Дастури одоби салом дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ

 

Дастури

одоби салом дар муассисаҳои таҳсилоти

миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ

 

Муқаддима

 

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири баланд бардоштани одоби муоширати хонандагон ва эҳёи суннати волои гузаштагон дар доираи анъанаҳои миллӣ дастури мазкурро таҳия намудааст. Ин дастур дар роҳи баланд гардидани маърифати муоширати ҳар як хонанда нақши бузургро мебозад.

Дар муассисаи таълимӣ наврасон ва навҷавонон баробари ба даст овардани маълумот, бояд дорои одоби баланд, ахлоқи ҳамида бошанд.

Муҳаббату самимияти худро ба инсони дигар зоҳир намудан бо салом додан ифода мегардад, ки он бояд орӣ аз ҳама гуна кибру ғурур ва дағаливу худнамоӣ бошад. Ҳар ду ҷониби мулоқоткунанда, ки вохӯрии онҳо бо салом оғоз мегардад, рукнҳои одоби саломро бояд риоя намоянд. Салом гуфтан ва риояи фазилатҳои салом барои хонандагон ҳатмӣ буда, он яке аз рукнҳои олитарини башарият ҳисоб меёбад. Бинобар ин, хонандагон дар ҳама ҳолат барои салом гуфтан ва риоя намудани рукни аввали муошират бояд кӯшиш намоянд.

Дар ин синну сол тарбия намудани кӯдакон ва омӯхтани амалҳои нек ба онҳо барои дар оянда пайравӣ намудан ва идома додани хислатҳои нек замина фароҳам меорад. Яке аз ин рукнҳои одоби салом гуфтан ва риояи меъёрҳои миллии он мебошад. Омӯзгорон, устоҳои таълимӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ибтидоӣ, асосӣ, миёнаи умумӣ, касбию ибтидоӣ вазифадоранд, ки ба хонандагон тарзи салом додан ва муошират намуданро омӯхта, иҷрои онро талаб намоянд. Ба муносибатҳои байни одамон, устодону омӯзгорон тавассути дарсҳои тарбиявӣ, машғулиятҳои беруназмактабӣ ва беруназсинфӣ бо истифода аз адабиётҳо бо хонандагон кор мебаранд.

Дар ҳамин замина Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди иҷро қарор гирифтааст. Дар доираи ин ҳуҷҷати муҳим дастуруламал ва дастурҳои тарбиявӣ ба тасвиб расида, ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон, ки ояндасози ҷомеа мебошанд, чораҳои ҳатмӣ андешида мешавад. Ҳамчунин дар ҳамин асос Дастури одоби салом таҳия шуда, барои истифода ба муассисаҳои таълимӣ фиристода мешавад.

Бо назардошти синну сол ва ҳолати равонию маънавии кӯдкону наврасон чунин тарзи салом дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ тавсия карда мешавад.

Барои кӯдакони боғча ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чунин тарзи салом пешниҳод мешавад:

Барои ин зинаҳои таҳсилот ҳангоми муошират ва вохӯрӣ ифодаи мафҳуми «салом» пешниҳод карда мешавад;

Барои хайру хуш кардан баъди ба анҷом расидани дарс тарзи ифодаи «Хайр устоди азиз», «Хайр мураббияи азиз» тавсия дода мешавад;

Ҳангоми аз синф баромадани меҳмонон, комиссия ва ё шахси масъули дигар ифодаи «Хуш омадед» дар ин зинаҳои таҳсилот тавсия дода мешавад;

Дар роҳ ва ё ҷойҳои ҷамъиятӣ ба калонсолон даст пеши бар гирифта «салом» гуфтан тавсия мешавад;

Агар як нафар калонсол бошад метавонад бо овози баланд ва дар сурати якчанд нафар будани калонсолон танҳо даст пеши бар гирифта, бо овози паст «салом» додан тавсия мешавад;

Дар боғча, кӯдакистон, боғча-мактаб ва дигар муассисаҳои таълимии ибтидоӣ хурдсолон ҳангоми ворид шудан ба ин муассисаҳо ба калонсолон, мураббияҳо ва омӯзгорон даст пеши сина гузошта, бо овози бурро ва чеҳраи кушод салом медиҳанд;

Дар хонаи бозӣ, синфхона ба мураббиён ва омӯзгорони худ даст пеши сина гирифта, бо овози паст салом гуфтани кӯдакон тавсия мешавад;

Тарзи баровардани садои «салом» мисли табиати кӯдакон ором, форам ва ширину гуворо бояд бошад. Барои дуруст талаффуз намудани мафҳуми «Салом» падару модар, хоҳару бародар, мураббиву омӯзгорон ва калонсолон бояд ба кӯдакон ёрӣ расонанд.

Ҳангоми ба боғча ташриф овардани меҳмонон ва ё комиссия ва ворид шудани онҳо ба синф ва утоқи бозии кӯдакон ҳама аз ҷой бархоста, бо чеҳраи кушода қомати худро рост намуда, даст пеши бар мегиранд ва бо як овоз нафасро ба дарун кашида бо як овоз «салом» мегӯянд.

Дар вақти салом додан, хандидани кӯдакон, дағалона овоз баровардан, пасу пеш гуфтани салом мумкин нест. Баъд аз салом додан хонандагон бо ишораи мураббӣ хомушона дар ҷояшон менишинанд. Чеҳраи кӯдакон дар вақти сӯҳбат ва ё гуфтугӯ бо омӯзгору мураббӣ ва ё меҳмонони ба синф ва ё утоқи бозии кӯдакон воридгардида бояд кушода бошад, ҳангоми саволу ҷавоб рост истодани онҳо шарт аст.

Ҳангоми гусели меҳмонон бошад гуфтани «Хуш омадед» кифоя мебошад;

Ифодаи ибораи «Хуш омадед» ҳам бояд бо як овози форам ва якхелаи кӯдакон садо диҳад. Ин тарзи хайрухуш бо меҳмононро дар муассисаҳои томактабӣ мураббияҳо омӯхта, падару модарон ҳам иҷрои онро ба кӯдакон меомӯзанд. Баъди анҷоми дарсу машғулият ва аз боғчаву муассисаи таълимӣ берун шудани мураббӣ ва ё омӯзгор «Хайр» гуфтани ҳам мураббиву омӯзгор ва ҳам кӯдакон адаб мебошад.

Вақти аз хоби нисфирӯзӣ хестан низ кӯдакон ба мураббиёни худ салом мегӯянд.

Ин амалро ба кӯдакон мураббиҳо омӯхта, дар хона ҳам баъди аз хоб хестан салом додан ба падару модар ва бародарону хоҳаронро ташвиқ менамоянд.

Дар вақти хондани «Суруди миллӣ» ба устодон ва донишҷӯён дасти ростро пеши сина овардан ва сурудро бо овози баланд,буро ва хушоҳонг хондан тавсия мешавад.

Дар боғчаву кӯдакистон, кӯдакистон-мактаб ва дигар намуди муассисаҳои томактабӣ ва барои ҳамаи кӯдакони то ҳафтсола як тарзи салом «салом» ва ҳангоми хайру хӯш бо мураббӣ ва ё омӯзгор гуфтани «Хайр устоди азиз ва ё хайр мураббии азиз» тавсия дода мешавад.

Ҳангоми дар муассисаи таълимӣ, утоқи бозӣ ва синф будан бо даст вохӯрӣ намудани кӯдакон бо мураббӣ ва ё омӯзгор, оғӯш гирифтану бӯсидан ва ё алоҳида салом гуфтани ҳар як кӯдак ба мураббӣ ва омӯзгор манъ аст.

Навозиш ва меҳрубонона сила намудани сари кӯдакон аз ҷониби мураббияҳо иҷозат дода мешавад.

 

Тарзи салом гуфтан дар муассисаҳои асосӣ

ва миёнаи таҳсилоти умумӣ

 

Хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ давра ба давра боадабтар шуда, рафтор ва гуфтори онҳо хубтар мегардад. Бо назардошти ин бояд хонандагон кӯшиш намоянд, ки дар ҳама ҳолат одоби саломро риоя намоянд.

Барои хонандагони мактабҳои асосӣ ва миёнаи таҳсилоти умумӣ мафҳуми «Ассалом» ҳам дар мактаб ва ҳам ҷойҳои ҷамъиятӣ тавсия дода мешавад.

Ин тарзи байён ҳам барои хонанда ва ҳам барои омӯзгор мувофиқ мебошад. Ғайр аз ин мафҳуми «Ассалом» ифодагари сулҳу осоиш буда, ҳангоми ифодаи он душворӣ намекашанд ва талаффузи он низ хушоянд мебошад.

Барои хайру хуш кардан баъди ба анҷом расидани дарс тарзи ифодаи «Хайр устоди азиз» тавсия дода мешавад;

Ҳангоми аз синф баромадани меҳмонон, комиссия ё шахси масъули дигар ифодаи «Хуш омадед» дар зинаҳои таҳсилот тавсия мешавад.

Пеш аз салом гуфтан иҷрои шартҳои зерин дар синф шарт аст:

Пас аз  ворид гардидан ба синф устод китобу ҷузвдонашро болои миз гузошта, пас аз назорати омодагии хонандагон бо овози нарм ва чеҳраи кушод «Ассалом» мегӯяд. Шогирдон ҳам бо овози маҳин ва чеҳраи кушода ба устод «Ассалом» гуфта, ҷавоби салом мегӯянд. Ҷавоби салом набояд боиси озурдагии устод ва ё шогирдон бошад. Дар вақти салом гуфтан омӯзгор дастҳояшро ба қад рост гирифта, хонандагон дастҳояшонро пеши бар мегиранд. Дар вақти салом додан хандидан, шухӣ намудан, бо дасту сар ишора намудан ва ё аз ҷой нахеста бо якчанд овоз салом гуфтани хонандагон манъ аст.

Низоми салом доданро ба хонандагон омӯзгорон, падару модарон ва бародарону хоҳарон меомӯзанд ва иҷрои онро назорат мебаранд.

Вақти ворид гардидани нозирон, роҳбарияти мактаб ва ё омӯзгорони дигар ба синф бо ишораи устод хонандагон аз ҷой бархоста, даст ба пеши бар гирифта «Ассалом» мегӯянд. Дар сурати аз ҷониби меҳмонон гуфта шудани салом ҳам хонандагон ҷавоби «Ассалом» медиҳанд. Дар ҳар ду мавқеъ ҳам хонандагон бояд одоби салом доданро риоя намоянд.

Дар вақти баромадани меҳмонон ҳама бо як овоз бо ишораи муаллим «Хуш омадед» мегӯянд. Вақти гуфтани мафҳуми мазкур ҳам хонандагон бояд даст пеши бар гирифта, одоби баландро риоя намоянд.

Барои ҳамаи намуди муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ мафҳуми хайрбодии «Хуш омадед» тавсия карда мешавад.

Дар дохили нақлиёт, ҷойҳои ҷамъиятӣ аввал хурдсолон даст пеши бар гирифта, ба калонсолон салом медиҳанд.

Дар сурати банд будани калонсолон ба машғулиятҳо ва сари вақт надодани ҷавоби салом дубора такрор намудани салом ва ё ранҷидан аз калонсолон аз рӯйи одоб нест.

Новобаста аз шинос будан ва ё набудан ба ҳар як нафар шахси калонсол, ки меҳмони хона мешавад, ба мактаб, маҳалла ва кӯчаи назди ҳавлӣ ворид мешавад, бояд «Ассалом» гуянд. Беҳтарин амали неки хонандагон салом додани онҳо мебошад. Барои шарафёб гардидан ба ин амали солеҳ падару модар, омӯзгорон ва ҳар як нафар фарди бомаърифати ҷомеа масъул мебошад.

Ҳусни маърифати кӯдакону калонсолон маҳз салом додан мебошад ва аз ин маърифати баланди инсонӣ ҳар як фард бояд бархурдор гардад.

Дар вақти хондани «Суруди миллӣ» ба устодон ва донишҷӯён дасти ростро пеши сина овардан ва сурудро бо овози баланд,буро ва хушоҳонг хондан тавсия мешавад.

 

Гуфтани салом барои хонандагон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ:

Дар кӯчаву хиёбон ҳангоми аз мактаб ба хона рафтан, ҳавлии мактаб, ҷойҳои ҷамъиятӣ хонанда даст пеши бар гирифта «Ассалом» мегӯяд. Агар калонсолон пештар салом гӯянд, ҷавоби салом додан ва эҳтиромона даст пеши бар гирифтани хонандагон шарт аст;

Дар роҳрав, толори варзишӣ, майдонча ва дохили бинои мактаб аввал хонанда бояд ба омӯзгор ва ё шахси калонсол салом гӯяд. Даст пеши бар гирифтан ва бо чеҳраи кушода салом гуфтан шарт аст;

Дар синф, толори маҷлисгоҳ ва ё ошхонаи мактабӣ аввал шогирдон салом гуфта, устод ҷавоби салом мегуяд. Дар ин ҳолат ҳам одоби салом ва ё ҷавоб додани салом аз ҷониби хонандагон бояд риоя гардад.

 

 

Тарзи салом дар муассисаҳои

таҳсилоти ибтидоии касбӣ

 

Дар ин зинаи таҳсилот, ҳам чун зинаи таҳсилоти умумӣ даст пеши бар гирифтан ва бо чеҳраи кушода гуфтани «Ассалом» аз ҷониби шогирдон ва ҷавоб додани «Ассалом» барои устод тавсия дода мешавад.

Дар охири дарс ба ҷавоби «Хайр» гуфтани устод шогирдон дастонашонро ба қадашон рост намуда, боодобона «Хайр устоди азиз» мегӯянд. Чунин шакли ҷамъбасти дарс барои ҳамаи намуди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ тавсия мешавад.

Дар вақти хондани «Суруди миллӣ» ба устодон ва донишҷӯён дасти ростро пеши сина овардан ва сурудро бо овози баланд, буро ва хушоҳонг хондан тавсия мешавад.

Барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба хонандагон ҳангоми салом гуфтан тавсия дода мешавад:

  • дар роҳрав, майдончаи мактаб дар кӯча ва гузаргоҳҳо шогирдон ба устодон ва калонсолон «Ассалом» мегӯянд;
  • танҳо пас аз даст дароз намудани калонсолон барои вохӯрӣ хурдсолон бояд даст дароз намоянд;
  • бо калонсолону аз худ хурдтарҳо низ салом диҳанд;
  • дар вақти салом додан боэҳтиром ва табъи болида вохӯрӣ менамоянд;
  • бо калонсолон даст пеши бар гирифта, бо тавозӯъ «Ассалом» гӯянд;
  • ҳангоми машғул будан ба коре ва ё нишаста бошанд, аз ҷой хеста салом диҳанд;
  • духтарон ҳангоми салом додан бо калонсолон аз ҷой хеста, нимтаъзим намуда салом медиҳанд;
  • бо ҳамсинфон ва аз худ хурдсолон даст дароз намуда, салом намудан тавсия дода мешавад;
  • дар сурати муддати мадид вонахӯрдан ва ё аз таътил баргаштан, шогирдон метавонанд бо ҳамдигар оғӯш гирифта салом кунанд;
  • писарон якдигарро ба оғӯш гирифта, ва ё дасти ҳамдигарро мефишоранд;
  • духтарон якдигарро оғуш гирифта аз пешонии ҳамдигар мебӯсанд;
  • ба ҳар як шиносу ношинос салом додан одоб аст;
  • ба хурдсолон салом додан фазилати неки инсонӣ буда, риояи ҳатмии он тавсия дода мешавад;

Дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба хонандагон чунин тарзи салом тавсия дода намешавад:

  • нишаста салом додан;
  • бо хотири парешон ва бепарвоёна салом гуфтан;
  • бо падару модар дағалона ҷавоб гуфтани салом;
  • бӯсидани писарон ҳамдигарро;
  • аз лабу даҳон бӯса намудани духтарон ҳамдигарро ва ё писарон ҳамдигарро;
  • ба саломи аз худ хурдсолон ҷавоб нагуфтан;
  • оғӯш гирифта вохӯрӣ намудани устодон бо шогирдон ва ё сила намудани сари духтарон аз ҷониби омӯзгорон;
  • дароз кашида ва ё бо даҳони пур аз нос ва ё хӯрок салом гуфтан;

 

 

 

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: