МАЪЛУМОТНОМА

Аз 5-ум то 10-уми октябр дар литсей ҳафтаи технологияи иттилоотӣ гузаронида шуд. Нақшаи чорабиниҳои гузаронидашаванда пешакӣ аз тарафи омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ омода гардида, дар кафедра муҳокима карда шуда, сари вақт барои тасдиқ пешниҳод карда шуд. Мувофиқи нақшаи пешбинишуда чорабиниҳои гуногун гузаронида шуд, аз ҷумла рӯзи 5-уми октябр ҳафта дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ бо тантана кушода шуда, озмунҳо эълон карда шуд. Хонандагони синфи 7 «А», «Б», «В» ва «Г», ки соли якум фанни технологияи иттилоотиро меомӯзанд дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ дар мавзӯъҳои «Иттилоот ва намудҳои он», «Хосиятҳои иттилоот», «Воҳидҳои ченкунии иттилоот», «Технологияи иттилоотӣ», «Наслҳои МЭҲ» баромад карданд.
Омӯзгорон Рӯзиева Ф. ва Меликов Ҷ. дар синфи 8 «В» байни ду зергурӯҳ дарс-викторина «Брейн-ринг» гузарониданд , ки дар он ҷонишини директор оид ба таълим Мирраҳматова О., омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ Яфталиева Ч. ва омӯзгори фанни математика Охонова М. ширкат варзиданд.
Дар таърихи 06.10.2015 дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ хонандагони синфи 8 «Б» дар мавзӯъҳои «Компютер мошини уневерсалӣ», «Қисмҳои асосӣ ва иловагии компютер» баромад карданд. Хонандагони синфи 8 «В» бошанд, саволу ҷавобҳои шавқовар ташкил намуда, ба хонандагоне, ки ҷавобҳои дуруст доданд тӯҳфаҳо супориданд.
Омӯзгор Яфталиева Ч. дар синфи 6 «В» дар мавзӯи «Ба танзимории хосиятҳои сафҳакалид ва муш» дарси кушод гузаронид, ки дар он ҷонишини директор оид ба таълим Мирраҳматова О., мудири кафедраи математика, физика ва технологияи иттилоотӣ Исламова Н. ва омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ Рӯзиева Ф. иштирок намуданд.
Дар синфи 8 «Б» омӯзгор Меликов Ҷ. дар мавзӯи «Чопгар (Принтер)» дарси кушод гузаронид, ки дар он омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ Рӯзиева Ф. иштирок намуд.
Рӯзи 07.10.2015 дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ хонандагони синфҳои 9 «А»ва «В» дар мавзӯъҳои « Таснифи компютерҳо», «Асри XXI-асри технологияи иттилоотӣ», ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам бо забони русӣ баромад карданд.
Дар синфи 9 «А» омӯзгор Рӯзиева Ф. дар мавзӯи «Шабакаҳои компютерӣ» дарси кушод гузаронд, ки дар он ҷонишини директор оид ба таълим Мирраҳматова О. ва мудири кафедраи математика, физика ва технологияи иттилоотӣ Исламова Н. ташриф оварданд.
Дар таърихи 08.10.2015 хонандагони синфи 10 «А», «В»ва «Г» дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ дар мавзӯъҳои «Алгоритм ва хосиятҳои он», «Шабакаҳои компютерӣ», маълумотҳои шавқовар доданд. Омӯзгорон Рӯзиева Ф. ва Яфталиева Ч. Дар байни синфҳои 10 «В» ва 10 «Г» «Своя игра» гузаронданд, ки хонандагони синфи 10 «Г» бо роҳбарии Рӯзиева Ф. дар он ғолиб омаданд. Дар ин бозӣ ба ҳайси ҳакамон ҷонишини директор оид ба таълим Мирраҳматова О. ва омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ Меликов Ҷ. иштирок намуданд.
Дар таърихи 09.10.2015 дар байни хонандагони синфҳои 7-11 намоиши корҳои эҷодӣ, газетаҳои деворӣ, банерҳо гузаронида шуд. Толору роҳравҳои таълимгоҳ бо корҳои эҷодии хонандагон оро дода шуд. Корҳои беҳтарини хонандагон ба назар гирифта шуд. Дар танаффуси калон радио-журнал гузаронида шуд, ки дар он хонандагони синфи 11 «Б» Фозилов Рустам дар мавзӯи «Интернет», Маҳинаи Ҷурахон- Маълумотҳои шавқовар дар бораи Технолдогияи Иттилоотӣ, хонандагони синфи 10 «А» Мируллоева Азиза, Мируллоева Мавлуда ва Маҳмадёрова Фурузон дар мавзӯъҳои «Забонҳои алгоритмӣ», «Технологияҳои муосир» баромад карданд. Ин чунин дар ин рӯз дар байни хонандагони синфҳо 8-11 конфиренсияи илмӣ гузаронида шуд, ки дар он 11 нафар хонандагон корҳои хурди илмии худро ҳимоя намуданд:

№ Ном ва насаби хонандагон Синф Мавзӯъ Роҳбар
1 Воҳидов Ромиз 8 «Б» Компютер ва замони мо Рӯзиева Ф.
2 Карамхудозода Беназир 8 «Б» Қисмҳои асосӣ ва иловагии компютери фардӣ Рӯзиева Ф.
3 Мухаммадҷони Нурулло 8 «Б» Компютер ва саломатӣ Меликов Ҷ.
4 Маьруфӣ Анисахон 8 8 «В» Роль интернета в нашей жизни Рӯзиева Ф.
5 Замираи Ҷумахон 9 «А» Таснифоти компютерҳо Рӯзиева Ф.
6 Аскарова Садаф 10«В» Роль информатики в обществе Яфталиева Ч
7 Валиев Икромхон 10«Г» Компьютерные вирусы Рӯзиева Ф.
8 Каримова Румиса 10«Г» Локальная сеть Рӯзиева Ф.
9 Ясоева Мария 11«Б» Хакеры Рӯзиева Ф.
10 Асророва Сабрина 11«Б» Болезнь 21 века – интернет зависимость Рӯзиева Ф.
11 Рахматова Судоба 11«Б» LogLife Рӯзиева Ф.
Дар ин конфиренсия ба доварон:
ҷонишини директор оид ба таълим Мирраҳматова О.
ҷонишини директор оид ба тарбия Амирхонов Ҷ.
мудири кафедра Исламова Н.
раиси созмони талабагӣ Зоиров С.
иштирок намуда, ба хонандагон баҳогузорӣ намуданд. Ин конфиренсия аз тарафи телевизиони «Баҳористон» ба навор гирифта шуда, дар барномаи «Ахбор» нишон дода шуд.
Ба ғайр аз ин дар давоми ҳафта бо хонандагони синфи 10 «А» саволу ҷавоб гузаронида шуд, ки онро аз Радиои Тоҷик дар мавҷи 104,7 аз тарафи пешбарандаи барномаи «Шамъи дилҳо» сабт гардид.
Рӯзи 10.10.2015 ҳафта ҷамъбаст карда шуда, иштирокчиёни фаъол ва ғолибони озмунҳо аз тарафи маъмурияти литсей бо ифтихорномаҳо сарфароз карда шуданд.

Омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ Рӯзиева Ф.

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: