Заминаҳои пайдоиши шабакаҳои компютерӣ

SAMSUNG CAMERA PICTURES

SAMSUNG CAMERA PICTURESОмӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ Рӯзиева Ф. С.
СИНФИ 9 «А»
Мавзӯъ: «Заминаҳои пайдоиши шабакаҳои компютерӣ»
Мақсад: Маълумот додан оиди шабакаҳои компютерӣ ва аҳмияти онҳо
Шинос намудани хонандагон бо монанди ва фарқияти шабакаҳои маҳаллӣ, минтақавӣ, иттиходиявӣва саросарӣ
Такмил додани тарбияи фарҳангӣ ва ѓоявии хонандагон
Намуди дарс: омехта
Макони баргузорӣ: синфхонаи компютерӣ
Ҷиҳозонидани дарс: тахтаи электронӣ, проектори мултимедӣ, барномаи компютерии POWER POINT, варақаҳо, газетаи деворӣ, китоби дарсӣ
РАВИШИ ДАРС:
ҚИСМИ ТАШКИЛӢ
А) Ба ҷо овардани одоби мулоқот ( одоби салом)
Б) Аз назар гузаронидани ҳолати синфхона ва сару либоси хонандагон (тайёрии хонандагон ба дарс)
В) Аз назар гузаронидани давомоти хонандагон ( ҳозир-ѓоиб кардан)
Г) Тақсими варақаҳо
ВАРАҚАИ 1
1. Колонтитул чист?
2. Роҳҳои ба матн ҳамроҳ намудани ҷадвалро гӯед.
3. Дар барномаи Word ҷадвали дарсиатонро тартиб диҳед
ВАРАҚАИ 2
1. Ҷадвал чист?
2. Кадом роҳҳои гузоштани рақами саҳифаро медонед?
3. Дар барномаи Word рӯи рефератро созед.

ВАРАҚАИ 3
1. Кампютерхоро тасниф диҳед.
2. Параметри саҳифаи чопиро чӣ тавр иваз мекунанд?
3. Дар барномаи Word рӯйихати хонандагони синфро аз рӯи алифбо тартиб диҳед

ВАРАҚАИ 4
1. Дар бораи барномаи намоишсоз маълумот диҳед
2. Менюи барномаи аз кадом бандҳо иборат аст?
3. Бо истифода аз ҷадвал тақвими соли 2015-ро тартиб диҳед

ҚИСМИ АСОСӢ
СӮҲБАТИ МУҚАДДИМАВӢ
Пеш аз оне, ки дар бораи мавзӯи нав сухан ронем, мехостам аз Шумо хонандагон пурсам, ки зери мафҳуми “Шабака” чиро мефаҳмед? Оё дар ҳаёт боре ин калимаро шунидаед? Бале дуруст дарк кардед, яъне мо ҳамарӯза ин калимаро мефаҳмем. Зеро ҳамаи мову Шумо дар хона оинаи нилгун (телевизор) дорем, ки дар он аз шабакахои гуногуни телевизиони намоишномаҳо нишон дода мешавад. Имрӯз бошад дар бораи шабака маълумоти амиқ хоҳем гирифт.

БАЁНИ МАВЗӯИ НАВ: Заминаҳои пайдоиши шабакаҳои компютерӣ
Агар ду ваё зиёда компютер бо ҳамдигар боя гон усуле пайваст ( симӣ, мавҷӣ ва ѓайра) шуда, байни ҳамдигар иртибот ( яъне алоқа) барқарор карда тавонанд, он гох мегуянд, ки онҳо дар шабакаи компютерӣ қарор доранд.
Шабакаи компютерӣ воситаи пуриқтидори мубодилаи иттилооти байни компютерҳо мебошад.
Шабакаи компютериро аз рӯи имкониятҳояшон ба 4 гурӯхи калон ҷудо мекунанд:

Маҳаллӣ (локалӣ)
Минтақавӣ ( регионалӣ)
Иттиходиявӣ ( корпоративӣ)
Саросарӣ (глобалӣ)
Шабакаҳои маҳаллӣ одатан барои ташкил намудани робитаи байни компютерҳои як бино ё корхона созмон дода мешаванд.
Агар компютерҳои якчанд корхонаи ягон маҳал бо ҳамдигар робита барқарор намоянд, онгоҳ мегуянд, ки онҳо дар шабакаи минтақавӣ пайвастанд
Шабакаҳои компютерии якчанд муассисаву ташкилот ва корхонаҳоро ки барои ҳифзи иттилооти байни онҳо созмон дода шудааст, шабакаи иттиҳодиявӣ меноманд.
Шабакаҳои саросарӣ робитаи компютерҳои байни шаҳрҳо ва давлатҳо гуногунро барқарор менамоянд.
Барои пайваст кардани компютерҳо бо шабакаҳо пеш аз ҳама ноқилҳо, бандарҳо, модем ва хати телефон хизмат мекунанд
Агар компютерҳои мо бо таҷхизотҳои номбаркардашуда таъмин бошанд ва дар шабака пайваст бошанд, пас барои созмон додани шабакаи маҳаллӣ мо метавонем аз камандаҳои зерин истифода барем:
ПУСК КОМПЮТЕР СЕТЬ
ва аз равзанаи пайдошуда компютери даркориро интихоб намоем.
МУСТАҲКАМКУНӢ:
Ташкили саволу ҷавоб оиди мавзӯъ:
1. Шабака чист?
2. Бо кадом роҳҳо компютерҳоро ба шабака пайвас кардан мумкин аст?
3. Шабакаи маҳаллӣ чист?
4. Шабакаи минтақавӣ чист?
5. Шабаки иттиҳодиявӣ чист?
6. Шабакаи саросарӣ чист?
7. Фарқияти байни шабакаҳо дар чист?
8. Шабакаи Интернет ба кадоме аз шабакаҳо мансуб аст?

ҚИСМИ ХОТИМАВӢ
1. Ҷамъбасти дарс
2. Эълони баҳо
3. Супориши вазифаи хонагӣ хондани мавзӯъ аз саҳифаи 33-39

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: