Саёҳат ба кишвари Миқёсиё

Нақшаи
дарси кушоди ҳамгирои фанҳои математика ва ҷуғрофия дар синфи 6 «В» дар мавзӯи «Саёҳат ба кишвари Миқёсиё»
омӯзгори фанни математика — Исламова Н.К.
омӯзгори ҷуғрофия — Ҷалилова Ю.С.

Мақсади дарс:
1. Мустаҳкамкунии дониши хонандагон дар мавзӯи «Миқёс»;
2. Мустаҳкамкунии қобилияти ҳал намудани масъалаҳо доир ба муайян намудани масофа дар маҳал ва дар харита аз рӯи миқёси харита;
3. Инкишоф додани фаъолияти фикрии хонандагон дар дарс;
4. Инкишоф додани завқи донишандӯзии хонандагон дар асоси ҳамгиро намудани фаннҳо;
5. Тарбияи меҳнатдӯстӣ.
Аёният:
экран, проектори мултимедиявӣ, харитаи сиёсии Ҷахон, харитаи Тоҷикистон, презентатсияи «Саёҳат ба кишвари Миқёсиё».

Равиши дарс:
I. Ташкили дарс:омузгорон хонандагонро бо мавзуи даре ва максадхои он шинос мекунад.
Омӯзгори математика:
Мавзӯи дарси имрӯзаи мо «Саёҳат ба кишвари Миқёсиё» мебошад ва имрӯз бо ҳамроҳии омӯзгори фанни ҷуғрофия гузаронида мешавад. Мо бо шумо алоқаи зич доштани ду фаннро дар ин мавзӯъ мебинем.
Омӯзгори ҷуғрофия:
Дар ҳаёти ҳаррӯза, махсусан дар дарси ҷуғрофия, таърих мо аз тасвирҳои гуногуни сатҳи заминро истифода мебарем. Ба хотир оред, чи гуна намудҳои тасвирҳои рӯӣ мавҷуданд?
Ин: суратҳо, суратҳои аз чархбол ва аз кайҳон, расмҳо, нақши маҳал, схема ва харитаҳо мебошанд.

II. Пурсиши вазифаи хонагӣ:
Нақши маҳал чист?
Ҷавоб: — қитъаи сатҳи Замин, ки аз боло бо миқёси муайян дар рӯи қоғаз ба шакли хурд тасвир карда шудааст.
Харита чист?
Ҷавоб: — тасвири сатҳи курраи Замин дар ҳамворӣ, ки дар он ҳодиса ва объектҳои рӯи Замин тавассути аломатҳои шартӣ нишон дода шуда аст.
Чӣ умумиятҳо дар ин тасвирҳои рӯи Замин мавҷуд мебошанд?
Ҷавоб: — тасвирҳо дар рӯи хамворӣ акс ёфтаанд, аз аломатҳои шартӣ истифода бурда мешавад, дар рӯи қоғаз ба шакли хурд тасвир карда шудаанд. Барои тасвир намудани қитъаи калон ё ин, ки наонқадар калони Замин, бояд донист, ки ба чанд маротиба аз ҳаҷми аслӣ чанд хурд гардонида шуда аст. Дар маҳале, ки мо онро ба нақша мегирем, масофа бо метр ва километрҳо чен карда мешавад. Мувофиқи миқёси интихоб карда онро ба сантиметр ва миллиметрҳо гардонида нақшаи маҳалро тартиб медиҳанд.
Миқёс чист ва онро барои чӣ ucmuфoдa мебаранд?
Ҷавоб: — ченаки шартиест, ки дар нақша ва харита чанд маротиба хурд намуда нишон додани масофаро ифода менамояд. Онро барои хурд карда ба нақша гирифтани қитъаи сатҳи Замин истифода мебаранд.
Чанд намуди миқёс мавҷуданд?
Ҷавоб: — се намуд: ададӣ, хаттӣ ва номӣ.

Омӯзгори математика:
Миқёс ва намудҳои он дар дарсҳои ҷуғрофия омӯхта мешаванд. Барои чӣ ин мавзӯъро дар дарси математика меомӯзанд?
Ҷавоб: — миқёс — ин нисбат. Нисбат бошад яке аз мафҳумҳои математика мебошад.
Huсбати ду адад гуфта чиро меноманд?
Ҷавоб: — нисбати ду адад гуфта, ҳосили тақсими онҳоро меноманд.
Huсбати ду адад чиро нишон медиҳад?
Ҷавоб: — нисбати ду адад нишон медиҳад, ки чӣ қадар адади якум аз адади дуюм калонтар аст. Ё ин, ки адади якум аз адади дуюм чанд қисмро ташкил медихад.
Нисбати 1:100-ро чӣ тавр навистан мумкин аст ва он чиро нишон медиҳад?
Ҷавоб: — нисбати 1:100 (як ба сад) нишон медиҳад, ки адади якум аз адади дуюм як қисмро ташкил медиҳад, ё ин ки адади якум аз адади дуюм 100 баробар хурдтар аст.
Нисбати 1000:1 чиро нишон медиҳад?
Ҷавоб: — ин нисбат нишон медиҳад, ки адади якум аз адади дуюм 1000 баробар калонтар аст.
Нисбати 400 м ба 8 см-ро чӣ тавр ёфтан мумкин аст?
Ҷавоб: — бузургиҳоро дар як хел воҳиди ченкунӣ ифода намудан зарур аст.
Бо см ифода намоед 650 м : 5км;
Ҷавоб: 650 м=65000 см; 8 км=800000см.
III. Ҳалли масъалаҳо: Ҳалли масъалаҳо дар тахтаи синф ва дар дафтарҳо навишта мешаванд.
Масъалаи 1:
Масофаи байни шаҳрҳо 2400 км аст. Дарозии хати роҳ дар харитаи миқёсаш а) 1:100000000; б) 1:200000000 ба чанд баробар аст.
Ҳал:
А)
Дар харита Дар маҳал
1 см 100000000 см
X см 2400 км = 240000000 см
X = 240000000 : 100000000
X = = 2,4 см Ҷавоб: 2,4 см

Б)
Дар харита Дар маҳал
1 см 200000000 см
X см 2400 км = 240000000 см
X = 240000000 : 200000000
X = 1,2 см Ҷавоб: 1,2 см
Масъалаи 2:
Масоҳати ҳуҷраро ҳисоб кунед, агар як тарафи хоначаи нақша ба як см (1 см) баробар бошад. Ҷавобашро бо м2 ифода намоед. (СЛАЙД)
Ҳал:
Дар нақша Дар маҳал
1 см 100 см
1 см2 10000 см2
32 см2 320000 см2
32 0000 см2 = 32 м2
Ҷавоб: 32 м2
Масъалаи 3:
Масофаи байни шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғон-Теппа 100 км аст. Дарозии роҳ дар харитаи миқёсаш 1 : 500000 ба чанд баробар аст?
Ҳал:
Дар харита Дар маҳал
1 см 500000
X см 100 км
X = 10000000 • 1 =20 см
500000
X = 20 см

Масъалаи 4:
Масофаи байни шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дар харитаи миқёсаш 1 :800000 ба 40 см баробар аст. Масофаи байни ин шаҳрҳо ба чанд баробар аст?
Ҳал:
Дар харита Дар маҳал
1 см 800000 см
40 см X
X = 800000 • 40 = 32000000 см = 320 км
X = 320 км
Ҷавоб: 320 км.

VI .Хулосабарорй:
Омӯзгори математика:
Бачаҳо, дарси ҳамгироии мо ба охир мерасад, шумоён барои худатон хулоса баровардед, ки дарси имрӯза чигуна дарс буд…? Марҳамат, ба ин саволҳо ҷавоб бигӯед:
Омӯзгори ҷуғрофия:
— Ин гуна дарс ба мо лозим буд ё не?
— Аз дарси имрӯза чиро ба даст овардед ва чиро фаҳмидед?
V. Вазифаи хонагй:
1. Аз фанни ҷугрофия: нақши ҳуҷраи худатонро дар миқёси 1 : 100 созед;
2. Аз фанни математика: ҳалли мисолҳои №826, 827, 828.
Адабиётҳои истифодабурдашуда:
1. Ҷуғрофия 6 (китоби дарсӣ)- Т.П.Герасимова, Н.П.Неклюкова;
2. Математика 6 (китоби дарсӣ) — Н.Виленкин, В.Жохов, А.Чесноков;
3. Маводҳои дидактикӣ аз фанни математика барои синфи 6 К.И.Нешков, А.С.Чесноков;

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

5 комментариев к записи “Саёҳат ба кишвари Миқёсиё”

  1. ETIAS

    Саёҳат ба кишвари Миқёсиё | Литсейи 2

  2. porta potty rentals

    Саёҳат ба кишвари Миқёсиё | Литсейи 2

  3. booty

    Саёҳат ба кишвари Миқёсиё | Литсейи 2

  4. ejaculate

    Саёҳат ба кишвари Миқёсиё | Литсейи 2

  5. nipples

    Саёҳат ба кишвари Миқёсиё | Литсейи 2

ШАРИКОНИ МО: