 2 3 4 4
Восеъ 880 180 175 175 175 175 3 4 4 4 4
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 492 92 100 100 100 100 2 2 2 2 3
Фархор 548 48 125 125 125 125 1 2 2 2 2
Данғара 504 56 112 112 112 112 1 1 1 2 2
Шӯрообод 144 24 30 30 30 30 1 2 2 2 3
Темурмалик 183 35 37 37 37 37 2 2 2 3 3
Мӯъминобод 310 38 68 68 68 68 4 4 4 4 4
Ховалинг 188 28 40 40 40 40 2 2 2 2 3
Балҷувон 43 13 30 1 1 2 2 3
Қӯрғонтеппа 325 25 75 75 75 75 2 2 2 2 2
Вахш 825 65 190 190 190 190 2 2 2 3 4
Бохтар 1072 72 250 250 250 250 2 3 3 3 4
Ҷ.Румӣ 852 52 200 200 200 200 2 2 2 3 4
Қумсангир 532 52 120 120 120 120 4 4 4 4 4
Панҷ 352 52 75 75 75 75 1 2 2 2 2
Ҷиликул 365 65 75 75 75 75 2 2 3 3 3
Қубодиён 745 45 175 175 175 175 2 2 3 3 3
Шаҳритус 484 84 100 100 100 100 1 1 2 2 2
Хуросон 278 50 57 57 57 57 2 2 3 3 4
Абдураҳмони Ҷомӣ 746 78 167 167 167 167 2 2 2 3 4
Ёвон 915 115 200 200 200 200 2 2 2 3 4
Носири Хусрав 26 6 20 1 1 2 2 2
Сарбанд 178 35 35 35 35 38 1 1 1 1 2
Норак 155 27 32 32 32 32 1 1 2 2 3
Ҷамъ: 11942 1437 2663 2613 2613 2616 46 52 59 65 97
 

 

Шаҳри Душанбе

Сино 1518 118 350 350 35 350 5 5 6 6 6
Фирдавсӣ 1066 66 250 250 250 250 5 5 5 5 5
Шоҳмансур 514 34 120 120 120 120 3 3 4 4 4
Исмоили Сомонӣ 426 38 97 97 97 97 3 3 4 4 4
Раёсати маорифи ш. Душанбе 10 10 2 2 2 2 2
Ҷамъ 3534 256 827 817 817 817 18 18 21 21 21
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ваҳдат 1485 85 350 350 350 350 5 5 5 5 10
Тоҷикобод 100 20 20 20 20 20 1 1 1 1 2
Варзоб 237 37 50 50 50 50 5 4 4 4 6
Тавилдара 10 10 3 3 3 3 4
Рӯдакӣ 2003 400 400 400 400 403 5 5 5 5 5
Файзобод 265 65 50 50 50 50 3 3 3 3 4
Рашт 292 44 62 62 62 62
Нуробод 224 24 50 50 50 50 3 3 3 3 4
Роғун 132 24 27 27 27 27 1 1 1 2 2
Турсунзода 1140 140 250 250 250 250 8 5 5 5 5
Шаҳринав 381 81 75 75 75 75 4 4 4 4 5
Ҷирғатол 235 35 50 50 50 50 1 1 1 2 2
Ҳисор 1237 137 275 275 275 275 2 2 2 2 3
Ҷамъ 7741 1102 1659 1659 1659 1662 41 37 37 39 52
Ҷамъ дар ҷумҳурӣ 29203 3530 6553 6373 6393 6354 154 163 183 198 260

 


  1. Чорабиниҳо

оид ба пайвастшавӣ ба шабакаи ИНТЕРНЕТ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2015

 

Вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Эҳтиёҷоти синфҳои компютерӣ бо компютер дар солҳои 2011-2015 Пайвастшавӣ ба шабакаи ИНТЕРНЕТ дар давоми солҳо
2011 2012 2013 2014 2015
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Дарвоз 10 6 6 6 6 10
Ванҷ 10 6 6 6 7 12
Рӯшон 10 5 5 5 7 13
Шуғнон 10 7 7 8 9 12
Роштқалъа 10 7 7 7 7 6
Ишкошим 10 7 7 7 7 9
Мурғоб 10 3 3 3 2 2
Хоруғ 10 3 3 3 3 2
Ҷамъ 80  44  44  45  48  66
Вилояти Суғд
Исфара 578 16 16 16 16 16
Қайроққум 26 3 3 3 4 5
Конибодом 470 10 10 10 10 10
Хуҷанд 232 9 9 9 10 12
Истаравшан 1006 13 13 13 14 16
Панҷакент 811 27 27 27 27 28
Чкаловск 105 2 2 2 2 3
Табошар 10 2 2 2 2 3
Айнӣ 10 13 13 13 13 16
Ашт 360 14 14 14 14 15
Ғончӣ 477 13 13 13 13 16
Зафаробод 152 5 5 5 6 7
 Мастчоҳ 280 8 8 8 8 12
Спитамен 342 6 6 6 7 9
Ҷаббор Расулов 284 8 8 8 8 11
Бобоҷон Ғафуров 668 18 18 18 18 18
Шаҳристон 67 4 4 4 4 5
Кӯҳистони Мастчоҳ 28 6 6 6 7 8
Ҷамъ 5906 177 177 177 183 210
Вилояти Хатлон
Кӯлоб 800 10 10 10 10 11
Восеъ 880 12 12 12 12 15
Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 492 9 9 9 9 9
Фархор 548 11 11 11 11 11
Данғара 504 12 12 12 12 14
Шӯрообод 144 8 8 8 8 11
Темурмалик 183 8 8 8 8 11
Мӯъминобод 310 10 10 10 10 10
Ховалинг 188 5 5 5 5 9
Балҷувон 43 5 5 5 5 7
Қӯрғонтеппа 325 1 1 1 1 1
Вахш 825 11 11 11 11 7
Бохтар 1072 12 12 12 12 13
Колхозобод 852 12 12 12 12 14
Қумсангир 532 9 9 9 9 9
Панҷ 352 8 8 8 8 11
Ҷиликул 365 8 8 8 8 11
Қубодиён 745 13 13 13 13 13
Шаҳритус 484 9 9 9 9 12
Хуросон 278 10 10 10 10 11
Абдураҳмони Ҷомӣ 746 11 11 11 11 11
Ёвон 915 14 14 14 14 17
Носири Хусрав 26 4 4 4 4 6
Сарбанд 178 3 3 3 3 4
Норак 155 4 4 4 4 6
Ҷамъ 11942 219 219 219 219 254
Шаҳри

Душанбе

Сино 1518 3 3 3 3 3
Фирдавсӣ 1066 2 2 3 3 2
Шоҳмансур 514 1 2 2 2 2
Исмоили Сомонӣ 426 2 2 2 3 4
Раёсати маорифи ш.

Душанбе

10 1 1 1 1 1
Ҷамъ 3534 9 10 11 12 12
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ваҳдат 1485 22 22 22 22 24
Тоҷикобод 100 5 5 5 5 8
Варзоб 237 11 11 11 11 13
Тавилдара 10 6 6 6 6 7
Рӯдакӣ 2003 27 27 27 27 31
Файзобод 265 9 9 9 9 13
Рашт 292 15 15 15 15 17
Нуробод 224 10 10 10 10 14
Роғун 132 4 4 4 4 5
Турсунзода 1140 18 18 18 18 19
Шаҳринав 381 8 8 8 8 11
Ҷирғатол 235 8 8 8 8 12
Ҳисор 1237 22 22 22 22 23
Ҷамъ 7741 165 165 165 165 165
Ҷамъ дар ҷумҳурӣ 29203 614 615 617 627 739

 

 

 

  1. Чорабиниҳо

оид ба ташкили марказ ва бахшҳои хизматрасонӣ дар назди шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2015

 

Вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Эҳтиёҷоти марказҳои иттилоотии захираҳои таҳсилот дар солҳои 2011-2015 Ташкили марказ ва бахшҳои хизматрасонӣ дар назди шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо

давоми солҳо

2011 2012 2013 2014 2015
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Дарвоз 1 1
Ванҷ 1 1
Рӯшон 1 1
Шуғнон 1 1
Роштқалъа 1 1
Ишкошим 1 1
Мурғоб 1 1
Хоруғ 1 1
Ҷамъ 8 8
Вилояти Суғд
Исфара
Қайроққум
Конибодом
Хуҷанд
Истаравшан
Панҷакент 1 1
Чкаловск
Табошар
Айнӣ
Ашт
Ғончӣ
Зафаробод
 Мастчоҳ
Спитамен
Ҷаббор Расулов
Бобоҷон Ғафуров
Шаҳристон
Кӯҳистони Мастчоҳ 1 1
Ҷамъ 2 2
Вилояти Хатлон
Кӯлоб 1 1
Восеъ 1 1
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 1 1
Фархор 1 1
Данғара 1 1
Шӯрообод 1 1
Темурмалик 1 1
Мӯъминобод 1 1
Ховалинг 1 1
Балҷувон 1 1
Қӯрғонтеппа 1 1
Вахш 1 1
Бохтар 1 1
Колхозобод 1 1
Қумсангир 1 1
Панҷ 1 1
Ҷиликул 1 1
Қубодиён 1 1
Шаҳритус 1 1
Хуросон 1 1
Абдураҳмони Ҷомӣ 1 1
Ёвон 1 1
Носири Хусрав 1 1
Сарбанд 1 1
Норак 1 1
Ҷамъ 25 25
Шаҳри Душанбе
Сино
Фирдавсӣ
Шоҳмансур
Исмоили Сомонӣ
Раёсати маорифи ш. Душанбе
Ҷамъ
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ваҳдат 1 1
Тоҷикобод 1 1
Варзоб 1 1
Тавилдара 1 1
Рӯдакӣ 1 1
Файзобод
Рашт
Нуробод 1 1
Роғун 1 1
Турсунзода
Шаҳринав
Ҷирғатол
Ҳисор
Ҷамъ 7 7
Ҷамъ дар ҷумҳурӣ 42 42

 

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: