Шинос шавед

Шинос шавед: Шукронаи Тоир, хонандаи синфи 6 «Б»-и литсейи № 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе. Шукронаи фаъолу хушрафтор бидуни оне ки яке аз хонандаи аълохони литсей аст, маҳорати эҷодкорӣ низ дорад. ӯ шабеҳи гулғунчаест дар гулистони сухан, майсаи наврастаест дар сабзазори сухан. Шеърҳои шогирдонаи ӯ таҷассумгари самимияту муҳаббати беандозаи ӯ нисбат ба ватану зодгоҳ, забони тоҷикиву модар ва устод буда, ифшогари рози ниҳони қалби кӯчаки ӯст. Дар ҳар сатрҳои эҷоди ӯ метавон тапиши қалби пурэъҷози ӯро эҳсос намуд. Қобилияту истеъдоди беандозааш ӯро пайваста ба ҷустуҷӯву эҷодкорӣ раҳнамоӣ менамояд. Самимӣ асту хоксор ва хома дар даст ғарқи фирку андешоти лабрез аз меҳру муҳаббат нисбат ба Меҳану Модар. Пайваста дар эҷод аст, то тапиши қалби хешро тавассути мираъҳои шеърӣ иброз намояд. Пас ба ӯ парвози баланди шаҳбози хаёлоташро таманно менамоем. Бигзор дафтари эҷодаш таҷассумгари андешоти болояш бошад.

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: