НИЗОМНОМАИ НАМУНАВИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели cоли 2007

№ 171 тасдиқ шудааст

Низомномаи намунавии

 муассисаҳои таҳсилоти умумии

ҶумҳурииТоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

 

  1. Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумии зеринро ба танзим медарорад:

мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ. Ин мактаб барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии ибтидоиро амалӣ месозад;

мактаби таҳсилоти умумии асосӣ. Ин мактаб барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии ибтидоӣ ва умумии асосиро амалӣ менамояд;

мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ. Ин мактаб барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумиро амалӣ намуда, тайёрии иловагии хонандагонро таъмин менамояд;

мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида. Ин мактаб барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумиро амалӣ намуда, тайёрии амиқи хонандагонро аз рӯи равияи як ё якчанд фан таъмин менамояд;

гимназия. Ин муассиса барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумиро дар сатҳи баланд амалӣ намуда, тайёрии иловагии хонандагонро аз рӯи фанҳои равияи гуманитарӣ таъмин менамояд;

литсей. Ин муассиса барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумиро амалӣ намуда, тайёрии иловагии хонандагонро аз рӯи фанҳои равияи техникӣ ё табиатшиносӣ таъмин менамояд. Инчунин метавонад барномаҳои таҳсилоти умумии ибтидоиро амалӣ гардонад.

  1. Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ барномаҳои таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилоти томактабиро дар сурати доштани иҷозатнома (литсензия) амалӣ менамояд.

Муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки барномаи таҳсилоти томактабӣ ва барномаҳои таҳсилоти иловагиро амалӣ менамояд, дар фаъолияти худ ҳамчунин Низомномаи намунавии муассисаҳои томактабӣ ва Низомномаи намунавии таҳсилоти иловагии кӯдаконро дастури амал қарор медиҳад.

  1. Дар асоси Низомномаи мазкур муассисаи таҳсилоти умумӣ Оинномаи худро таҳия менамояд. Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ аз тарафи муассис тасдиқ карда шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаронида мешавад.

Барои муассисаҳои ғайридавлатӣ Низомномаи мазкур ҳамчун намуна ба ҳисоб меравад.

  1. Муассисаи таҳсилоти умумӣ барои амалӣ гардонидани ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти умумии ҳамаи зинаҳо, ки давлат кафолат додааст, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит муҳайё месозад.
  2. Фаъолияти муассисаи таҳсилоти умумӣ дар асоси принсипҳои демократӣ, инсонгароӣ, дастрасии умумии таҳсилот, арзишҳои афзалиятноки миллӣ, умумибашарӣ, солимии инсон, инкишофи озодонаи шахс ва хусусияти дунявӣ доштани таҳсилот амалӣ мегардад.
  3. Муассисаи таҳсилоти умумӣ ҳуқуқи шаҳрвандонро новобаста ба аслу насаб, ҷинс, забон, миллат, мазҳаб, касбу кор, вазъи иҷтимоӣ дар се зинаи таҳсилот амалӣ карда, масъулияти иҷрои барномаи таълиму тарбияро ба манфиати шахс, ҷомеа, давлат ба зимма мегирад ва барои рушди ҳаматарафаи шахсият, аз он ҷумла имконияти қонеъ кардани эҳтиёҷоти ӯро ба худомӯзӣ ва гирифтани таҳсилоти иловагӣ таъмин менамояд.
  4. Муассисаи таҳсилоти умумӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати таҳсилот ва мутобиқи он ба стандарти давлатии таҳсилот, барои комилан мувофиқ кардани ҷараёни таълим ба синну сол, хусусиятҳои психофизиологӣ, майл, қобилият, завқи хонанда, талаботи ҳимояи саломатӣ ва ҳаёти онҳо масъул мебошад.
  5. Муассисаи таҳсилоти умумӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, Низомномаи мазкур ва Оинномаи худро дастури амал қарор медиҳад.
  6. Мақсади асосии муассисаи таҳсилоти умумӣ дар доираи азхудкунии барномаҳои ҳатмии таҳсилоти умумӣ ташаккул додани маданияти шахсии хонандагон, мутобиқ шудани онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ, замина гузоштан барои интихоби бошууронаи касб ва минбаъд аз худ кардани барномаҳои касбии таҳсилот, дар шуури хонандагон тарбия намудани ҳисси ватанпарварӣ, шаҳрвандӣ, меҳнатдӯстӣ, зебоипарастӣ, экологӣ, таҳаммул ва тоқатпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодӣ, муҳаббат ба табиат, Ватан, оила, устод, ташаккули тарзи ҳаёти солим иборат аст.
  7. Муассисаи таҳсилоти умумӣ таълиму тарбияро ба манфиати шахс, ҷамъият, давлат, таъмини ҳифзи саломатӣ ва муҳайё намудани шароити мувофиқ барои инкишофи ҳаматарафаи шахсият равона намуда, инчунин имконияти талаботи хонандаро ба худомӯзӣ ва гирифтани таҳсилоти иловагӣ таъмин менамояд.
  8. Дар муассисаи таҳсилоти умумӣ ба ташкилу фаъолияти ҳизбҳои ҷамъиятию сиёсӣ, ҳаракатҳо ва ташкилоти динӣ иҷозат дода намешавад.
  9. Дар муассисаи таҳсилоти умумӣ бо ташаббуси муассисаи таълимӣ ва падару модарон шӯрои ҷамъиятӣ, кумитаи падару модарон ташкил карда мешавад.

Бо хоҳиши хонандагон дар муассисаи таҳсилоти умумӣ созмонҳои талабагӣ таъсис дода мешавад.

  1. Бо назардошти талабот ва имкониятҳои шахс барномаҳои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар шакли таҳсили рӯзона, ғоибона (шабона) ва ба тарзи экстернат тибқи низомномаҳои тасдиқнамудаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
  2. Гирифтани ҳамаи шаклҳои таҳсилот дар доираи барномаҳои асосии таҳсилоти умумӣ стандарти ягонаи давлатии дахлдор амал мекунад.

 

  1. Ташкили фаъолияти муассисаҳои

таҳсилоти умумӣ

 

  1. Муассисаи таҳсилоти умумӣ бо ташаббуси муассис (муассисон) таъсис ёфта, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

 

Муассисаи таҳсилоти умумӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.

Дар мавриди аз нав ташкил кардан ва ё барҳам додани муассисаи таҳсилоти умумӣ риояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандони хориҷшуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.


Муассиси ҳама гуна муассисаи таълимии ҳарбӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

  1. Ба ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо супоридани муассисаи таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва ба ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супоридани муассисаи таълимии дорои мақоми вилоятӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  2. Муносибати байни муассис ва муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ, ки танзими онро Низомномаи мазкур пешбинӣ накардааст, дар асоси шартномаи байни онҳо сурат мегирад.
  3. Муассисаи таҳсилоти умумӣ бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ мешавад.
  4. Муассисаи таълимӣ бо қарори муассис метавонад мақомашро дигар намояд, агар он бар хилофи ӯҳдадории мактаби таҳсилоти умумӣ амал накунад.
  5. Барҳам додани муассисаи таълимӣ тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
  6. Муассисаи таҳсилоти умумӣ метавонад филиалҳои худро дошта бошад, ки онҳо шахси ҳуқуқӣ буда наметавонанд.

Роҳбарони филиалҳоро муассис, ки онҳоро ташкил кардааст, таъин ва озод менамояд.

  1. Муассисаи таҳсилоти умумӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар ташкили иттиҳодияҳои таҳсилотро дар шакли ассотсиатсия доро мебошад.
  2. Хизматрасонии тиббии хонандагонро дар муассисаи таҳсилоти умумӣ кормандони соҳаи тиб, ки мақомоти тандурустӣ онҳоро ба ин муассисаи мазкур вобаста намудаанд, таъмин менамоянд. Онҳо ҳамзамон баробари роҳбарони мактаб ва кормандони педагогӣ дар гузаронидани чорабиниҳои табобатию пешгирии беморӣ, риояи меъёрҳои тозагию беҳдоштӣ, тартиб ва сифати хӯроки хонандагон масъул мебошанд.

Муассисаи таълимӣ вазифадор аст, ки барои кормандони соҳаи тиб шароити мусоид муҳайё созад.

  1. Ташкили хӯрок дар муассисаи таълимӣ дар мувофиқа бо мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ба ӯҳдаи муассисаи таҳсилоти умумӣ гузошта мешавад. Дар муассисаи таълимӣ бояд мавҷудияти ҷойи хӯрокхӯрӣ, амбори нигоҳдории маҳсулот ва ошхона пешбинӣ карда шавад.
  2. Шумораи синфҳои муассисаи таҳсилоти умумӣ вобаста ба теъдоди аризаҳои шаҳрвандон, шароите, ки барои амалӣ кардани ҷараёни таълиму тарбия муҳайё карда шудааст ва бо назардошти меъёрҳои тозагию назоратӣ муайян карда мешавад.
  3. Теъдоди хонандагони синфҳои муассисаҳои таҳсилоти умумиро, ки (синфҳои нопурра низ дохил мешаванд) дар деҳаҳо ҷойгиранд, аз рӯи талаботи аҳолӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян менамояд.
  4. Ба синфи якум кӯдакони 7-сола ё онҳое, ки то охири моҳи декабр ба синни 7 медароянд, қабул карда мешаванд. Сабти номи кӯдакон то оғози соли таҳсил анҷом ёфта, бо фармони директори муассисаи таълимӣ ба расмият дароварда мешавад.

Хонанда бо хоҳиши худ ё хоҳиши падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) метавонад муассисаи таълимиро интихоб намояд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

  1. Муассисаи таълимӣ метавонад бо дархости падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) гурӯҳҳои рӯзаш бардавом ташкил намояд. Теъдоди хонандагон дар синфҳо ва гурӯҳҳои рӯзаш бардавом 25 нафар муқаррар карда мешавад.
  2. Агар дар мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр миқдори хонандагони синф аз 25 нафар ва дар мактабҳои таҳсилоти умумии деҳот аз 20 нафар зиёд бошад, дар вақти гузаронидани машғулиятҳо аз фанҳои забони русӣ, забони хориҷӣ ва технология дар зинаи дуюм ва сеюми таҳсилоти умумӣ ва дар машғулиятҳои амалии фанҳое, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи таълимӣ муайян мекунад, хонандагон ба зергурӯҳҳо ҷудо карда мешаванд.

Дар дарсҳои забони модарӣ ҳангоми доштани шароит хонандагон ба зергурӯҳҳо тақсим карда мешаванд.

Шумораи хонандагони ҳар як синф ва ба гурӯҳҳо тақсим кардани онҳоро дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ муассис муайян мекунад.

  1. Муассисаи таълимӣ дар асоси ташхиси комиссияи педагогӣ- психологӣ бо розигии падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) хонандагонро вобаста ба камбудиҳои инкишофи рӯҳию ҷисмониашон ба мактабҳои махсус мефиристад.

 

  1. Раванди таълиму тарбия

 

  1. Муассисаи таҳсилоти умумӣ ҷараёни таълиму тарбияро мутобиқи савияе, ки дар барномаҳои таҳсилоти умумӣ пешбинӣ шудааст, амалӣ мегардонад:

зинаи якум – таҳсилоти умумии ибтидоӣ (мӯҳлати таҳсил 4 сол);

зинаи дуюм – таҳсилоти умумии асосӣ (мӯҳлати таҳсил 5 сол);

зинаи сеюм – таҳсилоти миёнаи умумӣ (мӯҳлати таҳсил 2 сол).

Зинаҳои муассисаҳои таълимӣ мустақилона ва ё якҷоя метавонанд амал намоянд.

  1. Вазифаи муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ аз инкишофи фикрии хонанда иборат буда, ба онҳо хондан, навиштан, ҳисоб карданро таълим дода, худшиносӣ, санъати сухангӯӣ, асосҳои ҳифзи саломатӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, обу тоби ҷисмонӣ, бедор намудани шавқу завқашон ба таҳсил ва маърифатҷӯӣ, омодагӣ ба омӯзиши ҳаматарафаи забонҳои модарӣ, русӣ, англисӣ, ба тарзи хаттию шифоҳӣ баён карда тавонистани андеша, тарзи муошират ва муносибати оддитарину иҷрои онҳоро ёд медиҳад.

Таҳсилоти умумии ибтидоӣ заминаи гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ мебошад.

  1. Вазифаи муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ аз омода намудани шароит барои таълиму тарбия иборат буда, ташаккули шахсияти хонандагонро таъмин менамояд ва барои инкишофи шавқу ҳавас, майлу рағбат ва қобилияти худмуайянкунии иҷтимоии онҳо замина муҳайё месозад.

Таҳсилоти умумии асосӣ барои дарёфти таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ замина мебошад.

  1. Вазифаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз он иборат мебошад, ки шавқу ҳаваси хонандагонро нисбат ба донишандӯзӣ зиёд намуда, маҳорату малака, қобилияти эҷодӣ ва фаъолияти мустақилонаи таълимии онҳоро дар асоси ҷорӣ кардани таълими равиявӣ (тафриқавӣ) сайқал диҳад. Илова ба фанҳои ҳатмии асосӣ дар ин зинаи таълим бо хоҳиши хонанда ба мақсади амалӣ гардонидани шавқу қобилият, имкониятҳои шахсӣ ва хоҳиши вай фанҳои иловагӣ ҷорӣ карда мешаванд.

Таҳсилоти миёнаи умумӣ асоси дарёфти таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи дархости хонандагон ва падару модарони онҳо (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ҳангоми мавҷуд будани шароит дар муассисаи таълимӣ мумкин аст таълим аз рӯи равияҳои гуногун ва самтҳои касбӣ ҷорӣ карда шавад.

  1. Давлат ба шаҳрвандон интихоби забони таҳсилро кафолат медиҳад. Таълим ба забони давлатӣ сурат гирифта, дар маҳалҳои сукунат доштани миллатҳои дигар дар доираи имкониятҳои мавҷудаи соҳаи маориф таҳсил бо забони модарии онҳо таъмин карда мешавад.

Интихоби озоди забони таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ бо роҳи ташкил намудани шумораи зарурии синфҳо, гурӯҳҳо ва шароити мусоид барои фаъолияти онҳо таъмин карда мешавад.

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ва яке аз забонҳои хориҷӣ таълим дода мешавад.

  1. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ бо хоҳиши падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) дар асоси шартномаи байни муассисаи таълимӣ ва падару модарон таълими иловагии пулакӣ ташкил карда мешавад.

Таълими иловагии пулакӣ берун аз нақшаи таълимӣ аз рӯи самтҳои зерин амалӣ мегардад:

  • аз рӯи таълими барномаҳои алоҳидаи фанҳои ҷудогона, ки дар стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ нашудааст;
  • омӯзиши амиқи фанҳо, таълими фардӣ ва гурӯҳии фанҳои алоҳида.

Шакл ва намуди хизматрасонии иловагии пулакиро Низомномаи «Номгӯи хизмати иловагии таълими пулакӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муайян менамояд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ онро дар Оинномаи худ ба инобат мегирад.

  1. Муассисаи таълимӣ дар интихоби шаклу метод ва маводи таълиму тарбия дар доираи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мустақил мебошад.
  2. Ҷараёни таълим дар муассисаи таълимӣ аз рӯи нақшаи таълимӣ амалӣ мешавад. Нақшаи таълимии мазкурро муассисаи таълимӣ дар асоси нақшаи таълимии намунавии тасдиқкардаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия менамояд.

Муассисаи таълимӣ реҷаи кориашро барои ҳафта дар асоси нақшаи кории солонаи худ муайян мекунад.

Сарборӣ ва тартиби гузаронидани машғулиятҳои хонандагон дар Оинномаи муассисаи таълимӣ дар асоси талаботи санитарӣ-гигиенӣ инъикос карда мешавад.

  1. Дар муассисаҳои таълимӣ корҳои тарбиявӣ дар асоси Консепсияи миллии тарбия бо назардошти майлу хоҳиш, ҳусни таваҷҷӯҳ, шавқу завқи хонандагон, эҳтироми тарафайн, ҳамкории хонандаю омӯзгор ташкил карда мешавад.

Мақсади асосии тарбия аз ҳимояи Ватан, эҳтироми анъанаҳои миллӣ ва умумибашарӣ, фарҳанг, муносибати некбинона бо халқу миллатҳои дигар, меҳнат, риояи қонун ва робитаи инсон ба ҷомеъа иборат мебошад.

  1. Соли хониш 1 сентябр оғоз ёфта, 25 май ба анҷом мерасад. Давомнокии соли хониш дар ҳар се зинаи таҳсилот на кам аз 34 ҳафта мебошад. Барои хонандагони синфи якум 33 ҳафтаи хониш муқаррар карда мешавад.

Давомнокии таътилҳо дар давоми соли хониш 30 рӯзи тақвимӣ буда, таътили тобистона на кам аз 9 ҳафта (аз 1 июл то 31 август), тирамоҳӣ 8 рӯз (аз 1 ноябр то 8 ноябр), зимистона 10 рӯз (аз 1 январ то 10 январ) ва баҳорӣ 12 рӯз (аз 20 март то 31 март) муқаррар карда мешавад.

Барои хонандагони синфи якум як ҳафтаи таътили иловагӣ муқаррар карда мешавад ва мӯҳлати онро дар давоми соли хониш Шӯрои педагогии муассисаи таҳсилоти умумӣ муайян менамояд.

Дар мавридҳои зарурӣ тағйир додани вақту мӯҳлати таътил бо иҷозати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

  1. Муассисаи таълимӣ дар низоми баҳогузорӣ, шаклу тартиб ва санҷишҳои фосилавии хонандагон дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Оинномаи худ амал мекунад.

 

  1. Иштирокчиёни раванди таълим

 

  1. Дар муассисаи таҳсилоти умумӣ хонандагон, тарбиягирандагон, кормандони педагогӣ, мураббиён ва падару модарони хонадагон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) субъектҳои раванди таълиму тарбия мебошанд.
  2. Тартиби қабули хонандагон ва кормандонро ба муассисаи таълимӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» муқаррар кардааст, муассиси муассисаи таълимӣ дар Оинномаи худ муайян карда, ба расмият медарорад.
  3. Муассиси муассисаи таълимӣ тартиби ба таълим фаро гирифтани шаҳрвандонеро, ки дар маҳалли мазкур барои дарёфти таҳсилоти сатҳи зарурӣ ҳақ доранд, дар зинаҳои таҳсилоти умумии ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ муайян менамояд.

Шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди муассисаи таълимии муайяншуда зиндагӣ намекунанд, дар сурати набудани ҷойи холӣ ба муассисаи таълимии мазкур қабул карда намешаванд.

  1. Муассисаи таълимӣ вазифадор мебошад, ки қабулшудагон ва падару модарони онҳоро (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) бо Оиннома ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаьолияти муассисаи таълимии мазкурро ба танзим медарорад, шинос намояд.
  2. Хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ ҳуқуқ доранд, ки:
  • таҳсилоти ройгон гиранд (ибтидоӣ, асосӣ, миёна мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот, аз рӯи нақшаи таълимии инфиродӣ);
  • аз китобхонаи муассисаҳои таълимӣ ройгон истифода баранд;
  • аз хадамоти маърифати иловагии (аз ҷумла пулакии) таҳсилот баҳра гиранд;
  • дар идоракунии муассисаи таълимӣ (тарзи иштирок дар Оинномаи муассисаи таълимӣ нишон дода мешавад) ширкат варзанд;
  • шаъну шарафи инсонӣ, озодии виҷдони худро ҳимоя карда, назари шахсӣ ва андешаашонро озодона баён кунанд.
    1. Дар муассисаи таълимӣ бе розигии хонандагон ва падару модаронашон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ҷалб намудани хонандагон ба меҳнате, ки дар барномаҳои таълимӣ пешбинӣ нашудааст, манъ аст.

Хонандагон барои аъзо шудан ба узвияти созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ (иттиҳодияҳо), ҳаракатҳо ва ҳизбҳо ҳамчунин ширкат дар таблиғи чунин созмонҳо, маъракаҳои таблиғотӣ ва сиёсӣ иҷозат дода намешаванд.

  1. Хонандагоне, ки барномаҳои таълимии соли хонишро пурра аз худ кардаанд, ба синфи дигар гузаронида мешаванд.

Хонандагоне, ки дар ҷамъбасти сол аз як фанни таълимӣ баҳои ғайриқаноатбахш мегиранд, шартан ба синфи дигар гузаронида мешаванд.

Масъулияти бартараф кардани қарздории хонанда дар давоми таҳсили соли оянда ба зиммаи омӯзгор ва падару модар гузошта мешавад.

Хонандагоне, ки дар зинаҳои таҳсилоти умумии ибтидоӣ (ба истиснои синфи якум), умумии асосӣ аз ду ва зиёда фанҳо қарздор мегарданд, такроран дар синфашон мононда мешаванд.

Хонандагоне, ки барномаи таълимии таҳсилоти умумии зинаи қаблиро аз худ накардаанд, ба зинаи дигари таҳсилоти умумӣ гузаронида намешаванд. Тартиби амалӣ шудани он дар Оинномаи муассисаи таълимӣ инъикос меёбад.

  1. Азхудкунии барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ бо супоридани имтиҳонҳо анҷом меёбад.

Имтиҳоноти давлатии (ҷамъбастии) хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамал дар бораи аттестатсияи давлатии хатмкунандагон, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, гузаронида мешавад.

  1. Ба шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаро ба охир расонидаанд, дар бораи гирифтани таҳсилот шаҳодатномаи намунаи давлатӣ дода мешавад.
  2. Ба шахсоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумиро ба охир нарасонидаанд, аз тарафи муассисаи таҳсилоти умумӣ гувоҳномаи намунаи муайян дода мешавад.
  3. Ба хатмкунандагони муассисаи таълимии, ки аз имтиҳонҳои давлатӣ гузаштаанд, доир ба хатми зинаи марбутаи таҳсилоташон шаҳодатнома бо мӯҳри нишони давлатидошта дода мешавад.
  4. Ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, ки дар соли хониш ба муваффақиятҳои шоён ноил шуда, аз ҳамаи фанҳои таълимӣ баҳои аъло доранд ва имтиҳонҳои давлатиро низ бо баҳои аъло супоридаанд, шаҳодатномаи аъло дода мешавад.
  5. Хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар хониш ба муваффақиятҳои шоён ноил шудаанд, дар асоси «Низомномаи мукофотонидан бо медали тилло ва нуқра», ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, мукофотонида мешаванд.

Хатмкунандагоне, ки дар омӯзиши як ё якчанд фан ба муваффақиятҳои шоён ноил гаштаанд, дар асоси Дастури низоми мукофотонидани хонандагон, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, бо мукофотҳои муайянгардида сарфароз гардонида мешаванд.

Хонандагоне, ки аз синф ба синф гузаштаанд ва аз фанҳои таълимӣ ба пешравиҳо ноил гашта, баҳои чорякӣ ва солонаи аъло доранд, бо Ифтихорномаи «Барои хониши аъло» қадр карда мешаванд.

  1. Муассисаи таълимии ғайридавлатие, ки аз аттестатсия гузашта, аккредитатсияи давлатӣ надорад, мутобиқи иҷозатнома (литсензия) ба хатмкунандагон доир ба таҳсилоташ гувоҳномаи худро медиҳад.
  2. Хонандагон талаботи Оинномаи муассисаи таълимӣ, риояи қоидаҳои дохилимактабӣ ва талабагиро риоя карда, софдилона таҳсил намуда, барои ҳифзи ашёҳои муассисаи таълимӣ ва эҳтироми шаъну шарафи хонандагони дигар ва кормандони муассиса вазифадор мебошанд. Истифодаи усулҳои таъсиррасонии ҷисмонӣ ва психологӣ нисбати хонандагон иҷозат дода намешавад.
  3. Хонандагоне, ки ба синни 15-солагӣ расидаанд ва борҳо тартибу қоидаҳои фаъолияти дохилимактабиро вайрон карда, рафтори ношоиста нишон медиҳанд, инчунин ба мактаб зарарҳои моддӣ расонида, талаботи Оинномаи муассисаи таълимиро риоя намекунанд, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешаванд. Хориҷ кардани хонанда ба салоҳияти мақомоти раёсат, шӯъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гузошта мешавад.

Муассисаи таълимӣ вазифадор аст, ки дар мӯҳлати 3 рӯз мақомоти худидоракунии маҳаллиро аз хориҷ кардани хонанда огоҳ намояд.

Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ якҷоя бо падару модари хонандае, ки (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) аз муассисаи таълимӣ хориҷ шудааст, дар муддати як моҳ барои ба меҳнат ва ё барои давом додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии махсус ҷалб намудани ӯ чораҳо меандешанд.

Аз муассисаи таълимӣ хориҷ кардани кӯдакони ятиму бепарастор танҳо бо иҷозати мақомоти васояту парасторӣ амалӣ карда мешавад.

  1. Ҳуқуқ ва вазифаҳои падару модарони (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) хонандагонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои маориф» муайян мекунад.
  2. Ба кори педагогӣ омӯзгороне, ки маълумоти лозимаи касби омӯзгорӣ доранд ва ҳуҷҷати онҳо талаботи тахассусиро барои иҷрои вазифаи ишғолнамудаашон тасдиқ мекунад, қабул карда мешаванд.

Дар муассисаҳои таълимӣ ба фаъолияти педагогӣ шахсони зерин роҳ дода намешаванд:

  • бо ҳукми суд фаъолияташон манъ шуда бошад;
  • барои содир кардани ҷиноят суд шуда бошанд;
  • фаъолияташон аз рӯи хулосаи комиссияи тиббӣ манъ шуда бошад.

Номгӯи ҷиноятҳо ва ҳукми комиссияи тиббӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

  1. Муносибати корманд бо муассисаи таҳсилоти умумӣ дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ба низом дароварда мешавад.
  2. Ҳуқуқ ва вазифаҳои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаи таҳсилоти умумӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» муайян карда мешавад.
  3. Ҳаҷми сарбории таълимии корманди педагогӣ бо дарназардошти микдори соатҳои нақшаи таълимӣ ва барномаҳои фаннӣ, таъминоти кадр ва шароитҳои дигари муассисаи таълимии мазкур муқаррар карда мешавад.

Ҳаҷми сарбории таълим ба кормандони педагогӣ як миқдори маош (ставка) муқаррар карда мешавад. Дар сурати нарасидани кадрҳои педагогӣ мувофиқи қобилияти муаллим то 1,5-2 миқдори маош (ставка) сарборӣ додан мумкин аст. Барои директор дар як ҳафта 9 соати дарсӣ ва ба ҷонишинони директор то 12 соати дарсӣ иҷозат дода мешавад.

Сарбории таълимии (кори педагогии) аз меъёри як маош (ставка) кам танҳо бо розигии хаттии корманд таъмин карда мешавад.

Сарбории дар аввали сол ба корманди педагогӣ муқарраршуда дар давоми сол аз тарафи маъмурият каму зиёд карда намешавад, ба ҷуз ҳолатҳое, ки агар соатҳо дар нақша ва барномаҳои таълимӣ каму зиёд ва синфхонаҳо ихтисор нашаванд.

Ҳаҷми сарбории таълимии корманди педагогӣ, ки соли гузашта муайян шудааст, дар соли хониши оянда низ нигоҳ дошта мешавад. Маъмурият онро каму зиёд карда наметавонад, ба ҷуз ҳолатҳое, ки агар дар нақшаи таълимӣ соатҳо каму зиёд, синфҳо ихтисор нашаванд ва сарборӣ аз меъёри муайяншуда зиёд набошад.

Муайян намудани сарбории таълимӣ дар соли нави хониш ба муаллимон ва дигар кормандони педагогӣ, ки муассисаи таълимии мазкур ҷойи кори асосиашон ба ҳисоб меравад, чун қоида ҳаҷм ва бартарияти таълими фанҳо дар синфҳо нигоҳ дошта мешавад.

  1. Кормандони муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд ба талаботи тахассусии ин муассиса мутобиқ бошанд ва вазифадоранд, ки тибқи Оинномаи муассисаи таълимии мазкур фаъолият намоянд.

 

  1. Идоракунии муассисаи таълимӣ

 

  1. Идоракунии муассисаи таҳсилоти умумӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки дар асоси Низомномаи мазкур таҳия мешавад, амалӣ мегардад.

Дахолати мақомоти марбутаи маориф ба ҷараёни таълим, илм, хоҷагӣ ва дигар фаъолияти муассисаи таълимӣ танҳо дар мавридҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир аст.

  1. Шакли асосии худидоракунӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ шӯрои педагогӣ, шӯрои сарпарастон, маҷлиси умумӣ ва шӯрои ҷамъиятӣ мебошад.

Шӯрои ҷамъиятӣ ба худидоракунии муассисаи таълимӣ кӯмак мерасонад.

Роҳбарии умумии муассисаи таълимиро шӯрои педагогӣ ва роҳбарии бевоситаи онро директор амалӣ мегардонад.

Фаъолияти шӯрои педагогӣ, шӯрои ҷамъиятӣ, шӯрои сарпарастони муассисаи таълимиро Низомномаи онҳо муайян мекунад.

Шӯрои педагогии муассисаи таълимӣ ҷаласаи худро дар муддати як моҳ як маротиба гузаронида, ҳангоми зарурат ҷаласаи ғайринавбатӣ мегузаронад.

Роҳбари муассисаи таҳсилоти умумии давлатиро мақомоти дахлдори маориф ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани вай дар Оинномаи муассисаи таълимӣ инъикос карда мешавад.

  1. Роҳбари муассисаи таълимӣ (директор) дар назди давлат, ҷамъият, падару модарон, муассисон барои ташкил ва сифати корҳои таълиму тарбия, натиҷаҳои ниҳоии он, донишу малака, маҳорати хонандагон, сатҳи тарбияи онҳо, нигоҳ доштани саломатӣ, инкишофи ҷисмонии хонандагон, сифати таълим ва ҳолати молию хоҷагии муассисаи таълимӣ ҷавобгар буда, вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
  • дар якҷоягӣ бо шӯрои педагогӣ оид ба инкишофи муассисаи таълимӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таълим фармон қабул менамояд, ки иҷрои он барои кормандон ва хонандагон ҳатмӣ мебошад;
  • мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қонунгузорӣ оид ба меҳнат, қоидаҳои дохилии тартиботи меҳнатӣ, Низомномаи мазкур ва Оинномаи муассисаи таълимӣ доираи вазифаҳои хизматии кормандонро муайян менамояд;
  • барои фаъолияти самарабахши омӯзгорон (амалӣ гардонидани ташаббус ва паҳн намудани таҷрибаҳои нав, интихоби озоди усул ва роҳҳои таълим) шароит фароҳам оварда, тибқи «Қоидаҳои аз аттестасия гузаронидани кормандони идора ва шӯъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, томактабӣ ва таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кормандонро аз аттестатсия мегузаронад;
  • ба кормандони педагогӣ барои дастгирии ҳуқуқҳои онҳо, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ шудааст, ҳамаҷониба мусоидат менамояд;
  • қонунгузории амалкунандаро қатъӣ риоя намуда, сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои аз дигар манбаъҳо воридшударо таъмин месозад;
  • ҷонишинони худро дар мувофиқа бо мақомоти марбутаи маориф таъин ва озод менамояд;
  • ба мақомоти дахлдор оид ба фаъолияти муассисаи ьаълимӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда ҳисобот медиҳад.

Бо мақсади инкишофу такмили ҷараёни таълиму тарбия, такмили ихтисоси муаллимон, мураббиён, омӯхтан ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар муассисаҳои таълимӣ шӯрои методӣ ташкил карда мешавад, ки вазифаҳои хизматии шӯрои методӣ дар Низомномаи он инъикос меёбанд.

  1. Вазифаи директори муассисаи таълимии ғайридавлатиро муассис ё муассисон (шӯрои сарпарастон) дар асоси Низомномаи мазкур муайян мекунанд.

 

  1. Амвол ва воситаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

 

  1. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муассис ба муассисаи таълимӣ биноҳо, таҷҳизот ва дигар амволе, ки таҳти назорати муассиса мебошанд, вобаста менамояд.

Ҳамаи намуди амволи муассисаи таҳсилоти умумӣ ва мақсади истифодаи онҳо дар Оинномаи он зикр карда мешаванд. Амволеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он вобаста намудааст, мусодира кардан, бар хилофи вазифаҳои асосӣ истифода бурдан мумкин нест.

Қитъаи замине, ки ба муассисаи таълимӣ ҷудо карда шудааст, бе мӯҳлат ва ба тариқи ройгон барои истифода дода мешавад.

Бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки дар минтақаи зисти шаҳрвандон барои ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон таъсис дода шудааст, ба муассисаҳои дигари таълимӣ, ки боиси аз муассисаи таълимӣ берун мондани хонандагони минтақаи мазкур мегардад, табдил дода намешавад.

  1. Муассисаи таълимӣ ҳуқуқи бастани шартномаро, ки боиси аз даст рафтани фонди асосии муассисаи таълимӣ мегардад, надорад.
  2. Манбаъҳои асосии тараққиёти муассисаи таълимӣ ва манбаъҳои даромад аз инҳо иборат аст: маблағҳои буҷети ҷумҳурияӣ ва маҳаллӣ, корхонаю ташкилотҳо, сарпарастон, аз таҳсилоти иловагии бадастомада, ихтиёрӣ расонидани ёрӣ аз тарафи падару модарон, маблағҳои шахсони алоҳида ва шаҳрвандон, хизматрасонии иловагии таҳсилот, даромад аз маводи ба фурӯш баровардашуда ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст (ҷорӣ кардани омӯзиши силсилаи фанҳои алоҳида, аз он ҷумла ташкилотҳои варзишӣ ва дигар иттиҳодияҳо).

Хизматрасонии музднок набояд бар ивази фаъолияти аз маблағҳои буҷет пардохташаванда сурат гирад.

  1. Маблағгузории муассисаи таълимӣ дар асоси меъёрҳои маблағгузории давлатии сарикасӣ ва маҳаллӣ сурат мегирад.

Барои муассисаҳои таълимии хонандагонашон аз меъёр ками деҳот муайян кардани меъёри маблағгузорӣ новобаста аз шумораи хонандагон ба назар гирифта мешавад.

Ба муассисаи таҳсилоти умумӣ ҷалб кардани маблағҳои иловагӣ сабаби кам кардани меъёри маблағгузорӣ аз буҷети муассис шуда наметавонад.

  1. Маблағҳои пулии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз буҷет маблағгузорӣ карда мешавад, ба суратҳисоби хазинадори маҳаллӣ гузаронида шуда ва дар он нигоҳ дошта мешавад.
  2. Тартиби пешбарии ҳисоботи муҳосиботӣ (бухгалтерӣ) дар муассисаи таълимӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
  3. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар муассисаи таҳсилоти умумӣ барои дар мавридҳои зарурӣ ба хонандагони оилаҳои камбизоат расонидани ёрии моддӣ фонди таълим таъсис дода мешавад.

Фонди таълим аз ҳисоби маблағҳои хайриявии корхонаю муассисаҳо, ташкилоти иттифоқҳои касаба ва дигар манбаъҳо таъсис меёбад.

Фонди таълим барои хӯроки бепули имтиёзнок, таъмини хонандагони эҳтиёҷманд бо китобҳои дарсӣ, сару либос, пойафзол ва дигар намуди ёрии моддӣ сарф мешавад.

  1. Пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳуриии Тоҷикистон сурат мегирад.

Пардохти музди меҳнати кормандони муассисаи таълимии ғайридавлатиро муассис муайян мекунад.

Муассисаҳои таълимӣ дар доираи маблағҳои барои музди меҳнат ҷудокардашуда метавонанд музди меҳнатро аз рӯи меъёрҳои амалкунанда, аз рӯи натиҷаи ниҳоии кори ҳар як омӯзгор, ҳамчунин ба микдори маоши хидматӣ (ставка) ва мукофотпулии меҳнатӣ, иловапулӣ муқаррар намоянд.

Чунин иловапулиҳоро мутобиқи меъёрҳои мавҷудаи музди меҳнат барои маҳорати касбӣ, самарнокии кор, комёбиҳо дар меҳнат, иҷрои корҳои махсусан муҳим, такмили ихтисос, мукофотпулӣ ва корҳое, ки қонунгузории Ҷумҳуриии Тоҷикистон муайян кардааст, истифода бурдан мумкин аст.

  1. Муассисаи таълимӣ сохти идоракунӣ ва воҳидҳои кории худро дар мувофиқа бо муассис муайян менамояд.

 

  1. Робитаҳои хориҷӣ

 

  1. Муассисаи таҳсилоти умумӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо муассиса ва ташкилотҳои хориҷӣ робитаҳои ҳамкорӣ дошта бошад.
Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: