Дастури тартиби гузаронидани машваратҳои августӣ ва маҷлисҳои васеи кормандони соҳаи маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

                                  Бо фармоиши  Вазири

                                   маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                    аз 04.07. 2011, № 1482

                                        тасдиқ карда шудааст.

 

 

Дастури

тартиби гузаронидани машваратҳои августӣ  ва маҷлисҳои васеи кормандони соҳаи маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

 

Муқаррароти умумӣ

 

Дастури мазкур дар асоси банди 49-и Низомномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, минбаъд тартиби гузаронидани машваратҳои августӣ  ва маҷлисҳои васеи кормандони соҳаи маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро ба танзим  медарорад.

Машваратҳои августӣ шакли  самараноки омӯзиш, ҷамъбаст ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадам, дастовардҳои илми педагогӣ, истифодаи технологияи муосири таълим, тарғиби эҷодкорӣ, воқиф намудани омӯзгорон аз тағйиру иловаҳои нақшаву барномаҳои таълимӣ, муайянкунии роҳҳои самарабахши баланд бардоштани сатҳ ва сифати таҳсилот, шинос намудани омӯзгорон бо фармоишҳои Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои методии таҳиянамудаи  Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Точикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ  ва навгониҳои соҳа ба шумор меравад.

Машваратҳои августӣ ҳамасола дар нимаи дуюми моҳи август гузаронида мешавад. Мавзӯъҳои намунавии машваратҳои августӣ на дертар аз моҳи апрел дар матбуоти соҳавӣ нашр карда мешавад.

Мӯҳлати баргузории машваратҳои августӣ ва лахзаҳои ташкилии он бо фармоиши сардорони Раёсат, мудирони шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муайян карда мешавад.

 

Мақсади гузаронидани машварати августӣ

 

Машваратҳои августӣ дар такмили маҳорати касбии омӯзгорон, мураббиён, роҳбарони синфҳо, китобдорон, директорону муовинони директорони муассисаҳои таълимӣ ва рушди раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзиш, тарғиб ва истифодаи таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ, дастовардҳои эҷодии  омӯзгорон, новобаста аз собиқаи корӣ нақши муҳим мебозад. Машваратҳои августӣ яке аз навъҳои оммавӣ ва самарабахши омӯзиш, ҷамъбасти фаъолияти солона, такмилдиҳии маҳорати методию касбии омӯзгорон ва ташаккули ташаббуснокиву эҷодкории онҳо мебошад.

 

Вазифаҳои машварати августӣ

 

Вазифаҳои машварати августӣ аз инҳо иборат мебошанд:

  • муайянкунӣ, ҷамъбасту тарғиб, татбиқи оммавии таҷрибаи пешқадами кормандон ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ;
  • мусоидатнамоӣ дар такмили илмӣ, методӣ ва маҳорати касбии омӯзгорон, роҳбарони синфҳо, китобдорон, директорону муовинони директорони муассисаҳои таълимӣ, ташаккули ташаббуси эҷодӣ ва завқи касбии  онҳо;
  • ҷалби омӯзгорон ба коркарди илмӣ-методии масъалаҳои муҳими таҳсилот ва ширкати онҳо дар озмоишҳои педагогӣ.

 

 Мӯҳлати гузаронидани  машваратҳои августӣ

 

Мӯҳлат ва вақти гузаронидани машваратҳои августӣ  дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе тариқи ҷадвали пешниҳоднамудаи  шӯъбаҳои маориф сардорони Раёсат муқаррар менамоянд.

Барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мӯҳлат ва вақти гузаронидани машваратҳои августиро мудирони шӯъбаҳои маориф муайян менамоянд.

Сардорони Раёсати маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадоронд, ки  ҷадвали гузаронидани машваратҳои августиро ҳар сол то 15-уми  август барои маълумот ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи онро ба Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ  пешниҳод намоянд.

Барномаи машваратҳои августӣ чун ҷамъбасти корҳои эҷодии кормандон дар фазои тантанавӣ тавре  гузаронида мешавад, ки имконияти ҳамаҷонибаи муҳокимаи маърӯзаҳоро дошта бошанд.

Машваратҳои августӣ ҳамасола  дар давоми 5 рӯз  гузаронида мешавад.

Рӯзи аввали машварат. Дар рӯзи авали машварат омӯзгорони ҳамаи фанҳои таълимӣ, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, китобдорон, роҳбарони созмонҳои талабагӣ, сармуҳосибон,  роҳбарони омодагии дифои ҳарбӣ, директор, ҷонишинони директор оид ба  таълим ва ҷонишини директор оид ба тарбия вобаста ба ихтисос ва фанне, ки аз он дарс мегӯянд,   иштирок менамоянд.

Маҷлиси планерии машваратӣ 40 дақиқа гузаронида мешавад. Дар маросими маҷлиси планерӣ масъулон меҳмононро низ даъват менамоянд. Лоиҳаи қарорҳои машварати августӣ,  рӯзнома ва ҷадвали машварати чоррӯза шарҳ дода мешавад. Макони баргузории машваратҳо тасдиқ мегардад.

Омӯзгорон вобаста ба зинаҳои таҳсилот  чунин тақсим мешаванд.

  1. Зинаи таҳсилоти томактабӣ
  2. Зинаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ
  3. Зинаи таҳсилоти умумии асосӣ
  4. Зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ

Вобаста ба зинаҳои таҳсилот мутахассисони Вазорати маориф, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Точикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва мушовирони  кабинетҳои методии шаҳру ноҳияҳо доир ба усулҳои нави таълим, дастоварду камбудиҳои давраи таҳсили сипаришуда,  вазифаҳо барои соли таҳсили нав,  навгониҳо дар нақшаи таълимӣ, таҳлили иҷрои нақшаи таълимӣ, рафти азхудкунии фанҳои таълимӣ, мониторинги сатҳу сифати дониши хонандагон аз фанҳои таълимӣ, таблиғи фарҳанги техникӣ, омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ, гуманитарӣ, ҷомеашиносӣ, низоми таълим ва дигар масъалаҳои  муҳими соҳаро баррасӣ мекунанд.

Мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳое, ки теъдоди мактабҳояшон аз 55-60 адад ва шумораи омӯзгоронашон  аз 700 нафар зиёд мебошанд ва имкони дар якҷоягӣ гузаронидани машваратҳои дастурдиҳии августиро надоранд, иҷозат дода мешавад, ки машваратҳои дастурдиҳиро тибқи имкон аввал дар ҷамоатҳо гузаронида, иштироки роҳбарони иттиҳодияҳои методии ҳар фанро ба машваратҳои дастурдиҳии шаҳрӣ ва ё ноҳиявӣ таъмин намоянд.

Дар рӯзи аввали машварат ҳисоботи роҳбари иттиҳодияи методии шаҳрӣ ва ё ноҳиявӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти соли сипаригардида, мушкилоту проблемаҳои мавҷуда, роҳҳои ҳалли онҳо ва  маърӯзаҳои ба машварат  пешниҳодгардида шунида мешавад

Рӯзи дуюми машварат. мушкилоти фардии омӯзгорон вобаста ба фанҳо (таҳияи нақша,  мувофиқати нақша ба барномаҳои таълимӣ, натиҷаи таълим, мақсадгузорӣ, истифодаи бамавриди васоити техникӣ, усулҳои ҳамкорӣ, технологияи муосири таълим ва ғ) тариқи омӯзиш, тренинг, мастер-классҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Дар ин  рӯз натиҷаи  рӯзҳои якум ва дуюми  машварат ҷамъбаст гардида, ба омӯзгорон дастуру тавсияҳо ва маърӯзаҳои беҳтарин барои чоп дар матбуоти даврӣ  пешниҳод карда мешавад.

Дар машварат  ҳамчунин бо мақсади бештар огаҳӣ пайдо намудан ба навигариҳои соҳаи маориф  олимон, муаллифони  барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, намояндагони Вазорати маориф ва муассисаҳои зертобеи Вазорат: Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Точикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди  Вазорати маориф  даъват карда мешавнд. Дар давоми рӯзҳои якум ва дуюми машварат мудири шӯъбаи маорифи шаҳр ва ё ноҳияи марбута аз рафти баргузории машварат дидан намуда, ба дархост ва саволҳои омӯзгорон посух мегӯянд.

Рӯзи сеюми машварат. Дар ин рӯз  машварати директорон, ҷонишинони директор оид ба таълим, ҷонишинони директор оид ба тарбия,  мудирони кӯдакистонҳо, роҳбарони омодагиии дифои ҳарбӣ, роҳбарони Созмонҳои талабагӣ, сармуҳосибони муассисаҳои таълимӣ, китобдорони муассисаҳои таълимӣ ва раисони иттифоқҳои касабаи мактабҳо дар алоҳидагӣ  машғулиятҳои назариявию амалӣ мегузаронанд.

Мутасаддии гузаронидани машварат бо директорон-мудири шӯъбаи маориф, ҷонишинони директор оид ба таълим- мудири кабинети методӣ ва ё ҷонишини мудир, ҷонишинони директор оид ба тарбия- мутахассиси бахши тарбияи кабинети методӣ, мудирони кӯдакистон- мушовири бахши томактабии кабинети методӣ, роҳбарони омодагиии дифои ҳарбӣ -мушовири бахши тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии кабинети методӣ, роҳбарони Созмонҳои  талабагӣ- директори маркази корҳои беруназсинфӣ, сармуҳосибон- сармуҳосиби шӯъбаи маориф, китобдорон- мушовири бахши китоби кабинети методӣ  ва раисони иттифоқҳои касаба -Раиси кумитаи иттифокҳои касабаи кормандони маориф ва илми шӯъбаи маориф   таъин карда мешаванд.

Дар ин рӯз  онҳо  ба натиҷаи ҷамъбасти соли таҳсил, навигариҳои соҳа, тағйиру иловаҳо ба нақшаву барномаҳои таълимӣ, таҷрибаи  пешқадами  ҳамкасбон ва дигар масъалаҳои зарурии соҳа  шинос карда  мешавад. Тибқи пешниҳоди масъули бахш шунидани ду — се  маърӯза  ва гузориш (аз таҷрибаи  пешқадам), ки аз тарафи кормандони  шӯъбаи маориф  омода гардидааст, аз  манфиат холӣ нест.

Рӯзи чоруми машварат. Дар ин рӯз  маҷлиси васеи  омӯзгорони шаҳр ва ё ноҳия бо иштироки васеи кормандони соҳа, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сарпарастон,  воситаҳои ахбори омма, инчунин намояндагони волидайн гузаронида шуда, натиҷаҳои бадастовардаи  соли хониш ҷамъбаст ва вазифаҳо барои соли нав муайян карда мешавад.

Машварат дар маҷлиси васеи ҳуд муроҷиатномаи иштирокчиёни машваратро қабул намуда, чиҳати дастур ва иҷро дастраси муассисаҳои таълимӣ мегардонад.

Пас аз анҷоми машваратҳои августӣ дар муассиса Кумитаи тадорукот бо суратҷаласаи худ маърӯзаҳо ва маводҳои беҳтарини намоишро ба Шӯрои шӯъба барои тасдиқ, ҳавасмандкунӣ ва чоп дар матбуоти даврӣ  пешниҳод мекунад.

Дар охир раисони шаҳру ноҳияҳо ба пешқадамони соҳаи маориф мукофот тақдим менамоянд.

Рӯзи панҷуми машварат.  Дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе  маҷлиси васеи машваратӣ  баргузор мегардад.

Дар ин маҷлис  раисони вилоятҳо (муовинони Раис), Раиси шаҳри Душанбе (муовинон) бо иштироки омӯзгорон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва дигар ташкилотҳои даъватшуда иштирок менамоянд. Роҳбари вилоят,  шаҳр ва ноҳия аз муваффақият ва дастовардҳо сухан гуфта, вазифаҳоро  барои соли нави таҳсил муайян менамоянд. Маҷлис аз рӯйӣ сенарияи қаблан тасдиқгардида сурат мегирад. Дар ин рӯз ба беҳтарин омӯзгорон мукофотҳо супорида мешавад.

Масъулони Раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо метавананд дар ин рӯз  намоиши дастовардҳои худро пешниҳод намоянд.

 

Иштирокдорони машварати августӣ

 

Дар машваратҳои августӣ  омӯзгорон, мураббиён, роҳбарони синфҳо, китобдорон, раисони иттифоқҳои касаба, директорон ва муовинони директорони  муассисаҳои таълимӣ иштирок менамоянд.

Дар рӯзи охир намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сарпарастон, воситаҳои ахбори умум, инчунин намояндагони волидайн даъват карда мешаванд. Дар омодагиву гузаронидани машваратҳои августӣ намояндагони Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Точикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, шӯъбаву раёсатҳои маориф  ширкат меварзанд.

 

 

Вазифаҳои иштирокдорон

 

Мудири шӯъбаи маориф дар асоси дастуруламали мазкур оид ба гузаронидани машваратҳои августӣ, ташкили комиссияи тадорукот ва муайян намудани мӯҳлати баргузории онҳо дар асоси фармоиши Раёсати маориф фармоиши худро содир менамояд. Кумитаи тадорукотро мудири шӯъбаи маориф роҳбарӣ карда, ба ҳайати он ҷонишинони мудир, мудири кабинети методӣ, методистон, раиси иттифоқи касаба ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ шомил мегарданд.

Сенария ва нақшаи баргузории машварат дар маҷлиси корӣ дар асоси ин Дастур  таҳия ва тасдиқ мегардад.

Роҳбарони кабинети методӣ ва мушовирон ба муаллифони мақолаҳо на танҳо дар интихоби мавзӯъ, балки муҳимтар дар гузаронидани санҷиши таҷрибавию натиҷаи он, тарзи навиштани маърӯза ва тайёр намудани аёниятҳо ёрӣ мерасонанд.

Мудири кабинети методӣ дар саривақт омодаву ба кабинети методӣ пешниҳод шудани маърӯзаҳо ва бо мушовирони  кабинети методӣ шинос кардани онҳо  вазифадор мебошад. Мудирони  кабинетҳои методӣ маърӯзаҳоро барои баррасӣ ба машварат тавсия  менамоянд.

Мушовирони кабинетҳои методӣ дар давраи омодагӣ ба машваратҳои августӣ миёни омӯзгорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба маърӯзачиён ёрӣ мерасонанд. Ба пешвози машваратҳои августӣ  варақаҳои ахборӣ–тавсиявӣ, маърӯза, овезаву буклетҳо бароварда мешавад.

Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилот ва Маркази ҷумҳуриявии таълимю методӣ дар шакли маърӯза хулосаҳоро  доир ба натиҷаҳои  ҷамъбасти  соли таҳсили сипаришуда омода карда, ба Раёсати маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва  шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо мефиристад.

Дар назди Кумитаи тадорукот вазифаҳои зерин гузошта мешавад:

  • тасдиқи сенария ва барномаҳои машваратҳои августӣ, омода кардани намоиши инъикоскунандаи татбиқи таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ, расонидани ёрии зарурӣ ба муаллифони мақолаҳо, назорати мунтазами рафти омодагӣ ва гузаронидани машваратҳои августӣ;
  • дида баромадан ва интихоби маърӯзаҳои ба машваратҳои августӣ пешниҳодшуда, ташкили тақриз ба онҳо, кор бо муаллифони маърӯзаҳои интихобшуда бо мақсади минбаъд беҳтар гардонидани мазмуни онҳо;
  • тартиб додани мактуби ахборӣ оид ба натиҷаи машваратҳои августӣ, татбиқи таҷрибаи писандидашуда, омодагӣ ва беҳтар гузаронидани машваратҳои августӣ.

Барои раҳнамоии дақиқ ва фаврии машваратҳои августӣ дида баромадани омодагиву баргузории он дар ҷамъомадҳои машваратии Шӯрои методии кабинетҳои методии шӯъбаву раёсатҳои маориф ҳатмӣ мебошад.

 

Ташкил ва гузаронидани машваратҳои августӣ

 

Машваратҳои августӣ дар шаҳру ноҳияҳо  дар муассисаҳои таълимӣ,  қасрҳои фарҳангӣ ва  кабинетҳои методии дорои шароити зарурӣ гузаронида мешаванд. Масъулини кабинетҳои методӣ ба муаллифон ҷиҳати омода намудани маърӯзаю гузоришҳо мусоидат менамоянд. Ташкили намоиши таълимию методӣ, ҷиҳозонидани гӯшаи таҷрибаи пешқадами  муаллифони маърӯза вазифаи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони шӯъбаҳои маориф мебошад.

Дар намоишгоҳ маводҳои дидактикӣ, дастурҳои таълимӣ, асбобҳои аёнӣ, махсули эҷоди хонандагон, намунаҳои нақшаҳои тақвимӣ  ва дарсӣ  гузошта мешавад. Намунаҳои беҳтарини онҳо тариқи матбуоти соҳавӣ барои истифодаи умум тавсия  карда  мешаванд.

Дар нақшаи чорабиниҳо дохил намудани масъалаҳои зерин тавсия карда мешаванд:

  • омодагӣ барои дар Шӯрои шӯъбаи маориф дида баромадани машваратҳои августӣ:
  • ба муассисаҳои таълимӣ расонидани мавзӯъҳои машваратҳои августӣ;
  • таҳияи дастури тавзеҳӣ-методии «Омодагӣ ва гузаронидани машваратҳои августӣ»;
  • муайян кардани вазифаҳои муассиса дар омода кардани маърӯзаҳо мутобиқи мавзӯъ;
  • иштирок дар омодагӣ ва гузаронидани машваратҳои августӣ;
  • таҳияи низоми намоиши таълимӣ- методӣ дар машваратҳои августӣ;
  • дида баромадани маърӯзаҳо, тавсияи онҳо ба машваратҳои августӣ;
  • муқаррар намудани макони баргузории ҷамъомадҳои сексионӣ;
  • таҳия ва ба Кумитаи тадорукот пешниҳод намудани нақшаи баргузории машваратҳои августӣ, нақшаи низоми намоиши таълимӣ- методӣ;
  • интихоби роҳбарони сексияҳо ва муқарризони маърӯзаҳо;
  • нашри барнома, сенария, эълон ва даъватномаи машваратҳои августӣ;
  • даъват намудани олимону собиқадорони соҳа ва муаллифони китобҳои дарсӣ.

 

 

Мавзӯъ ва ҳадафҳои  маърӯзаҳои пешниҳодшаванда

 

Маърӯза дар маҷлисҳои бахшҳои методӣ ва ҷаласаҳои  машваратӣ баррасӣ мегардад. Сохтори намунавии маърӯза чунин тавсия мешавад:

  • қисмати муқаддимавӣ;
  • гузоштан ва асоснок кардани проблемаҳои таълимӣ- методӣ;
  • усулҳои методии мушаххаси муаллиф, хусусиятҳои эҷодӣ ва навоваронаи он;
  • таҳлили амиқи усулҳои истифодашаванда ва таъсири он дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи хонандагон;
  • баёни маводи мушаххаси тасдиқкунандаи самаранокии усулҳои истифодашаванда (натиҷаҳои таҷрибаи педагогӣ, корҳои хаттии хонандагон, маълумотҳои ба болоравии сифати дарсазхудкунии хонандагон далолаткунанда ва ғ);
  • хулосаҳои асосноки илмӣ ва тавсияҳо ба омӯзгорон.

Дар маърӯзаҳо усули кори муассиса, чӣ гуна ба даст омадани натиҷаҳои мусбӣ аз тарафи омӯзгорони навовар  қайд карда мешавад. Дар маърӯзаҳо бояд номгӯйи фаъолияти омӯзгор ва ё муассиса номбар нашуда, хусусияти кори муаллиф ва пажӯҳишҳои эҷодии ӯ  бештар  нишон дода шавад.  Маърӯза  бояд дар баробари ҷанбаҳои мусбии кори муаллиф ё коллективи омӯзгорӣ,  нишон додани роҳ, восита ва усулҳои гуногуни  бартараф кардани монеа-камбудӣ ва мушкилоти кори соҳаро, ки муаллиф дар ҷараёни фаъолият  ба он дучор гардидааст,  фаро гирад.  Дар маърӯза бояд натиҷаи озмоишҳои гузаронидашудаи педагогӣ дар бобати санҷиши самаранокии таҷрибаи пешқадам баён карда шавад. Мувофиқи нақша навиштан, мутобиқати мантиқии фаслҳо, пайдарпайӣ ва давоми бевоситаи якдигар будани афкор, дур нарафтан аз мавзӯъ аз шартҳои асосии сохтори маърӯза ба шумор меравад. Дар маърӯза бояд моҳияти таҷрибаи пешқадами муаллиф, коллективи педагогӣ, раёсат, шӯъба ва кабинети методӣ инъикос ёбад, дар он заминаҳои назариявии таъиноти асосии таҷриба, намунаи мушаххаси тасдиқшуда, натиҷаҳои озмоишҳои тадқиқотӣ, роҳҳои баланд бардоштани таълиму тарбия, усулҳои ҳалли масъалаҳои гузошташуда ҷой дода шавад.

 

Тақризнависӣ ба маърӯзаҳо

 

Яке аз шартҳои муҳими омодагии бомуваффақият  ба машваратҳои августӣ таҳияи маърӯзаҳо ва тақризнависии онҳо мебошад.

Вазифаи тақризнавис аз он иборат аст, ки  муваффақият ва камбудиҳои маърӯзаро шарҳ диҳад.Тақризнависон бояд нисбати муаллифон серталаб  бошанд, маърӯзаҳои пастсифатро барои баррасӣ ба машварат тавсия накарда, ба сифати маърӯза тақризи беғаразона ва воқеӣ  пешниҳод намоянд.

 

 Роҳбарӣ ба машварати августӣ

 

Роҳбарии бевоситаи  гузаронидани машваратҳои августӣ ба зиммаи  сардорони Раёсати маорифи  вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва мудирони шӯъбаи маориф ва ё муовини ӯ  вогузор карда мешавад. Дар самаранок ташкил ва гузаронидани машварат мудири кабинети методӣ масъул буда,  сохторҳои дигари шӯъбаҳои маорифи  шаҳру ноҳияҳо  ҷалб карда мешаванд.

Бо мақсади омодагӣ ва баргузории бомуваффақияти машваратҳои августӣ    кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Точикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ  ва собиқадорони соҳаи маориф ҷалб  мегарданд.

 

Ҷамъбаст, натиҷа ва ҳавасмандгардонӣ

 

Ҷамъбасти машваратҳои августӣ, машварати васеи  кормандони соҳа ба  ҳисоб меравад, ки бо иштироки намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва  дигар  ташкилоту вазоратҳо баргузор мегардад,.

Машварати васеи августӣ  бо барнома ва сенарияи махсус доир карда мешавад. Дар  маҷлиси  васеи августии шаҳру ноҳияҳо  ҳисоботи мудири шӯъбаи маориф ва намояндаи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо нишондоди бурду бохти соҳа дар муддати соли хониши сипарӣ ва вазифаҳо барои соли хониши нав шунида мешавад.

Дар ҷамъбасти маҷлиси  васеи кормандони соҳаи маориф  тавсия ва муроҷиатнома  қабул карда мешавад.

 

 

 

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: