Соати тарбиявӣ «ДАРСИ КУШОД»

Муаллим:  Ҷалилова Ю., омӯзгори фанни таърих ва  ҳуқуқ, литсейи №2 шаҳри Душанбе

     

Мақсад:

ташвиқоти қоидаҳои бехатарии ҳаракат, кам кардани шумораи садамаҳо дар роҳҳо бо иштироки кӯдакон – дучархаросаворон, баланд бардоштани маҳорати хонандагон оид ба рондани дучарха.

 

Супориш:

 

  1. Хонандагонро дар руҳияи амал ва риоя намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тарбия намудан.
  2. Шиносоии хонандагон бо аҳамият ва вазифаҳои дучарха.
  3. Ташаккулёбии идроки дурусти хонандагон ҳангоми саёҳат дар кӯчаву боғҳо, вобаста будани саломатию ҳаёти кӯдакон аз донистан ва риоя намудани дучархасаворон.
  4. Ҳиссиётҳои мусбиро дар замири кӯдакон бедор кардан (ҷавобҳо ба саволҳои викторина)
  5. Инкишофи нутқи шифоҳӣ, ҳангоми хондани суруд оиди дучарха.

 Аёният: 

 

Компютер, проектор, экран, презентатсия оиди таърихи дучарха, викторина «Это я, это я, это все мои друзья», аудиосабти суруди «Велосипед», филми тасвири «Смешарики», баннер, мукофотҳо, навиштачот, мизу курси.

 

Баромад:  15 дақиқа, (бо забонҳои тоҷикӣ русӣ)

 

Рафти

гузаронидани чорабинии беруназсинфӣ:

 

—  Салом, бачаҳо!

Бачаҳо:    Салом!

 

— Дуруд, пиёдагардон ва мусофирон муҳтарам! Гумон дорам, ки аз ин гуна муроҷиати ман, Шумо дар тааҷуб нестед. Зеро, ҳангоми дар роҳу роҳравҳо сайругашт намудан мо – «пиёдагард», ҳангоми ба нақлиёт савор шудан – «мусофир» мебошем.

— Пеш аз ҳама ба Шумо чистонҳо пешниҳод мегардад. Кушиш намоед ба онҳо ҷавоб диҳед.

 

  1. Презентатсия «Чистонҳо»

 

— Ду чархи симин дорад,

Дар пушти худ зин дорад,

Бо қувваи пою даст,

Меронад ҳар кӣ нишаст…. (омӯзгор ба экран нишон медиҳад)

 

Бачаҳо: ДУЧАРХА! 

 

— Се ранги нақшин дорад,

Се ранги зарин дорад.

Сурх, зарду сабз аст он,

Чун ахтарони осмон … (омӯзгор ба экран нишон медиҳад)

 

Бачаҳо:  ЧАРОҒАКИ РОҲНАМО

 

— Офарин!

 

— Кадом ранги он, ҷидди аст?

 

Бачаҳо:  СУРХ

 

—  Ранги сурхаш гуяд:- Ист!

Навбати мошинравист.

 

— Ранги зардаш хуш дор,

Зудгарди раҳсипор.

 

— Сабз даргирад агар,

Марҳамат, акнун гузар.

 

— Офарин бачаҳо!

Ба чистонҳо ҷавоби дуруст доден!

 

— Бачаҳо, оё Шумо ҳамавақт ҚҲР-ро риоя менамоед!

 

—  Зарурат аз риоя намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар чист?

—  Рафтори пиёдагарду ронанда дар роҳ бояд чигуна бошад?

—  Оё Шумо дар кӯчаҳо рафтори намунавӣ менамоед??

 

(посухи хонандагонро мешунавем)

 

— Акнун, мо ҳамроҳи Шумоён бозии шавқовар мегузаронем.

 

  1. Гузаронидани бозии бо хонандагон «Ин аломати чист?»

 

— Бачаҳо, бо диққат ба ин аломатҳо нигоҳ кунед ва ба кадом гурӯҳ мансуб будани онҳоро гуед.

 

Аломатҳои огоҳкунанда

Аломатҳои манъкунанда

Аломати дасдурдиҳанда

 Аломатҳои иттилоотию ишоратӣ

 Аломатҳои хизматрасонӣ

 — Офарин!

 

— Бачахои мухтарам! Рузхои гарми тобистона фаро мерасад! Соли хониш ба охир мерасад ва вактони холи барзиёд ба даст меоред. Ки ба деха, ки дар шахр мемонад. Албатта чун анъана чи писарон чи духтарон дар дучарха савор шуда, вакти холи худро мегузаронанд.

 

  1. Инак, мавзуи дарсамон «Тобистони бехатар»

— Бачаҳо, кӣ дар дучарха савор шуда сайр карданро меписандад?

— Шумо дар бораи пайдоиши дучарха чӣ медонед?

— Биёед аввал ба таърихи пайдоиши дучарха назар андозем. Таваччух ба экран!

 

(муаллим аз наворхои дар экран истифода намуда, дар бораи дучарха маълумот медихад)

 

— Бачахо, кани ки ба саволи ман чавоб медихад.

 

  1. Дар кучо бо дучарха сайр кардан мумкин аст??? (бог, хавли, стадион…)

 

  1. Ин аломати рох чи маъно дорад? (муаллим аломати рохро нишон медихад)

— Бачахо, биёед акнун филми тасвири тамошо карда, чавобхои худро месанчем.

  1. Тамошои филми тасвирӣ «Где кататься?» («Смешарики»)

 

—  Бачаҳо, аз тамошои ин филми тасвирӣ чиҳоро фаҳмидед?

— Инак, дар куҷоҳо бо дучарха сайр намудан бехатар аст?

— Шумоён ба хамсолону дучархаронон чӣ тавсия медодед?

 

  1. Презентатсия «Аломатҳои роҳ барои дучархаронҳо. Ҳатмӣ ва Манъ!»

 

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз синни 14 барои идораи дучарха иҷозат дода шудааст, идораи мопед — аз 16 солагӣ.

 

Ҳатмӣ!

 

  1. Интихоби дучарха мувоффиқи қаду баст.
  2. ҚҲР-ро азхуд намуда, аз синни 14 дар роҳ идора намудани дучарха.
  3. Коршоямии дучархаро санҷидан.
  4. Калапуши бехатариро азбар кардан.
  5. Танҳо дар роҳи махсуси барои дучарха рондан.
  6. Аз тарафи рости кӯча ҳаракат намудан.
  7. Ҳаракат мувоффиқи ҳаракати нақлиётҳо.
  8. Пеш аз ба дасти рост ё чап гаштан, бо дастон ишора намуда, дар мавҷуд набудани нақлиёт амин шудан.
  9. Талаботҳои аломатҳои роҳро қатъиян риоя намудан.
  10. Ишораҳои чароғаки роҳнаморо риоя намудан.
  11. Ҳангоми ҳаракати нақлиёти махсус, ба у роҳ додан.
  12. Дар дучарха дуруст нишастан.

 

Манъ аст!

 

  1. Буксир намудан ба дучарх.
  2. Ҳаракат дар роҳи нақлиёт то 14 солагӣ.
  3. Чамбараки дучархаро сар додан.
  4. Ҳангоми идораи дучарха ба нақлиёти ҳаракаткунанда расонидан.
  5. Савор намудани касе дар рама ва бордон.
  6. Наздик ҳаракат намудан ба нақлиёти дар пеш истода.

 

14 – сола гар нестӣ,

Дучархаро ҳеҷ марон,

Рӯй надиҳад ҳодисе,

Дар кӯҷаву ҳар макон.

Хешро намо эҳтиёт,

Эҳтиёт – нисфи ҳаёт!

 

Суҳбат дар бораи дучарха бояд чиҳо дошта бошад

 

— Канӣ, ки мегуяд, дучарҳа бояд чӣ гуна таҷҳизотҳо дошта бошад?

(таваққуф, инъикоскунандаи равшанӣ, занги махсуси дучарха ва ғ.)

 

ВИКТОРИНА

— супоридани шаҳодатномаи «Дучархарони ҷавон»

 

  1. Аз синни чанд солаги дар рохи нақлиётгар рондани дучарха иҷозат дода шудааст?

(аз 14 солагӣ).

  1. Дар куҷохо бо дучарха сайр кардан мумкин аст?

(боғ, ҳавли, майдончаҳо)

  1. Дучарха бо худ бояд чӣ гуна таҷҳизот дошта бошад?

(таваққуф, инъикоскунандаи равшанӣ, занги махсуси дучарха).

  1. Аз кадом тараф дучархарон бояд ҳаракат намояд?

(аз тарафи рост)

  1. Дустонро дар рама ва бордони дучарха савор кардан мумкин ё не?

(не)

  1. Кадом амалҳоро дучархарон бояд иҷро накунад?

(сар додани чамбарак, даст ба нақлиёти ҳаракаткунанда задан ва ғ.)

  1. Ҳангоми ҳаракат кадом роҳро бояд интихоб намуд?

(роҳи махсус барои дучарха)

  1. Оё буксири дучарха мумкин аст?

(не)

  1. Ба чи гуна нақлиётҳои махсус дучархарон бояд роҳ дихад?

(мошинҳои ёрирасони таъҷилӣ, сӯхторхомушкунӣ, милиса ва ғ.)

 

Иҷрои суруд «Велосипед»

(хонандагон бо воситаи варақаҳо бо матни суруд, якҷоя мехонанд )

ВАМ, ДРУЗЬЯ, СОВЕТ

И ЭТО НЕ СЕКРЕТ

ТО, ЧТО СОХРАНИТ ВАМ ДОЛГИХ ЛЕТ.

ЭТО ЛЮБЯТ ВСЕ,

РЕБЯТА НА ЗЕМЛЕ

ОН НЕ ПИСТОЛЕТ И ВОВСЕ НЕ РУЛЕТ

И ЧТО ОН ЗА ПРЕДМЕТ,

ГДЕ  ЖЕ ВАШ ОТВЕТ?

НУ, КОНЕЧНО, ЭТО ВЕЛОСИПЕД!

 

ПРИПЕВ:

ВАМ, ДРУЗЬЯ, СОВЕТ

И ЭТО НЕ СЕКРЕТ

ТО, ЧТО СОХРАНИТ ВАМ ДОЛГИХ ЛЕТ.

ЭТО ЛЮБЯТ ВСЕ,

РЕБЯТА НА ЗЕМЛЕ

НУ, КОНЕЧНО, ЭТО ВЕЛОСИПЕД!

ЗДЕСЬ ДОРОГИ НЕТ

А ТУТ ТЕБЕ ЗАПРЕТ.

ТЫ СМОТРИ НА ЭТОТ ВАЖНЫЙ СВЕТ!

ЛУЧШЕ ЗДЕСЬ ЕЗЖАЙ

РУК НЕ ОТПУСКАЙ

НИКОГО, ДРУЖОК, НЕ ЗАДЕВАЙ.

ПРИПЕВ:

ВАМ, ДРУЗЬЯ, СОВЕТ

И ЭТО НЕ СЕКРЕТ

ТО, ЧТО СОХРАНИТ ВАМ ДОЛГИХ ЛЕТ.

ЭТО ЛЮБЯТ ВСЕ,

РЕБЯТА НА ЗЕМЛЕ

НУ, КОНЕЧНО, ЭТО ВЕЛОСИПЕД!

 

 

Хулосабарорӣ.

Мукофотонидани ғолибон.

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: