Ҳафтаи фанни санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ

Ҳафтаи фанни санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ

Аз 07.12.2015  то  12.12.2015  дар литсей ҳафтаи фанни санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ гузаронида шуд. Нақшаи чорабиниҳои гузаронидашаванда пешакӣ аз тарафи омӯзгорони фанни санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ Охонова Мухлиса ва Меликов Ҷамшед омода гардида, дар кафедра муҳокима карда шуда, сари вақт барои тасдиқ пешниҳод карда шуд. Дар даромадгоҳи литсей эълони ҳафтаи  санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ овехта шуд. Мувофиқи нақшаи  пешбинишуда чорабиниҳои гуногун гузаронида шуд, аз ҷумла рӯзи 7-уми декабр ҳафта дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ ботантана кушода шуда , озмунҳо эълон карда  шуд. Дар давоми ҳафта байни хонандагони синфҳои 5-7 озмуни «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ » гузаронида шуд  ва ғолибон муайян карда шуданд. Санаи 8.12.15  дарси кушод дар синфи 6 «в»  дар мавзӯи Камолиддини Беҳзод гузаронида шуд. Ҳамин гуна дарси кушод дар синфи 5 «б»  низ гузаронида шуд. Аз сабаби номусоидии обу ҳаво ҷамъомади пагоҳирӯзӣ гузаронида нашуд, барои ҳамин ҳам хонандагони синфҳои 5-7 дар радиои мактаб баромад карданд. Онҳо асосан дар бораи рассомони форсу тоҷик ва хориҷӣ, тарзҳои рангуборкунӣ ва тасвиркунӣ   баромад карданд. Дар байни хонандагони синфҳои 5-6 бошад озмуни  «Рассоми беҳтарин » гузаронида шуда ғолибон муайян карда шуданд.

 

 

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: