Қарор «оид ба тасдиқи қоидаҳои маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ»

 

 ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Қарор «оид ба тасдиқи қоидаҳои маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ»

аз 1 октябри соли 2007                 № 505                        ш. Душанбе

 

Бо мақсади такмили механизми маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умуми, истифодабарии самараноки маблағҳои буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Қоидаҳои замимашудаи маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умуми тасдиқ карда шаванд.
  2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти давлати маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумиро тибқи меъёрҳои минимали ва коэффитсиентҳои махсуси маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умуми (замимаи 1) ва ҷадвали гузариш ба маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2008-2010 (замимаи 2) амали намоянд.
  3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

 

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

 

 

 

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2007

 № 505 тасдиқ шудааст

 

ҚОИДАҲОИ

МАБЛАҒГУЗОРИИ МЕЪЁРИИ (САРИКАСИИ) МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӣ

 

  1. Муқаррароти умумӣ

 

  1. Қоидаҳои мазкур механизми ташкили буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ва буҷети муассисаҳои таҳсилоти умумии ба маблағгузории меъёри (сарикаси) гузаштаро муайян менамоянд.
  2. Меъёрҳои минимали алоҳида барои шаклҳои зерини муассисаҳои таҳсилоти умуми муайян карда мешаванд: мактабҳои ибтидои, асоси ва миёнаи умуми. Барои гимназияҳо ва литсейҳо меъёрҳои минималие истифода мешаванд, ки онҳо барои мактабҳои миёнаи умуми муқаррар карда шудаанд.
  1. Буҷети мактабҳои таҳсилоти умумии ба шакли маблағгузории меъёри (сарикаси) гузаронидашуда бо назардошти меъёрҳои минимали ба сари ҳар як хонандаву ҳар як мактаб ва коэффитсиентҳои махсус аз рӯи формула тибқи ҳамин тартиб ҳисоб карда мешаванд.
  2. Меъёрҳои минималиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Меъёри минималии маблағгузории меъёри (сарикаси) дар доираи таҳияи буҷет муайян гардида, ба дастуруламали таҳияи буҷет дохил карда мешавад ва дар сатри алоҳида нишон дода мешавад.
  3. Меъёрҳои минимали барои ҳамаи шаклҳои мактабҳои таҳсилоти умумии ба шакли меъёри (сарикаси)-и маблағгузори гузаронидашуда ягона мебошанд.
  4. Буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо аз рӯи хароҷотҳои ҷории муассисаҳои таҳсилоти умумии ба шакли меъёрии (сарикаси) маблағгузори гузаронидашуда, мувофиқи ҳамин тартиб таҳия карда мешавад. Маблағгузории асосии муассисаҳои таҳсилоти умумии ба шакли меъёрии (сарикаси) маблағгузори гузаронидашуда ба таври алоҳида ба нақша гирифта шуда, маблағгузори мегардад.

 

  1. Механизми маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ)

 

  1. Буҷетҳои муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ба шакли меъёрии (сарикаси) маблағгузори гузаронидашуда, барои ҳар як типи мактаб аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:

БН = МХ * ШХ + ММ * М,

Дар ин ҷо:

БН — Буҷети ноҳия барои ҳамин типи мактабҳо;

МХ — Меъёри минимали ба ҳар як нафар хонанда барои ҳамин типи мактабҳо;

ШХ — Шумораи миёнаи солонаи хонандагони ҳамин типи мактабҳо дар ноҳия;

ММ — Меъёри минимали барои ҳар як мактаб барои ҳамин шакли мактабҳо;

М — миқдори муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳамин типи мактабҳо дар ноҳия;

  1. Буҷети маблағгузории меъёри (сарикаси)-и муассисаҳои таҳсилоти умуми бо формулаи зерин муайян карда мешавад:

БМ = МХ * ШХ + ММ,

Дар ин ҷо:

БМ — буҷети мактаб;

МХ — меъёри минимали барои як нафар хонанда;

ШХ — шумораи миёнаи солонаи хонандагон;

ММ — меъёри минимали барои як мактаб;

 

  1. Коэффитсиентҳои махсус

 

  1. Бо мақсади ба назар гирифтани шароити объективии системаи мактаби ба формулаи маблағгузории меъёри (сарикаси) метавонад коэффитсиентҳои махсус истифода бурда шавад.
  2. Коэффитсиентҳои махсуси зерин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад:

-коэффитсиентҳои ноҳияви;

-коэффитсиентҳои вобаста ба типи мактаб;

-коэффитсиентҳо барои мактабҳое, ки таълим аз рӯи зиёда аз як забон сурат мегирад;

-коэффитсиентҳо барои мактабҳое, ки дар зиёда аз як маҳалли аҳолинишин филиал доранд;

  1. Коэффитсиент[ои ноҳияви нисбати ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳо (шаҳрҳо)-е, ки ба шакли маблағгузории меъёри (сарикаси) гузаштаанд, бо роҳи зарб задани меъёри минимали барои ҳар як хонанда ба коэффитсиенти муайянкардашуда истифода бурда мешаванд.
  2. Коэффитсиентҳои вобаста ба типи мактаб барои ҳамин типи муайянкардашуда бо роҳи зарб задани меъёри минимали барои ҳар як хонанда ба коэффитсиенти муайянкардашуда истифода бурда мешаванд.
  3. Коэффитсиент[ои барои мактабҳои ду-сезабона фақат барои мактабҳои дар деҳот ҷойгиршуда бо шумораи камтар аз 400 нафар хонанда, бо роҳи зарб задании меъёри минимали барои ҳар як хонанда ба коэффитсиенти муайянкардашуда истифода бурда мешавад.
  4. Барои мактабҳои таҳсилоти умумие, ки филиал доранд, меъёри минимали барои ҳар як мактаб ба андозаи фоизи муайянкардашуда барои ҳар як филиал зиёд карда мешавад.

 

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2007 № 505

 

МЕЪЁРҲОИ

МИНИМАЛИ ВА КОЭФФИТСИЕНТҲОИ МАХСУС БАРОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ МЕЪЁРИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИ

Ҷадвали 1

Типи мактаб Меъёр (сомони)
Барои як нафар хонанда Барои як мактаб
1 Мактабҳои миёнаи умуми (синфҳои 1-11) 153 29324
2 Мактабҳои умумии асоси (синфҳои 1-9) 190 11807
3 Мактабҳои умумии ибтидои 238 4251

 

  1. Коэффитсиентҳои махсуси зерин муайян карда шаванд:

 

  1. Коэффитсиенти ноҳияви барои шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 1,45.
  2. Коэффитсиенти махсус вобаста ба типи мактаб барои гимназияҳо ва литсейҳо ба андозаи 1,10. Барои литсейҳое, ки таълимро аз синфи 5-ум оғоз менамоянд, коэффитсиенти махсус ба андозаи 1,15 муайян карда мешавад.
  3. Коэффитсиенти махсус барои мактабҳое, ки таълим аз рӯи зиёда аз як забои сурат мегирад ба андозаи 1,1.
  4. Барои мактабҳое, ки дар зиёда аз як маҳалли аҳолинишин филиал доранд, барои ҳар як филиал коэффитсиент 10% зиёд карда мешавад.

 

 

 

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2007 № 505

 

ҶАДВАЛИ

ГУЗАРИШИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАБЛАҒГУЗОРИИ МЕЪЁРИ (САРИКАСИ) БАРОИ СОЛҲОИ 2008-2010

 

ноҳия, шаҳр 2008 2009 2010
Вилояти Хатлон
1 Норак ММ
2 Бохтар ММ ММ
3 Вахш ММ
4 Қӯрғонтеппа ММ ММ
5 Балxувон ММ
6 Ховалинг ММ
7 Мӯъминобод ММ ММ
8 Темурмалик ММ ММ
9 Данғара ММ ММ
10 Фархор ММ ММ
11 Мир Сайид Алии Ҳамадони ММ ММ
12 Восеъ ММ ММ
13 Кӯлоб ММ ММ ММ
14 Шӯрообод ММ
15 Сарбанд ММ ММ ММ
16 Носири Хусрав ММ
17 Ёвон ММ ММ ММ
18 Ҷоми ММ ММ
19 Хуросон ММ ММ
20 Шаҳритус ММ ММ
21 Қабодиён ММ ММ
22 Ҷилликӯл ММ ММ
23 Қумсангир ММ ММ
24 Ҷалолиддини Руми ММ ММ
25 Панҷ ММ ММ
Вилояти Суғд
26 Спитамен ММ
27 Қӯҳистони Мастчоҳ ММ
28 Ҷаббор Расулов ММ
29 Шаҳристон ММ
30 Истаравшан ММ
31 Хуҷанд ММ ММ ММ
32 Исфара ММ ММ
33 Қайроқум ММ ММ ММ
34 Зафаробод ММ
35 Чкалов ММ ММ ММ
36 Табошар ММ
37 Бобоxон Ғафуров ММ ММ ММ
38 Ашт ММ
39 Ғончи ММ
40 Конибодом ММ
41 Мастчоҳ ММ
42 Панҷакент ММ
43 Айни ММ
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури
44 Турсунзода ММ ММ ММ
45 Роғун ММ ММ
46 Ваҳдат ММ ММ ММ
47 Рӯдаки ММ ММ ММ
48 Хисор ММ ММ ММ
49 Шаҳринав ММ ММ ММ
50 Варзоб ММ ММ
51 Нуробод ММ ММ
52 Рашт ММ ММ
53 Тоҷикобод ММ ММ
54 Тавилдара ММ
55 Файзобод ММ ММ
56 Ҷиргатол ММ ММ
Душанбе
57 Сино ММ ММ ММ
58 Фирдавси ММ ММ ММ
59 Шох.мансур ММ ММ ММ
60 Исмоили Сомони ММ ММ ММ
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
61 Дарвоз ММ
62 Ванҷ ММ
63 Рӯшон ММ
64 Шуғнон ММ ММ ММ
65 Хоруғ ММ ММ ММ
66 Роштқалъа ММ
67 Ишкошим ММ
68 Мурғоб ММ

 

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: