Соли 2018 — «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Ба муносибати «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 намоиши таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки хонандагони синфҳои 7-9 ба таври озмун ташкил ва гузаронида шуд. Хонандагон бо омодагии ҷиддӣ дар озмун иштирок намуда, маҳорату малакаи худро нишон доданд. Ба корҳои хонандагон ҳайати комиссия- Мирраҳматова О., Нарзиқулов М., Рӯзиева Ф. ва Бобокалонова С. баҳогузорӣ намуда, беҳтаринҳоро ба маъмурияти литсей барои ифтихорнома пешниҳод намуданд:
Синфи 9 «В» -ҷойи 1
Синфи 9 «Б» -ҷойи 1
Синфи 7 «В» — ҷойи 2
Синфи 8 «Е»-ҷойи 2
Синфи 7 «А» — ҷойи 3
Синфи 8 «А»- ҷойи 3
Дар номминатсияи «Намоишгоҳи беҳтарин» хонандагони синфи 7 «Д» бо роҳбарии Бобоева М. комёб гардиданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз моҳи январи соли 2018 бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 дар муассиса нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, то имрӯз аксарияти онҳо амалӣ гардиданд.Аз ҷумла, дар даромадгоҳи бинои 1 намоишгоҳ тартиб дода шуд.
Рӯзи 06.03.2018 дар байни синфҳои 8 озмуни «Канӣ духтарон» баргузор гардид, ки дар он ба маҳорати кадбонуии духтарон, ороиши муй, намоиши либосҳои миллӣ, ҳозирҷавобии онҳо баҳогузорӣ карда шуд.
Бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик дар доираи чорабиниҳои Ҳафтаи фаннӣ бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” конференсия баргузор гардид.

Давоми сол соатҳои тарбиявӣ дар мавзӯи “Соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба роҳ монда шуд.
20181126_131520

20181126_132219

20181126_132227

20181127_083058

image-0-02-05-ed48b0f34d0a7b73435ab6724c0a5229c3e54552de901f138c5197fe0c9b8502-V

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: