Низомномаи литсей дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба қарори мушовараи
Вазорати маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз____декабри соли 2008
тасдиқ шудааст.

 

Низомномаи литсей дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

I.Қоидаҳои умумӣ

  1. Низомномаи литсей дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.
    2. Низомномаи мазкур фаъолияти литсейро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда, ҳамчун намуна барои литсейҳои хусусӣ ва ғайридавлатӣ низ асос мебошад.
    3. Литсей муассисаи таҳсилоти умумиест, ки хонандагонро аз рӯйи малакаю истеъдод ва майлу рағбаташон ба фанҳои табиию риёзӣ, техникиву технологӣ дар асоси озмун интихоб намуда, ба онҳо асосҳои ташаккули табиат, қонунҳои ба ҳам монанди физикию кимиёӣ, таѓйирёбии ҷисмҳо, назарияҳои математикӣ, ҳалли алгебравии муодилаҳо ва қойдаҳои геометриро бо шарњи масъалаҳои он, тағйири моддаҳо ва баҳампайвандии металҳоро якҷо бо системаи даврӣ, инчунин инкишофи бемайлони технологияи информатсионӣ ва коммуникатсиониро дар ҳампайвандӣ бо масъалаҳои инсонгароӣ таълим медиҳад.
    4. Литсей барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумиро дар асоси Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ намуда, тайёрии иловагии хонандагонро аз рӯи фанҳои равияҳои табиӣ-риёзӣ ва техникӣ — технологӣ таъмин менамояд. Ҳамчунин метавонад барномаҳои таҳсилоти умумии ибтидоиро дар сурати таъмини заминаҳои моддӣ-техникӣ ва захираҳои кадрӣ амалӣ гардонад.
    5. Литсей ҳуқуқи шаҳрвандонро новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк амалӣ карда, масъулияти иҷрои барномаи таълиму тарбияро ба манфиати шахс, ҷомеа, давлат ба зимма мегирад ва барои рушди ҳаматарафаи шахсият, аз он ҷумла қонеъ кардани эҳтиёҷоти ӯро ба худомӯзӣ ва гирифтани таҳсилоти иловагӣ таъмин менамояд.
    6. Мақсади асосии литсей дар доираи азхудкунии барномаҳои ҳатмии таҳсилоти умумӣ, ташаккул додани маданияти шахсии хонандагон, мутобиқ шудани онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ, замина гузоштан барои интихоби бошууронаи касб ва минбаъд аз худ кардани барномаҳои касбии таҳсилот, тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, шаҳрвандӣ, меҳнатдӯстӣ, зебоипарастӣ, таҳаммул ва тоқатпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодӣ, муҳаббат ба табиат, оила, устод, ташаккули тарзи ҳаёти солим иборат аст.
    7. Барномаҳои таълимии асосӣ ва иловагии литсей барои ҳал кардани масъалаҳои зерин пешниҳод мешаванд:

-амалӣ гардонидани барномаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ бо мақсади мукаммал омӯхтани фанҳои табиӣ-риёзӣ, техникӣ ва технологӣ;
-муҳайё кардани шароити мусоид барои инкишофи тарбияи ахлоқӣ, ҷисмонӣ, эстетикии шахс ва дақиқназар ба воя расидани хонанда;
-дар сатҳи баланд таъмин намудани тайёрӣ барои аз худ кардани дониши амалӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ;
-интихоби касб ва амалӣ кардани он бо омӯзиши амиқи фанҳои табиӣ- риёзӣ, техникӣ ва технологӣ;
-ташаккул додани малакаҳои мустақилият ва фаъолияти эҷодкорӣ дар соҳаи таълими фанҳои табиӣ — риёзӣ ва техникӣ ва технологӣ;
-амалӣ гардонидани имконияти таҳсилоти босифат аз фанҳои умумитабиӣ ва умумириёзӣ ва ҳамгироии фанҳои гуманитарию ҷамъиятӣ;
8. Фаъолияти литсей аз инҳо иборат аст:
-амалӣ намудани барномаҳои иловагии таҳсилоти касбӣ доир ба фанҳои табииву риёзӣ, технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ;
-расонидани хадамоти иловагии таҳсилот доир ба фанҳои табиӣ- риёзӣ, техникӣ ва тахнологӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши хонанда дар асоси шартнома (қарордоди) дутарафа;
-фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани ихтисоси кормандони литсей;
-таҳияи нақшаю барномаҳо ва китобҳои дарсӣ, воситаҳои аёнӣ, маводи методӣ, илмӣ ва адабиёти ёрирасон;
-ташкили семинар, конференсия, мусобиқаҳои илмӣ ва олимпиадаҳо аз рӯи фанҳои умумитабиӣ ва умумириёзӣ;
-ташкили сексияҳои фаннӣ, студияҳои эҷодӣ, клубҳои илмӣ-ихтирокорӣ ва гурӯҳҳои тадқиќотӣ;
9. Литсей доир ба масъалаҳои зерин ҷавобгар аст:
-иҷро накардани вазифаҳое, ки ба зиммаи он қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштааст;
— пурра таъмин накардани иҷрои барномаҳои таҳсилоти умумӣ мутобиқ ба нақшаи таълимӣ ва ҷадвали ҷараёни таҳсилот, сифати ҷараёни таҳсилот;
-ҳифзи ҳаёт ва саломатии хонандагон, кормандон дар вақти
ҷараёни таҳсил;
— аз рӯи амалҳои дигаре, ки қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
10. Гирифтани ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ки дар доираи барномаҳои асосии таҳсилоти умумӣ ва Стандарти давлатии таҳсилот амал мекунанд.

  1. Ташкил ва фаъолияти литсей дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  2. Литсей бо ташаббуси мақомоти давлатии идораи маориф ва муассис (муассисон) таъсис ёфта, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
    12. Литсей дар сурати доштани иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ амал менамояд. Дар асоси Низомномаи мазкур Оинномаи худро таҳия менамояд, ки аз ҷониби мақоми давлатии идораи маориф ва ё муассис ( массисон) тасдиқ гардида, мутобиқи қонунгузории Ҷумҷурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаронида мешавад.
    13. Литсей тибқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад. Дар мавриди аз нав ташкил додан ва барҳам додани литсей риояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандони хориҷшуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.
    14. Литсей шахси ҳуқуқии мустақил буда, дорои номи худ, мӯҳр бо акси нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суратҳисоб ва дигар ҳисобҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, мебошад.
    15. Тибқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муносибати байни мақомоти давлатии идораи маориф, муассис (муассисон) ва литсей, ки Низомномаи мазкур муқаррар накардааст, дар асоси шартномаи байни онҳо сурат мегирад.
    16.Литсей тибқи тартибе, ки Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муқаррар кардааст, аз аттестатсия ва акредитатсияи давлатӣ мегузарад.
    17. Литсей бо қарори мақомоти давлатии идораи маориф ва ё муассис (муассисон) метавонад мақомашро дигар намояд, агар он бар хилофи ӯҳдадории муассисаи таҳсилоти умумӣ амал накунад.
    19. Литсей дар ташкилу фаъолияти ассотсиатсия, иттиҳодия ва дигар ҷамъиятҳо, ки ба мақсади инкишоф ва мукаммал намудани соҳа ва сифати таълим шароит муҳайё менамоянд, иштирок менамояд.
    20. Дар литсей Шӯрои ҷамъиятӣ, Ассотсиатсияи волидайн ва омӯзгорон ва Созмони талабагӣ таъсис дода мешавад.
    21. Дар литсей ташкил ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракат ва ташкилотҳои динӣ манъ аст.
    22. Тибқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ хизматрасонии тиббии хонандагон бо воҳидҳои кори табибони литсей ё кормандони тиббие, ки мақомоти тандурустӣ онҳоро ба литсей вобаста
    кардааст, таъмин мешавад. Онҳо дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои табобатӣ, пешгирии беморӣ, риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ, тартиб ва сифати хӯроки хонандагон масъул мебошанд. Литсей вазифадор аст, ки ба кормандони соҳаи тиб шароит муҳайё намояд.
    23. Литсей дорои ошхона ва анбори нигоҳдории хӯрока мебошад, ки бояд ҷавобгӯи меъёрҳои муқарраргардида бошад.

III. Ташкили ҷараёни таҳсил

  1. Литсей таҳсилро дар доираи зинаи дуюми таҳсилоти умумии асосӣ (мӯҳлати азхудкунӣ 5 сол, аз синфи 5 то синфи 9), ё ин ки дар
    доираи синфҳои 7-9 (мӯҳлати азхудкунӣ 2 сол) ва дар доираи зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ (мӯҳлати азхудкунӣ 2 сол, аз синфи 10 то синфи 11) ташкил менамояд. Инчунин метавонад зинаи аввали таҳсилотро амалӣ намояд, агар масоҳати таълимгоҳ, заминаи моддӣ- техникӣ ва захираи кадрӣ мувофиқат намояд.
    25. Илова ба талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ мазмуни таҳсилот васеъ карда мешавад ва фанҳои иловагӣ, курсҳои факултативӣ, шаклҳои гуногуни машғулиятҳои беруназсинфӣ ва фанҳо аз рӯи интихоб ба Нақшаи таълимии он дохил карда мешавад.
    26. Литсей аз рӯи нақшаю барномаҳои таълимӣ ва тақвимии фардӣ, ки барои омӯзиши амиқи фанҳои равиявӣ ва барои идома додани таҳсил ба мактабҳои олӣ нигаронида шудааст, фаъолият када метавонад.
    27. Хонандагон метавонанд барои омӯзиши дақиқ ва инкишофи сатҳи дониш аз рӯи нақшаю барномаҳои таълимии (фардӣ) таълим гиранд.
    28. Таълим ва тарбия дар литсей бо забонҳои тоҷикӣ вобаста ба майлу хоҳиши хонандагон ва дигар забонҳое, ки моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» муайян кардааст, ҷорӣ карда мешавад.
    29. Тартиби қабул ба литсей тибқи муқаррароти ҳуҷҷатҳои меъёрии амалкунанда, Низомномаи мазкур ва Оинномаи муассисаи таълимӣ сурат мегирад.
    30. Қабули хонандагон тибқи озмун амалӣ гардида, тартиби он дар Оинномаи литсей нишон дода мешавад. Озмун хаттӣ ва шифоҳӣ аз рўи барнома ва фанҳои таълимие, ки дар нақшаи намунавии таълимӣ нишон дода шудаанд, дар се давра дар асоси Дастури қабули хонандагон ба литсей, ки бо қарори Шӯрои педпагогӣ қабул шудааст, амалӣ мегардад.
    31. Литсей ба хонандагоне, ки заминаи тайёрии хуб аз фанҳои асосии равиявӣ доранд, ҳамчунин ғолибони олимпиада, озмунҳои эҷодӣ, конференсияҳои илмӣ- амалӣ мебошанд, барои қабул афзалият медиҳад.
    32. Хонандагони литсей ҳуқуқ доранд, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуҳӣ ба муассисаи дигари таълимӣ гузаранд.
    33. Хориӣ кардани хонанда аз литсей дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сурат мегирад.
    34. Шакли ташкили ҷараёни таҳсилотро дар литсей Шӯрои педагогӣ муайян менамояд. Он метавонанд муқаррарӣ ё қайримуқаррарӣ бошад. Давомнокӣ ва низоми ҳаррӯзаи машғулиятҳо дар ҷадвали дарсӣ дарҷ мегардад ва он аз ҷониби директори литсей тасдиқ карда мешавад. Дарс дар литсей аз соати 8.00 то соати 16.00. тибқи реҷаи корие, ки Шӯрои педагогӣ қабул шудааст, сурат мегирад.
    35. Шумораи хонандагон дар ҳар як синф то 25 нафар муқаррар карда мешавад. Синфҳо дар вақти гузаронидани машғулиятҳои амалии фанҳои забони хориҷӣ, технологияи информатсионӣ ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд.
    36. Интихоби низоми баҳогузорӣ, шакл ва тартиби гузаронидани аттестатсияи фосилавии хонандагон тибқи меъёрҳои амалкунанда, Оинномаи литсей ва қарори Шӯрои педагогӣ амалӣ мегардад.
    Дар литсей ҳар чоряк ва нимсола санҷиши хаттию шифоҳии иловагӣ гузаронида шуда, қобилияти зеҳнии хонанда муайян карда мешавад. Тартиби гузаронидани санҷишҳо ва тестро Шӯрои педагогӣ ва Шӯрои методии литсей муқаррар менамояд. Дар сурати нагузаштан аз санҷишҳо, тести иловагӣ ва барномавӣ ба Шӯрои педагогӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки тибқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амал намояд.
    37. Ба хонандагони литсей, ки зинаи дуюми таҳсилотро хатм кардаанд, шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва ба хонандагоне, ки дар давоми таҳсил ба муваффақиятҳои назаррас соҳиб гаштаанд, шаҳодатномаи аъло дода мешавад.
    38. Тибқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба хонандагоне, ки зинаи сеюми таҳсилро хатм мекунанд, шаҳодатнома дар бораи хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ дода мешавад ва хонандагоне, ки дар рафти таҳсил ба муваффақиятҳои назаррас соњиб мегарданд, мувофиқи талаботи ҳуҷҷатҳои амалкунанда барои гирифтани медали тилло ё нуқра пешниҳод карда мешаванд.
    39. Тартиби муносибати литсей, хонанда ва падару модаронро (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) шартнома муайян мекунад. Миёни падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ва роҳбари литсей шартнома (қарордод) баста мешавад. Шакли шартнома (қарордодро) Шӯрои педагогии литсей муайян менамояд.
    40. Литсей хонандагонеро, ки дар давоми таҳсил ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегарданд, ҳавасманд менамояд.
    41. Литсей ҳуқуқ дорад, хизмати иловагии пулакиро тибқи қонунгузории амалкунанда ҷорӣ намояд. Меъёри пардохти маблағро Шӯрои педагогии литсей якҷоя бо Шӯрои ҷамъиятӣ муайян мекунад.
    42. Давомнокии дарс дар литсей 45 дақиқа муқаррар карда
    мешавад. Соли хониш 1-уми сентябр оғоз гардида, 30 июн ба анҷом мерасад (бо назардошти мӯҳлати имтиҳонсупорӣ).
  2. Тарзи идора дар литсей
  3. Литсей мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», моддаи 53-и Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, Низомномаи мазкур, Оинномаи литсей ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ идора карда мешавад.
    44. Дахолати мақомоти давлатии идораи маориф, муассис ё муассисон ба ҷараёни таълим, илм, хоҷагӣ ва дигар фаъолияти литсей танҳо дар мавридҳои пешбинигардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир аст.
    45.Мақоми асосии худидораи литсейро Шӯрои педагогӣ ба ӯҳда дошта, роњбарии бевоситаи онро директории литсей иҷро мекунад.
    Шӯрои педагогӣ илова ба салоҳиятҳое, ки Низомномаи Шӯрои педагогӣ муқаррар кардааст, масъалаҳои зеринро ҳал менамояд:
    -фаъолияти асосии литсейро муайян мекунад;
    -Ойинномаи литсейро таҳия мекунад (ба он тағйироту илова ворид менамояд);
    -комиссияҳои муваққатӣ ё доимӣ оид ба санҷиши самтҳои гуногуни фаъолияти литсейро таъсис медиҳад ва вазифаҳои хизматии онҳоро муайян менамояд;
    -реҷаи кори литсейро муайян менамояд;
    -самтҳои хароҷоти маблағҳои ғайрибуҷетиро якҷоя бо Шӯрои ҷамъиятӣ тасдиқ мекунад;
    -ҳисоботи директор ва дигар кормандонро мешунавад;
    -кормандони литсейро ба мукофот, тӯҳфа ва дигар намудҳои ҳавасмандкунӣ пешниҳод менамояд;
    -тартиботи дохили литсейро муайян ва тасдиқ мекунад;
    -натиҷаи таҳсилро муҳокима намуда, тавсия ва хулосаҳо мебарорад;
    -доир ба масъалаи аз литсей хориҷ кардани хонандагон қарори дахлдор қабул мекунад;
    -муҳокима ва интихоби нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, шакл ва усули методи таълим ва роҳҳои амалӣ гардидани онро таъмин менамояд;
    -доир ба баланд бардоштани тахассуси касбии кормандон, ташаббус ва инкишофи эҷодӣ, паҳн кардани таҷрибаи пешқадами онҳо чораҳои зарурӣ меандешад;
    — самти корҳои тадқиқотию таҷрибавии литсейро бо дигар муассисаҳои тадқиқотӣ муайян мекунад.
    46. Дар литсей директор роҳбар мебошад. Директорро мақомоти
    давлатии идораи маориф ва ё муассис (муассисон) ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад.
    Директори литсей илова ба вазифаҳое, ки барои ӯ дар Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст, вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
    -манфиати литсейро дар мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо ҳимоя менамояд;
    — ташкили ҷараёни таълимро ба нақша гирифта, натиҷаи иҷрои онро назорат мекунад;
    — роҳбарони синфро таъйин мекунад;
    -воҳидҳои кории литсейро барқарор ва тағйир медиҳад; -ба кор қабул ва аз кор озод кардани кормандони педагогӣ ва хизматрасониро ба ӯҳда дорад;
    -дар доираи ҳуқуқҳои ба вай муайяншуда, нисбати маблағҳо, таҷҳизот, ашёҳои литсей ғамхорона муносибат намуда, дар бонк ва муассисањои бонкӣ суратҳисоб мекушояд, дар ҳуҷҷатҳои маблағӣ имзо
    мегузорад, истифодаи дурусти маблағҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавиро назорат мебарад.
    — барои ҳимояи ҳуқуқ ва саломатии хонандагон масъул буда, ба сифати таълим ҷавобгар мебошад.
    47. Барои ташкил кардани корҳои илмӣ- методӣ дар литсей кафедраҳои соҳавӣ, кабинети методӣ, клубҳои ихтирокорон ва дигар сохторҳо ташкил карда мешаванд, ки онҳо дар асоси Низомномаи худ фаъолияташонро ташкил менамоянд.
  4. Ҳуқуқ ва вазифаҳои субьектҳои раванди таълим
  5. Субьектҳои раванди таълим (хонандагон, падару модарон, коллективи педагогӣ) илова ба ҳуқуқ ва вазифаҳое, ки барои онҳо Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, чунин ҳуқуқ доранд:
    -ҳуқуқи гирифтани таълими инфиродӣ дар асоси Стандарти давлатии таҳсилот;
    -муроҷиат намудан ба Шӯрои педагогӣ нисбат ба мушкилот ё мухолифот (аз болои муаллимон ва дигар кормандони литсей) бо мақсади ҳаллу фасли он дар доираи Қонун;
    — иштирок дар худидоракунии литсей;
    — озодона баён кардани фикру ақидаи худ.
    49. Хонанда вазифадор аст:
    — талаботи қойдаҳои талабагӣ ва Низомномаи мазкур, Ойинномаи литсейро риоя менамояд;
    — Оинномаи литсей ва қоидаҳои талабагиро риоя намояд;
    — бовиҷдонона таҳсил карда, иҷрои ҳамаи супоришҳое, ки талаботи
    нақшаю барномаҳои таълимӣ пешбинӣ намудааст, дар мӯҳлати муқарраршуда таъмин намояд;
    — ба ашёҳои литсей муносибати эҳтиёткорона дошта бошад (дар
    сурати вайрон кардани ашёҳои литсей онҳоро падару модарон барқарор менамоянд);
    — тарзи ҳаёти солимро риоя намояд;
    — нисбати риоя кардани техникаи бехатарӣ, санитарӣ-гигиенӣ масъул бошад;
    -эҳтироми ҳуқуқ ва озодии дигаронро ба ҷо оварад.
    50.Ҳуқуқҳои падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) илова ба он ҳуқуқҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» нишон дода шудаанд, инҳоянд:
    — муроҷиат намудан ба Шӯрои педагогӣ ва роҳбарият барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати фарзандон;
    — иштирок дар идораи литсей (Шӯрои педагогӣ, Шӯрои методӣ, Шӯрои ҷамъиятӣ, Шӯрои сарпарастон);
    — бастани шартнома (қарордод)- и дутарафа бо роҳбари литсей;
    — муроҷиат ба мақомоти дахлдор нисбати беадолатӣ дар литсей;
    51.Падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) вазифадоранд:
    -фароҳам овардани шароити мусоиди гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии ҷавобгӯи меъёрҳо барои фарзандон;
    — таъмини иҷрои талаботи Оинномаи литсей;
    — риояи тартиботи дохилии литсей;
    — ҳамкорӣ бо Шӯрои педагогӣ, муаллимон, роҳбарони синф ва назорати аз худ кардани барномаҳои таълимӣ;
    — расонидани ёрӣ ба фаъолияти литсей;
    — таъмини фарзандон бо маводи таълимӣ ҷиҳати гирифтани таълиму тарбия;
    52. Ҳуқуқҳои кормандони педагогии литсей тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» амалӣ мегардад. Илова бар он кормандони педагогии литсей чунин ҳуқуқ доранд:
    — ба Шӯрои педагогӣ нисбати масъалаҳое, ки ба онҳо розӣ нестанд муроҷиати хаттӣ намоянд;
    — тахассуси касбии худро баланд бардоранд;
    — дар идораи литсей фаъолона иштирок намоянд.
    53. Коркунони педагогӣ вазифадоранд:
    — таъмини риояи талаботи Оиннома, тартиботи дохилӣ, фармону дастурҳои директори литсей ва иҷрои вазифаҳои хизматии ба ӯ вобасташуда;
    — эҳтироми ҳуқуқ ва вазифаҳои иштирокчиёни раванди ҷараёни таҳсилот;
    — таъмин иҷрои барномаҳои таълимӣ;
    -таъмини робитаи падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд) бо литсей;
    — иҷрои шартномаи меҳнатӣ.
  6. Моликият ва маблағгузории литсей
  7. Литсей мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оиннома дар фаъолияти хоҷагӣ ва маблағгузорӣ мустақил мебошад. Литсей дар доираи маблағҳои ҷудокардашуда ва аз дигар сарчашмаҳо воридшуда мустақилияти молиявию хоҷагӣ дорад.
    55. Тамоми таҷҳизотҳои литсей моликияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ё муассис ( муассисон) буда, онҳо дар тавозуни литсей дохил мегарданд ва тибқи шартнома ба литсей вобаста карда мешаванд. Номгӯи молу амвол дар Оинномаи литсей дарҷ карда мешавад.
    Литсей ҳуқуқ дорад, ки таҷҳизот (амвол)-и ба ӯ вобасташударо истифода барад.
    Бе иҷозати мақомоти давлатии идораи маориф ва ё муассис (муассисон) истифодаи амволи литсей бо мақсадҳои берун аз таълим манъ аст.
    56. Қитъаи замине, ки барои литсей ҷудо карда шудааст, бе мӯҳлат ва ба тариқи ройгон истифода бурда мешавад.
    57. Сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва даромади литсей аз инҳо иборат аст:
    -маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ, муассис ё муассисон, ки тибқи меъёрҳои муқарраргардида ҷудо карда мешаванд, сарпарастон, хайрияи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, аз ҳисоби даромади корхонаю ташкилотҳо, аз ҳисоби таълими иловагии пулакӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории ҷорӣ муайян намудааст;
    58. Ҳаҷми сарбории кормандони педагогии литсей тибқи қонунгузории мавҷуда муқаррар карда мешавад.
    Ба директории литсей ҳуқуқ дода мешавад, ки аз ҳисоби маблағҳои иловагӣ ва дигар сарчашмаҳои молиявӣ омӯзгоронро ҳавасманд гардонад.
    59. Бо мақсади қонеъгардонии эҳтиёҷоти истеъдоди эҷодӣ ва тадқиқотии хонандагон аз фанҳои алоҳида барои хонандагон дарсҳои иловагӣ ташкил карда мешаванд. Барои ташкил ва гузаронидани ин дарсҳо мутахассисон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси шартнома даъват карда мешаванд. Њаљми чунин дарсҳо набояд аз 180 соат дар як сол зиёд бошад.
    60.Тартиби пешбарии ҳисоботи бухгалтерӣ дар литсей дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тољикистон ба амал бароварда мешавад.
    Литсей дар доираи маблағҳои барои музди меҳнат ҷудогардида метавонад музди меҳнатро аз рӯи меъёрҳои амалкунанда, аз натиҷаи низоми кори ҳар як омӯзгор, ҳамчунин ба андозаи маоши хизматӣ (ставка), мукофотпулии меҳнатӣ ва иловапулӣ муқаррар намояд.
    VII. Тартиби идора ва таъмини ҳайати педагогии литсей
    61. Кормандони педагогии литсей тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи озмун ба кор қабул карда мешаванд.
    Ба кори педагогӣ шахсоне, ки мувофиқи ҳукми суд ё нишондоди тиббии рӯйхаташон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шуданашон манъ карда шудааст, қабул карда намешаванд.
    62. Муносибати корманд ва корфарморо шартномаи меҳнатӣ ба танзим медарорад, ки бояд хилофи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад.
    63. Бо мақсади дуруст таъмин кардани фаъолияти литсей ва иҷрои вазифаҳои ойинномавӣ миёни Тарафҳо ӯҳдадорињо муқаррар карда мешавад.
    Тартиби онро мақоми давлатии идораи маориф ва ё муассис (муассисон) якҷо бо директории литсей муайян менамоянд ва дар Ойинномаи литсей дарҷ мегардонанд. Иҷрои вазифаҳо аз ҷониби тарафҳо ҳатмӣ мебошад.

VIII. Фаъолияти байналмилалии литсей

  1. Литсей мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонад бо муассиса ва ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ намояд.
    65. Фарзандони шаҳрвандони хориҷиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, метавонад тибқи шартномаи иловагӣ ба таҳсил фаро гирад.

 

 

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: