НИЗОМНОМАИ НАМУНАВИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

қарор

 

«ДАР БОРАИ ТАСДИҚ НАМУДАНИ

НИЗОМНОМАИ НАМУНАВИИ

МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ДАР

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

 

аз 31 августи соли 2007                 № 433                        ш. Душанбе

 

Мувофиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти томактаби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
  • қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 1995 № 627 «Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи муассисаҳои томактаби»;
  • қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999 № 478 «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Низомномаи муассисаи томактаби».

 

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Э. Раҳмонов

 

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 августи соли 2007

 № 433 тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ

НАМУНАВИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

  1. Қоидаҳои умуми

 

  1. Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти томактаби фаъолияти муассисаҳои томактабии давлати ва ғайридавлатиро ба танзим медарорад.
  2. Муассисаи таҳсилоти томактаби дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии мазкур, оиннома, шартномаи байни муассиса ва падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба роҳбари мегирад.
  3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани ёри ба оилаҳо, муҳайё намудани шароити мусоиди тарбияи фарзандон дар даврони кӯдаки ва синни томактаби бо назардошти майлу хоҳиш ва ниёзи падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ширхоргоҳу кӯдакистонҳо, хонаҳои кӯдакон (барои кӯдакони ятиму бепарастор) ва дигар муассисаҳои томактабии кӯтоҳмуддат, рӯзона, шабонарӯзӣ, оилавӣ ва муассисаҳои ба инҳо баробари давлатию ғайридавлати, аз ҷумла хусуси ташкил карда мешаванд.
  4. Падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ҳуқуқ доранд, ки намуди муассисаи таҳсилоти томактаби ва забони таълимро интихоб намоянд.
  5. Вазифаҳои асосии муассисаи таҳсилоти томактаби аз инҳо иборат аст:
  • ҳифз ва таҳкими саломатии ҷисмони ва рӯҳии кӯдак;
  • таъмини инкишофи маънави ва ташаккули шахсияти кӯдак;
  • ғамхори дар бораи офияти эҳсосоти мусбии ҳар як кӯдак;
  • омода намудани кӯдакони 5- 6 сола ба мактаб;
  • таъмини инкишофи ҳаматарафаи кӯдак дар ҳамкори бо оила.

Вазифахр ва фаъолияти муассисаи таҳсилоти томактаби вобаста ба намуди он муайян карда мешаванд.

  1. Муассисаҳои таҳсилоти томактаби аз рӯи таъинот ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:
  • ширхоргоҳ;
  • ширхоргоҳ- кӯдакистон;
  • кӯдакистон;
  • кӯдакистон — мактаб;
  • кӯдакистони оилави;
  • кӯдакистони хусуси.

Муассисаи таҳсилоти томактабии махсус

  • кӯдакистон ва гурӯҳҳо барои кӯдаконе, ки дар нутқашон ноқиси доранд;
  • кӯдакистон ва гурӯҳҳо барои кӯдаконе, ки узвҳои шунавоиашон иллат доранд;
  • кӯдакистон ва гурӯҳҳо барои кӯдаконе, ки дар узвҳои биноиашон иллат доранд;
  • кӯдакистон ва гурӯҳҳо барои кӯдаконе, ки дар узвҳои такягоҳию ҳаракат иллат доранд;
  • кӯдакистон ва гурӯҳҳо барои кӯдакони рӯҳан инкишофнаёфта;
  • кӯдакистон ва гурӯҳҳо барои кӯдакони ноқисулақл;
  • кӯдакистони намуди санатори барои кӯдаконе, ки аз ибтидо шаклҳои гуногуни бемории силро аз сар гузаронидаанд ва дар онҳо оқибатҳои ғайри фаъоли сил боқи мондааст;
  • кӯдакистони намуди санатори барои кӯдаконе, ки зуд-зуд касал мешаванд.

 

  1. Тартиби ташкил, азнавташкилдиҳи ва бар

ҳамдиҳии муассисаи таҳсилоти томактаби

 

  1. Муассисаи таҳсилоти томактаби бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ё қарори корхонаву муассисаҳои давлати таъсис меёбанд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлати мегузарад.

Муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлати (хусуси) бо қарори Шӯрои муассисон (сарпарастон), бо ташаббуси шахси (шахсони) алоҳида ё дигар шахсони ҳуқуқи таъсис дода шуда, бо тартиби муқарраргардида аз қайди давлати мегузаранд.

Азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии муассисаи таҳсилоти томактаби мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.

Ба муассисаи таҳсилоти томактабии комплекси (кӯдакистон-мактаб), оилави ва ғайридавлати (хусуси) дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома (литсензия) дода мешавад.

Муассисаи таҳсилоти давлатии томактаби дар шаҳраку деҳот танҳо бо ризоияти ҷамъомади шаҳрвандони мавзеҳои аҳолинишин, ки ба онҳо муассисаҳои мазкур хизмат мерасонад, барҳам дода мешавад.

Муассисаи таҳсилоти томактаби дар асоси Оиннома амал мекунад, ки онро соҳибмулк ё мақоми ваколатдор тасдиқ менамоад.

  1. Муассисаи таҳсилоти томактаби дар биное, ки ба талаботи санитари — гигиени, зиддиэпидеми ва қоидаҳои зиддисӯхтор ҷавоб дода метавонад, ташкил карда мешавад.
  2. Муассисаи таҳсилоти томактаби ҳуқуқ дорад маблағҳои пули ва дигар маводи қиматбаҳо, аз ҷумла бино, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва ғайраро аз фондҳои хайрия ва ҷамъияти, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, корхонаҳои давлати ташкилотҳои ҷамъияти, шаҳрвандон ва сарпарастони алоҳида ба таври ройгон қабул намояд.
  3. Тартиби кори муассисаи таҳсилоти томактаби бо пешниҳодоти шӯъбаи маориф бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ё ин ки корхона, муассисаю ташкилоте, ки кӯдакистон тобеи он мебошад, муқаррар карда мешавад. Бо хоҳиши падару модарон дар муассисаи томактаби пагоҳи ва бегоҳи, ҳамчунин дар рӯзҳои шанбе, якшанбе, рӯзҳои ид гурӯҳҳои навбатдор ташкил карда мешавад.

Оғоз ва анҷоми кори муассисаи таҳсилоти томактаби ва гурӯҳҳои алоҳидаи он бо назардошти эҳтиёҷоти падару модарон, вале на барвақттар аз соати 6.30 ва на дертар аз соати 20.30 муқаррар карда мешавад.

Дар муассисаи таҳсилоти томактаби бо аризаи падару модарон дар асоси ҳисоби хоҷаги ва шартнома гурӯҳҳои кӯдакони лаёқатманд, гурӯҳҳои кӯтоҳмуддат, саёҳати, варзишию тандурусти, тарбияи мусиқи, эстетики ва бадеи, гурӯҳҳо барои тарбия ва таълими кӯдакони аз ҷиҳати ақли ва ҷисмони инкишофнаёфта ва ғайраҳоро ташкил кардан мумкин аст.

Падару модарон ҳуқуқ доранд, ки пешаки мураббиёнро огоҳ намуда, кӯдаконро дар вақти дилхоҳашон ба кӯдакистон биёранд ва ё аз он ҷо бигиранд.

  1. Муассисаи таҳсилоти томактаби эҳтиёҷоти худро ба захираи модди ва маводи хӯрока мустақилона муайян намуда, онро ба таври мутамарказонидашуда ва ё тариқи шартнома дастрас карда метавонад.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати муассисаи таҳсилоти томактабиеро, ки дар маҳаллашон фаъолият доранд, ба таври мутамарказонидашуда таъмин менамояд.

Муассисаи таҳсилоти томактаби хӯроки кӯдаконро бо назардошти тартиби кори худ таъмин менамояд. Масрафи пули барои хӯрок аз меъёри муайяннамудаи давлати кам буда наметавонад.

  1. Хизмати тиббии кӯдакон мувофиқи ҳуҷҷатҳои амалкунандаи меъёри ва ҳуҷҷатҳои фармоишии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст, сурат мегирад.

Хизматрасонии тибби барои кӯдакони ҳамаи намуди муассисаи таҳсилоти давлатии томактаби ройгон аст.

  1. Муассисаи таҳсилоти томактаби барои амали намудани вазифаҳои худ ҳамчун муассисаи мустақил метавонад дар асоси шартнома ба иттиҳодияҳои мухталиф дохил шавад.
  2. Муассисаи таҳсилоти томактабии давлати шахси ҳуқуқи буда, дорои мӯҳр бо тасвири нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон штамп ва лавҳа бо забонҳои тоҷикию руси мебошад.

 

  1. Қабули кӯдакон ба муассисаи таҳсилоти томактаби

 

  1. Муассисаи таҳсилоти томактаби кӯдаконро бо роҳхати шӯъбаҳои маориф ё корхонаву муассисаҳо, ки кӯдакистон тобеи онҳо мебошад, қабул мекунад. Тартиби бақайдгирии аризаҳо, ба низом овардан ва додани роҳхатҳо аз тарафи шӯъбаи маориф ё корхонаю муассисаҳои дахлдор муайян карда мешавад.

Ба муассисаи таҳсилоти томактабии комплекси (кӯдакистон-мактаб) кӯдакон аз синни 6 сола ва ба гурӯҳҳои кӯдакони лаёқатманд аз синни 5-сола дар асоси озмун қабул карда мешаванд. Барои қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои кӯдакони лаёқатманд шӯъбаи маориф дар якҷояги бо шӯъбаи тандурусти дар ҳайати мудири кӯдакистон, намояндагони шӯъбаи маориф ва муассисаи тандурусти комиссия созмон медиҳанд.

Ба муассисаи таҳсилоти томактаби дар навбати аввал фарзандони падару модари танҳо, ки кор мекунанд, модароне, ки таҳсил мекунанд, маҷрӯҳони гурӯҳи 1 ва 2, кӯдакони оилаҳои серфарзанд, кӯдаконе, ки таҳти сарпарасти қарор доранд, кӯдаконе, ки падару модарони онҳо (яке аз онҳо) дар сафи Артиши милли хизмат менамоянд ё дар табобати дарозмуддат мебошанд, қабул карда мешаванд.

  1. Хориҷ кардани кӯдакон аз муассисаи таҳсилоти томактаби дар асоси хулосаи тибби дар бораи саломатии кӯдак, ки ба муассисаи томактаби рафтани ӯро манъ мекунад, ҳангоми бештар аз як моҳ бесабаб наомадани кӯдак ба муассисаи томактаби сурат мегирад.

Падару модарон ҳафт рӯз пеш аз хориҷ намудани кӯдак хабардор карда мешаванд. Бо сабаби тағйирёбии ҷои кори падару модарон хориҷ кардани кӯдак аз муассисаи таҳсилоти томактаби қатьиян манъ карда мешавад. Дар ҳолатҳои касали, гирифтани табобат дар санаторияву истироҳатгоҳҳо (курортҳо), ҳангоми касали ё рухсатии падару модар, инчунин дар фасли тобистон новобаста ба рухсатии падару модар ҷои кӯдак дар муассисаи таҳсилоти томактаби то 75 рӯз нигох дошта мешавад.

  1. Ба ширхоргоҳ кӯдакони аз 2-моҳа то 3-сола, ба кӯдакистонҳо кӯдакони аз 3-сола то 7-сола, ба ширхоргоҳ-кӯдакистон аз 1-сола то 7-сола ва ба муассисаи комплексии кӯдакистон-мактаб аз 3-сола то 10-сола қабул карда мешаванд.
  2. Гурӯҳҳоро аз рӯи принсипи синну соли ё кӯдакони синну солашон гуногун пурра кардан мумкин аст.

Шумораи кӯдакон дар гурӯҳҳо чунин аст:

Дар муассисаи томактабии умуми:

то 1-сола — 10 кӯдак;

аз 1-сола то 3-сола-15 кӯдак;

аз 3- сола боло — 20 кӯдак.

Дар муассисаҳои томактабии оилави, гурӯҳҳои кӯдакони синну солашон гуногун:

аз 1- сола то 3- сола — 6-8 нафар;

аз 3- сола то 7- сола — 8-10 нафар;

Дар муассисаи ғайридавлати (хусуси)

аз 1- сола то 3- сола -10 нафар;

аз 3-сола то 7-сола-15 нафар;

Гурӯҳҳои кӯдакони лаёқатманд:

аз 5- сола то 7- сола -12-15 нафар;

Гурӯҳи пулаки: 12-15 нафар;

Дар муассисаҳои томактабии махсусгардонидашуда:

 

Миқдор: то 3-сола аз 3-сола то 7-сола
кӯдаконе, ки дар нутқашон лакнат, нуқсонҳои вазнин доранд 6 10
кӯдаконе, ки тарзи талаффузи фонетики ва фонематиашон вайрон аст 12
кӯдакони кар 6 6
кӯдакони камшунаво 6 8
кӯдакони хирачашм ва олус 6 10
кӯдаконе, ки дар узви такягоҳию ҳаракат иллат доранд

 

6 8
кӯдакони ноқисулақл 10 (аз 5 сола)
кӯдакони рӯҳан инкишофнаёфта 6 10
кӯдаконе, ки касалии сил доранд (гурӯҳи санатори) 10-15 20
кӯдаконе, ки зуд-зуд бемор мешаванд (гурӯҳи санатори) 15 20

 

Эзоҳ: ба гурӯҳи кӯдакони синну солашон гуногуни кӯдакистонҳои оилави қабули кӯдакон аз як оила тавсия дода мешавад.

  1. Гурӯҳҳо аз ҳисоби кӯдакони навомада ва кӯдакони аз дигар гурӯҳҳои синну солашон гуногун гузаронидашаванда дар охири соли хониш (моҳи май) пурра карда шуда, қабули кӯдакон ҳангоми мавҷуд будани ҷойи холи сурат мегирад.
  2. Мутобиқшавии кӯдакони навомада ва кӯдакони хурди синну соли барвақт ва томактаби ба гурӯҳҳои синнусолии мазкур дар давоми як моҳ сурат мегирад.
  3. Соли таҳсил дар муассисаи таҳсилоти томактаби аз 1-уми сентябр оғоз меёбад.

 

  1. Фаъолияти молиявию хоҷагии муассисаи таҳсилоти томактаби

 

  1. Манбаи маблағгузории тамоми фаъолияти тарбиявию таълими, хоҷагиву молиявии муассисаи томактабиро маблағҳои буҷети ва ғайрибуҷети, аз ҷумла маблағи худи муассисон ва дигар сарчашмаҳо ташкил медиҳанд.

Муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлати (хусуси) бошад, аз ҳисоби маблағҳои муассисон фаъолият мекунад.

  1. Супоридани маблағ аз тарафи падару модарон ба мақсади пардохти хароҷот барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаи таҳсилоти томактаби мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» сурат мегирад.

Барои маблағгузории муассисаи таҳсилоти томактаби ҳамчун воҳиди ҳисоби солона ба ҳисоби миёна як кӯдак гирифта мешавад.

  1. Муассисаи таҳсилоти томактаби метавонад мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои иловаги, аз ҷумла асъориро, ки оинномааш пешбини кардааст, инчунин аз ҳисоби эҳсонкори ва пардохтҳои мақсадноки шахсони воқеи, ҳуқуқи, ва хориҷи истифода барад.

Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаи таҳсилоти томактаби инҳо мебошанд:

  • даромад аз ҳисоби хизматрасонии модди, ки дар асоси шартнома бо корхонаҳо, муассисаҳою ташкилотҳои давлати, ғайридавлати ва ҷамъияти мувофиқи дархости падару модар ба даст оварда мешавад;
  • пардохтҳои ихтиёрии эҳсонкори ва дигар маблағҳое, ки аз ташкилотҳои давлати ва ғайридавлати, ҷамъияти ва шахсони алоҳида ворид мешаванд;
  1. Маблағи муассисаи таҳсилоти томактабии давлати мутобиқи Оинномаи он истифода бурда мешавад.
  2. Муассисаи таҳсилоти томактаби хизматрасонии иловаги, ба монанди омӯзиши забонҳои хориҷи, гузаронидани машғулиятҳо оид ба хореография, варзиши мавзун (ритмика), инчунин дигар намудҳои хизматрасониро, ки иҷро кардани онҳо тибқи қонунгузори муқаррар гардидааст, ташкил менамояд.

Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаи таҳсилоти томактабии давлати ба муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлати (хусуси) низ тааллуқ доранд.

  1. Раванд ва тартиби истифодаи маблағҳои муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, ки аз манбаъҳои манънашудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил меёбанд, мутобиқи Оиннома ва дигар ҳуҷҷатҳои таъсисии муассисаи дахлдор муайян карда мешаванд.

Меъёрҳои маблағгузории муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлати, аз ҷумла хусуси, аз меъёрҳои маблағгузории муассисаи таҳсилоти томактабии давлатї дар қаламрави дахлдор кам буда наметавонанд.

  1. Муассисаи таҳсилоти томактаби ҳисоботи муҳосиби ва омори тартиб дода, онро дар мӯҳлатҳои муайяншуда ба мақомоти дахлдор пешниҳод мекунад. Шаклҳои ҳисобот, нишона ва мӯҳлати пешниҳоди онҳо тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати метавонад муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлатиро, ки аз аккредитатсияи давлати гузаштааст, дар доираи хароҷоти тарбияю таълими тарбиягирандагони муассисаи таҳсилоти томактабии давлати аз нигоҳи молияви дастгири намоянд.

 

  1. Идора ва роҳбарии муассисаи таҳсилоти томактаби

 

  1. Идоракунии муассисаи таҳсилоти томактабии давлати мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисии он амали гардонида мешавад. Роҳбарии умумии муассисаи таҳсилоти томактабии давлатиро шӯрои педогоги ва роҳбарии бевоситаро мудир амали мегардонад.
  2. Муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлати (хусуси) ҳамчун қисми таркибии системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари муассисаи таҳсилоти томактабии давлати салоҳият ва аҳамият дорад.
  3. Роҳбарони муассисаи таҳсилоти томактабии давлати мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти ваколатдор ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Назорати фаъолияти педагогии ҳамаи намудҳои муассисаҳои томактаби новобаста ба мансубияташон аз тарафи шӯъбаҳои маорифи шаҳри ва ноҳияви ба роҳ монда мешавад.

  1. Муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлатї (хусусї) мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисии он идора карда мешавад.

Идоракунии бевоситаи муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлатиро муассиси он ё бо супориши он шӯрои сарпарастон, ки муассис ташкил медиҳад, амали менамояд.

Мудирони (директорони) муассисаи таҳсилоти томактабии давлатию ғайридавлати (хусуси) дар бораи фаъолияти худ дар назди мақоме, ки онҳоро таъсис додааст, масъул мебошанд.

  1. Мақомоти худидоракунии муассисаи таҳсилоти томактабии давлати (шӯрои педагоги, кумитаҳои сарпарастон ва падару модарон) тадбирҳои зеринро амали мегардонанд:
  • манфиатҳои субъектҳои раванди таълиму тарбияро ташаккул ва инъикос намуда, ҳифзи онҳоро таъмин менамоянд;
  • нақшаи молиявию хоҷагии муассисаи таҳсилоти томактабиро муайян менамоянд;
  • вазъи молиявию хоҷагии муассисаи таҳсилоти томактабиро назорат мекунанд;

Ба ҳайати Шӯрои педагоги мудири кӯдакистон, мушовир, мураббиён, Раиси кумитаи падару модарон, ҳамшираи тибби дохил мешаванд.

 

 

  1. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳои

раванди тарбия ва таълим

 

  1. Субъектҳои раванди тарбия ва таълим инҳоянд:
  • тарбиягирандагон, мураббиён, дигар кормандони омӯзгори, падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) тарбиягирандагон, намояндагони ташкилоту муассисаҳои базави, дигар ташкилоту муассисаҳо, ассотсиатсияҳо, фондҳо, ташкилотҳои ҷамъияти, инчунин шаҳрвандони алоҳида, ки дар фаъолияти муассисаи таҳсилоти томактаби иштирок мекунанд;
  1. Тарбиятгирандагоии муассисаи таҳсилоти томактаби ҳуқуқ доранд, аз амали (беамалии) ғайриқонунии маъмурият, омӯзгорон ва дигар кормандон, ки ҳуқуқ, шаъну шараф ё қадру эътиборашонро паст мезананд, мутобиқи қонун худро ҳимоя кунанд;
  • тарбиятгирандагони муассисаи таҳсилоти томактабиро муассис бо ёрии тибби, солимгардони ва дигар ёрии модди, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, таъмин менамояд;
  • дар сурати қатъ гардидани фаъолияти муассисаи таҳсилоти томактаби, мақомоти идоракунии маориф ва муассис ба муассисаҳои томактабии дигар гузаронидани тарбиягирандагонро таъмин менамоянд.
  1. Ба фаъолияти педагоги шахсоне машғул шуда метавонанд, ки дорои таҳсилоти миёнаи касби, олии касби буда, малакаи зарурии касби ва сифатҳои баланди ахлоқи мебошанд.
  2. Кормандони омӯзгории муассисаи таҳсилоти томактаби давра ба давра аз аттестатсия мегузаранд. Мувофиқи натиҷаи аттестатсия ба вазифаи ишғолкарда сазовор будани корманд дараҷаи тахассуси ва сатҳи он муайян карда мешавад.
  3. Роҳбарони муассисаи таҳсилоти томактабие, ки зимни фаъолият ба қонуншикани роҳ медиҳанд, тибқи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Кормандони соҳаи омӯзгорие, ки кирдори содирнамудаашон ба минбаъд давом додани фаъолияти педагоги мухолиф аст, ба вазифаашон номуносиб дониста мешаванд, ё худ омӯзгороне, ки вазъи саломатиашон садди иҷрои вазифаҳои омӯзгори мегардад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кори педагоги озод карда мешаванд.

  1. Шахсоне, ки мувофиқи ҳукми суд ё нишондодҳои тиббии тасдиқшуда ба фаъолияти омӯзгори машғул шуданашон манъ карда шудааст, ба кори муассисаи таҳсилоти томактаби иҷозат дода намешаванд.
  2. Мудири (директори) муассисаи таҳсилоти томактаби истифодабарандаи маблағҳо ба ҳисоб рафта, аз номи муассисаи таҳсилоти томактаби бо дигар муассисаю ташкилотҳо қарордод мебандад;
  • дар доираи салоҳияти худ фармон бароварда, ҷазо медиҳад;
  • масъалаи интихоб намудан ва ҷо ба ҷогузории кадрҳоро ҳал намуда, ҳуқуқи тибқи қонуни меҳнат ба кор қабул ва аз вазифа озод намуданро дорад, ҷадвали воҳидҳои кориро тартиб медиҳад;
  • барои беҳтар намудани тарбияю таълими кӯдакон хизматрасонии иловагии таълимро ташкил менамояд;
  • иҷрои талаботи санитари-гигиени, зидди сӯхтор ва дигар шартҳоро оид ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакон таъмин менамояд;
  • мутобиқи тартиботи муқарраргардида аттестатсияи кормандонро ташкил карда, ҳангоми ҷобаҷогузории кадрҳо ва тартиб додани ҷадвали воҳидҳои кори натиҷаи аттестатсияро ба ҳисоб мегирад;
  • дар асоси қарори Шӯрои педагоги барои ба амал баровардани ҷараёни тарбияю таълим дар муассисаи таҳсилоти томактаби шароит фароҳам меоварад.

Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои кормандони педагогии муассисаи таҳсилоти томактаби

Кормандон ҳуқуқ доранд:

  • аз роҳбари муассиса барои амали гардонидани ҷараёни тарбия ва таълим шароити мусоидро талаб намояд;
  • барои комёбиҳо дар фаъолияти омӯзгори ва тарбияи насли наврас, аз ҷиҳати маънави ҳавасманд гардонида шуда, бо ордену медалҳо мукофотонида шаванд, ва унвонҳои фахри гиранд;
  • шараф ва шаъну эътибори касбиашонро ҳимоя намуда, аз рӯи тартиби муқарраршуда аз такмили ихтисос гузаранд;
  • барои густариши таҷрибаи пешқадами худ, интихоби озоди шакл, методҳои самарабахши тарбия ва таълим ташаббуси педагоги нишон диҳанд.

Кормандон ӯҳдадоранд:

  • иҷрои барномаҳои тарбиявию таълимро аз тарафи тарбиягирандагон таъмин намояд;
  • ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдаконро таъмин намуда, қоидаҳои санитариро риоя намоянд;
  • ба рушду инкишофи қобилияти тарбиягирандагон мусоидат намуда, онҳоро дар руҳияи эҳтиром нисбат ба падару модар, ҳамсолон, калонсолон, арзишҳои фарҳангию милли, таърихи, расму оинҳо, муҳити зист ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия намоянд;
  • одобу ахлоқи педагогиро риоя намояд, ҳуқуқ ва қадру эътибори кӯдакро эҳтиром кунанд, кӯдаконро аз аъмоли зӯроварии ҷисмонию рӯҳи ҳимоя намоянд, дар бобати пешгирии бемориҳои сирояткунанда, истеъмоли машрубот ва моддаҳои нашъаовар кор баранд.
  1. Падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) дар тарбияи фарзандони худ масъуланд ва дар таъмини инкишофи ҷисмони, маънави ва зеҳнии давраи аввали кӯдаки ва минбаъд барои ба мактаб омода намудани онҳо вазифадоранд.

Падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд) ҳуқуқу вазифаҳои зерин доранд:

  • барои кӯдакони ноболигашон муассисаҳои таҳсилоти томактаби ва шакли таълимро интихоб намоянд;
  • дар кори мақомоти худидораи муассисаҳои таҳсилоти томактаби иштирок намоянд;
  • ба мақомоти давлатии идораи маориф ва худидораи муассисаҳои томактаби оид ба масъалаҳои тарбия ва таълими фарзандон муроҷиат намоянд;
  • манфиатҳои қонунии фарзандони худро вобаста ба тарбияю таълим дар мақомоти давлати ва суд ҳимоя кунанд;
  • барои сиҳатии ҷисмони ва рӯҳии кӯдак пайваста ғамхори кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилиятҳои вай шароити зарури муҳайё созанд;
  • ҳуқуқ ва шаъну шарафи фарзандонро ҳимоя намоянд;
  • фарзандонро дар рӯҳияи башардӯсти, меҳнатдӯсти, ҳисси накӯкори, раҳмдили, эҳтироми аҳли оила, забони модари, адабиёту таърих ва анъанаҳои миллии фарҳангии халқи худ, эҳтироми арзишҳои милли ва фарҳангии дигар халқҳо тарбия намоянд;
  • ба фарзандон барои гирифтани тарбияю таълим дар муассисаи таҳсилоти томактаби мусоидат намуда, дар хона шароити мусоид муҳайё созанд;
  • фарзандонро дар рӯҳияи эҳтироми қонун, ҳуқуқ, озодии инсон, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд.

 

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: