Ҳаёт ва фаъолияти Камолиддини Беҳзод

Дарси кушод

Мавзӯъ:        Ҳаёт ва фаъолияти  Камолиддини

Беҳзод

Синфи                6  «в»

 

Омӯзгор            Охонова Мухлиса Давроновна

 

Нақшаи дарси яксоата дар синфи 6в, дар мавзӯи «Ҳаёт ва фаъолияти Камолиддини Беҳзод» санаи 8.12.15

 

Мақсади дарс:

а) баланд бардоштани қобилияти

эҷодӣ ва рассомии хонандагон

б) дар руҳияи зебоипарастӣ

тарбия намудани хонандагон

Аёният:                                          китоби дарсӣ, плакатҳо,расмҳо

 

Равиши дарс

Ташкили дарс:                       а) ба ҷо овардани одоби муошират

б)   ҳозиру намудани хонандагон

в) ба дафтари синф қайд намудани

мавзӯи дарс

  1. Пурсиши вазифаи хонагӣ

а)Натюрморт гуфта чиро мефаҳмед?

б)Тарзи дурусти бо қалам ранг карданро фаҳмонед?

в)Рассомони машҳурро номбар кунед?

Албоми хонандагон аз назар гузаронида ва баҳогузорӣ карда шуд

  1. Баёни мавзӯи нав.

Камолиддин Беҳзод (форсӣ: کمال الدین بهزاد) тақрибан соли 1455 дар Ҳирот ба дунё омадааст. Беҳзод  бузургтарин  мусаввир, наққош  ва  минётурнигори тоҷик, ки дар Шарқ бо номи ифтихории «Монии Сонӣ»  ва дар Ғарб бо номи «Рафаэли Шарқ» шуҳрат дорад. Муосиронаш ӯро  «қоиди мусаввирон»,  «ягонаи  замона»  ва «нодири даврон» ном бурдаанд. Аз хурдӣ аз падар ятим монда, таҳти сарпарастии китобдори китобхонаи шоҳии Ҳирот  – Амир Руҳуллоҳ Мирак  тарбия  ёфта, маҳорати худро  такмил  медиҳад ва  охири  солҳои 70  асри  15  дар китобхонаи султон Ҳусайни Бойқаро мустақилона ба ороиши китоб  ва мусаввирӣ  машғул  мешавад. Беҳзод  аз  Пир  Сайидаҳмади  Табрезӣ ва  Султоналии  Машҳадӣ низ  дарси  ҳунар андӯхтааст. Замони  зиндагии Беҳзодро  метавон ба  ду давра тақсим кард. Давраи аввал аз оғози фаъолияти эҷодӣ то ибтидои  асри 16, ки ватани ӯ аз тохту тозҳои берунӣ дар амон буд. Давраи дуюм сол ҳои 1507–1535 кор ва сарварӣ дар китобхонаи  шоҳони Сафавӣ  дар Табрез аст. Дар  давраи аввал Беҳзод  ба муҳити  адабии  Ҷомӣ ва  Навоӣ  роҳ ёфта,  аз онҳо кӯмаки моддӣ ва маънавӣ мебинад. Султон Ҳусайни Бой -қаро барои Беҳзод дар чаҳорбоғи худ манзил ва коргоҳ  медиҳад.  Баъд, 22  июни  1487 Беҳзод ро  китобдори  китобхонаи худ  таъйин  карда, тамоми  котибону  музаҳҳибон, ҳалкорону заркӯбон, лаввоҳону саҳҳофон, ҷадвалкашону наққошони  китобхонаро зери  роҳбарии  ӯ  мегузорад.  Бо саъйи  ҳунармандони ин  китобхона  санъати ороиши  китоб  ба пояи  баланд  расид, суратгарӣ  ва  минётурнигорӣ ривоҷи тоза ёфт.

  1. Мустаҳкамкунӣ

1) Камолиддини Беҳзод кӣ буд?

2) Вай кай ва дар куҷо таваллуд шудааст?

3)Беҳзод дар дарбори кадом шоҳ кор кардааст?

4)Кадом асарҳои нависандагонро тасвир кардааст?

  1. Супориши вазифаи хонагӣ

Тасвири эҷодиёти Беҳзод аз китоби дарсӣ

  1. Ҷамъбасткунӣ ва эълони баҳо

 

 

 

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: