Протоколи № 3

Протоколи № 3

 

Маҷлиси  падару модарон, хонандагони синфҳои 9-11 бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, кормандони Хадамоти пешгирии  ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

 

аз 17.10.2015                                                                                        ш. Душанбе

 

Рӯзнома:

 

  1. Дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».

 

Иштирок доштанд: маъмурияти литсей, омӯзгорон ва роҳбарони синфҳои 9-11, 45 нафар падару модарони хонандагони синфҳои 9-11.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ:

  1. Сияков Пӯлод Маҳмадҷонович – сармутахассиси комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ноҳияи Синои ш. Душанбе.
  2. Иброҳимов Эраҷ Маҳмадшарифович – муфаттиши калони Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.
  3. Ҷӯрақулов Давлат Ҳамрокулович – сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, капитани милитсия.
  4. Раҷабов Қурбоналӣ – нозири Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, лейтенанти милитсия.
  5. Баракова Мадина Эркиновна – сардори котиботи Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.

 

 

Дар вохӯри директори литсей Саидов С. баромад намуда ҳозиринро  (падару модарон, омӯзгорон ва роҳбарони синфҳо, хонандагони синфҳои 9-11)-ро  бо меҳмонон шинос намуд.

Сипас сухан ба Сияков Пӯлод Маҳмадҷонович – сармутахассиси комиссия оид ба ҳуқуқ  кӯдак дар ноҳияи Синои ш. Душанбе дода шуд. ӯ дар баромади худ қайд кард, ки дар ш. Душанбе солҳои охир ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи ноболиғон ва ҷавонон зиёд ба чашм мерасад ва аз тарафи онҳо ҷиноятҳои муташшакил бисёр рух дода истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки волидон ҳоло ҳам ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» диққати ҷиддӣ намедиҳанд.  Дар баромади худ Сияков қайд намуд, ки агар ноболиғ ҷиноят содир кунад, аз ин падару модар низ дар канор намемонанд, яъне онҳо ба ҷавобгарии ҷиноят кашида мешаванд.

«Мақсад аз вохӯрии мо – ин кам кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо  дар байни ноболиғон ва ҷавонон мебошад, гузаронидани корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ», — гуфт дар охири баромади худ П. Сияков.

Дар баромади худ Иброҳимов Эраҷ Маҳмадшарифович – муфаттиши калони Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия  дар бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба кор машғул будани ноболиғро қайд намуд.

«Бисёр наврасони то 15-сола баъд аз дарс ба бозор баромада ба фурӯхтани баъзе молу ашёҳо машғул мешаванд ё аробакашӣ мекунанд, ки ин тамоман корҳои ғайриқонунӣ мебошад. Падару модарон ба ин корҳо роҳ надиҳанд, зеро онҳо масъулин буда дар таълиму тарбияи фарзанд ҷавобгар мебошанд», — қайд намуд Иброҳимов Э.

Дар баромади худ  Ҷӯрақулов Давлат Ҳамроқулович – сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, капитани милитсия  баромад намуда қайд кард, ки дар 12 моҳи охир 402 парвандаи ҷиноятӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 18 парванда зиёдтар мебошад. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ  аз 37 то 90 нафар ноболиғонро ба ҳабс равона  кардем, ки ин делои ҷиноятии вазнин ё хусусан вазнин мебошад.

Сабаби ҳамаи ҳамин – назорати суст аз тарафи падару модар, таълиму тарбияи нокифоя, назорати суст аз тарафи омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Аз 402 ҷинояти содиршуда 233-тояш бо тайёрии ва маслиҳати пешакӣ ба вуқуъ пайвастаанд.

Ба ҳозирин намоиши видео, ки аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба навор гирифта шудааст, пешниҳод карда шуд. Дар он ҷангҳо байни ноболиғон ва ҷавонони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, донишҷуён, ки дар натиҷа якчанд нафари онҳо ба беморхона оварда шудаанд, нишон дода шуд.

Ҷӯразода Тоҷиддин, волидайни хонандаи синфи 11 «А» баромад карда қайд кард, ки «…Аз ин вохӯри ман бениҳоят хушнуд ҳастам. Баъд  аз шом аз руи расму оин низ аз хона баромадан мумкин нест. Хонандагон то соати 16.00 дар мактаб дар пеши омӯзгорон ҳастанд, лекин аз соати 16.00 то соати 07.00 –и пагоҳӣ дар пеши падару модар мебошанд. Яъне, агар падару модар нисбат ба фарзанд бепарво шаванд, бемасъулиятти зоҳир  кунанд, он гоҳ фарзанд ҳам ба корҳои ношоиста даст мезанад ва ҷиноят содир мекунад».

Сипас директори литсей Саидов С. баромад намуда қайд кард, ки литсейи мо навтаъсис аст ва соли сеюм аст, ки фаъолият дорад. Аз рӯзҳои аввале, ки ба ин литсей қадам ниҳодем, таълиму тарбия хеле ташвишовар буд. Ҳоло бошад дар ин самт мо ин корро ба танзим даровардем. Пас биёд якҷоя шуда барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва содир накардани ҷиноят мубориза барем.

 

Вохӯрӣ бо иштироки коркунони ҳифзи ҳуқуқ баромадҳоро шунида қарор мекунад:

  1. Баромадҳои Сияков Пӯлод Маҳмадҷонович – сармутахассиси комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ноҳияи Сино, Иброҳимов Эраҷ Маҳмадшарифович – муфаттиши калони Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия, Ҷӯрақулов Давлат Ҳамрокулович – сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, капитани милитсия ба инобат гирифта шавад.
  2. Падару модарони синфҳои 9-11 вазифадор карда шаванд, ки дар амал татбиқ додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пурзӯр намоянд.
  3. Маъмурият,омӯзгорон ва роҳбарони синфҳо вазифадор карда шаванд, ки ҳамкорӣ бо падару модар корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи ноболиғон мунтазам гузаронида шавад.
  4. Иҷрои қарори мазкур ба зиммаи падару модарони синфҳои 9-11, маъмурияти литсейи №2 ва Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузошта шавад.

 

Раиси маҷлис:                    С. Саидов

 

Котиба:                               Х. Фазлоншоева

 

Снимок1 Снимок2

 

 

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: