Об сарчашмаи ҳаёт аст

Дарси забони давлатӣ  дар синфи 7

Омӯзгори фанни забони давлатӣ          Мирраҳматова О.Ҳ.

 

Мавзӯъ: Об сарчашмаи ҳаёт  аст

 

Мақсади дарс: 1.Тавассути баёни мавзӯи нав тарғиб намудани ҳисси ватандӯстӣ, ба сарватҳои табии ватани худ расидан, сарфакорона истифода бурдани об, тоза нигоҳ доштани табиат

2.Инкишофи нутқи хонандагон

3.Ташаккул  додани дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон

Асбобҳои аёнӣ: Тахтаи магнитӣ , воситаҳои техникӣ  (компютер, тахтаи электронӣ), расмҳо, варақчаҳо, когазҳои ранга, харита.

Равиши дарс:

Хонандагони азиз, Шумоён дар синфи таълимаш бо забони русӣ мехонед, ҳоло дарси забони давлатӣ доред, бояд донед, ки дар Сарқонуни ҶумҳурииТоҷикистон дар боби 1 моддаи 2 оварда шудааст, ки «Забони давлатии Тоҷикистон — забони тоҷикӣ аст».  Ин лиҳоз бояд ҳар яки мо забони давлатиро омӯзем ва фикри худро баён карда тавонем.

Дарси имрӯзаи мо бо тарзи нав — тарзи интерактивӣ мегузарад.Биёед, барои он ки дарси мо дар фазои дӯстиву якдигарфаҳмӣ гузарад, пеш аз ҳама шиносӣ мегузаронем.

Шиносоӣ : ба хонандагон варақчаҳо супорида, фаҳмонида мешавад, ки ҳар кас номи худашро нависад (дар сари синааш бо сӯзанча часпонад). Вобаста ба мавзӯи дарс:

Хонандагони азиз, кани кӣ мегуяд, соли чанд «Соли оби тоза» эълон шудааст?

Бале, соли 2003. Бояд шумо донед, ки соли 1999 дар  Созмони милали муттаҳид баъд аз  пешниҳоди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 «Соли оби тоза» эълон шудааст. Имрӯза мавзӯи дарс бахшида ба ин сол «Об сарчашмаи ҳаёт аст» — ро  мегузарем. Мақсади дарс он аст, ҳамаи шумо ба қадри сарвати ватани худ расед, табиати ватани хешро тоза нигоҳ, доред,  тазагию сарфакории обро донед.

Канӣ, кӣ мегуяд дар зери мафҳуми об чиро мефаҳмед? (тартиб додани кластер).

Як бор ҳама чашмҳояро пӯшад (овози об аз копютер шунавонида мешавад). Акнун чашмонатонро кушоед.

Шумо овози чиро шунидед? (овози мавҷи дарё).

Интизориҳо. Ба хонандагон варақчаҳои рангаш кабуд дода фахмонида мешавад, ки аз дарси имрӯза чиро интизоранд, бо як чумла фикри худро дар ҳамон варақчаҳо нависанд. (навиштаи хонандагон хонда ба коғази сафед часпонида мешавад).

Ҳамаи мо  фаҳмидем, ки «Бе об ҳаёт нест» дар ҳамаи корҳо обро истифода мебарем. Канӣ кӣ мегуяд дар кишварамон кадом обҳои нӯшокӣ истехсол карда мешавад?

  1. Оби Шоҳамбарӣ
  2. Оби Зулол
  3. Оби  Файзобод
  4. Оби Сиёма

Ҳоло шумо  дар чанд гуруҳ  нишастаед? — 4 гурӯҳ

Биёед, бо ин чаҳор ном  номи гурӯҳҳоро  гузошта, дарси худро давом медиҳем.

Кор бо гуруҳ:

Ба ҳар гурӯҳ  доир ба мавзӯъ саволҳо дода мешавад.

1.Дар Тоҷикистон кадом дарёҳо ҳастанд, номбар кунед ва аз харита нишон диҳед?

2.Дар  бораи  кӯлҳои Тоҷикистон маълумот диҳед?

3.Дар Тоҷикистон кадом истгоҳҳои барқӣ-обӣ (ГЭС) ҳастанд?

4.Дар бораи об шеъре қироат намоед ва номбар кунед, ки кадом истироҳатгоҳҳое  ҳаст, ки дар он бо об табобат мекунанд?

Ҳар як гурӯҳ пурсида мешавад.

Кор бо луғат :

Источник — сарчашма

Лужа — кулмак

ГЭС — ИБО (истгоҳи барқии обӣ)

Водоем — обанбор

Пруд -ҳавз

Кор аз рӯйи  расм:

Ба ҳар гурӯҳ расм дода фаҳмонида мешавад, ки аз рӯйи расм нақл нависанд ва як нафар  аз  ҳар  як гурӯҳ ба назди тахтаи синф баромада, нақл намоянд. (дар зери овози мусиқӣ).

Бозии шавқовар:

Ҳарфҳое, ки дар дохили гул навишта шудааст, ба ҳар гурӯҳ дода мешавад. Баъд фаҳмонида мешавад, ки   ба тахтаи магнитӣ  шакли кӯзача монда шудааст, дар даруни он гулҳоро тавре гузоред, ки калимаи маънодор ҳосил шавад (модар, Ватан, сулҳ, Тоҷикистон).Ин калимаро истифода бурда,ҷумла тартиб диҳед.

Тарҷумаи матн:

Вобаста ба супориши кори хонагӣ матнҳо барои тарҷума дода мешавад.

 

Мустаҳкамкунӣ:

Ба ҳар як гурӯҳ бо шакли (нури офтоб, киштича, моҳича, парранда) варақчаҳо дода мешавад. Фаҳмонида мешавад, ки аз имрӯза дарс чиро аз худ кардед ва дарси имрӯза ба Шумо маъқул шуд, фикри худро бо як ду ҷумла нависед ( хонандагон навиштаи худро хонда, ба коғази сафед часпонида мешавад).

Ҷамъбасти дарс:

Чӣ хеле ки мегуянд: «Қатра-қатра дарё шавад», дар зери фазои дӯстиву ҳамдигар фаҳмӣ ҳама якҷоя  тасвири дарёи пурмавҷеро дар зери офтоби дурахшон  бунёд кардем.

Ҳамаи шумоён медонед, ки дар бисёр мамлакатҳо оби нӯшокӣ намерасад, одамон обро харида истифода мебаранд. Барои ҳамин  ҳар  яки мо бояд, ба қадри ҳар як қатраи об бирасем. Дар ҳама ҷо, ҳам дар хона, ҳам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ обро эҳтиёт карда, сарфакорона истифода барем. Дар ҷойҳое, ки об ҷорӣ мешавад, пору напартоем, обро ифлос накунем, ҷумакҳоро махкам кунем.

Ман мехоҳам, ки шумоён низ ҳамчун нурҳои дурахшони офтоб осмони софи Тоҷикистони азизамонро дурахшонтар намоед. Зиндагии шумоён ҳамчун оби соф тозаву равон  бошад.

Эълони баҳо :

 

Супориши вазифаи хонагӣ :

Дар мавзӯи « Об сарчашмаи ҳаёт»   иншо навиштан.

 

 

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: