Ҳисоботи китобдори литсейи №2 дар соли хониши 2014-2015

Ҳисоботи китобдори литсейи №2 дар соли хониши 2014-2015

Дар китобхонаи литсей дар аввали соли хониши 2014-2015 ба микдори 8232 адад китоби дарсӣ мавҷуд буда, моҳи августи соли 2014 аз шуъбаи маорифи ноҳияи Сино ба микдори 302 адад китоби дарсӣ ба маблағи 2615 сомонӣ моҳи октябри соли 2014 аз Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба миқдори 260 адад китоби дарсӣ таълимашон бо забони русӣ бо маблағи 9940 сомонӣ, моҳи январи соли 2015 ба миқдори 350 адад китоби дарсӣ аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 3686 сомонӣ, моҳи феврали соли 2015 аз Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе ба миқдори 286 адад китобҳои дарсӣ қабул карда шуд. Гуфтан мумкин аст, ки хонандагон пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин шудаанд: ин ҳам бошад бо дастгирии маъмурияти литсей, падару модарон ва серталаб будани муаллимони фаннӣ ва роҳбарони синф мебошад. Дар давоми соли хониш се маротиба рейдҳо оиди ҳолати вазъи тозагии китобҳои дарсӣ гузаронида шуд. Камбудии асосӣ дар он аст, ки ҳангоми гузаронидани рейдҳо маълум шуд, ки баъзе хонандагоне ёфт шуданд, ки пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин шуда бошанд ҳам ба дарсҳо бо ду ё се китоб меоянд. Дар рафти соли хониш якчанд маротиба бо хонандагон оиди тоза нигоҳ доштани китобҳо суҳбатҳо гузаронида шуд. Хонандагони синфҳои 5-8 аксарият аъзои китобхона буда, аз китобҳои бадеӣ истифода мебаранд.Хонандагони синфҳои 9-11 низ аъзои китобхона буда, аз китобҳои бадеӣ кам истифода мебаранд. Омӯзгорон Азизова М., Махадова Г., ШабуроваҶ, Сангинова М.,Шодибекова М., Қаландарова Ф., Аллаев А., Исломова Н.,Ҷалилова Ю., Меҳрабонова М., Диловаршоев М. ва дигарон аз китобҳои методӣ , рӯзномаву маҷалаҳо истифода мебаранд. Дар соли хониши 2014-2015 як қатор чорабиниҳо аз рӯйи нақшаи солона гузаронида шуд. 4- сентябр бахшида ба Рӯзи китоб дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ намоиши китобҳо ташкил карда шуд, хонандагон дар мавзӯи китоб шеърҳо қироат намуданд. Бахшида ба Рӯзи китоб экскурсия бо хонандагони синфҳои 5-8 аз санаи 4.09 то 6.09 ба китобхонаи М. Миршакар ташкил карда шуд. Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ 22. 09. 2014 намоиши китоб ташкил карда шуд. 30. 09.2014 бахшида ба Рӯзи Ҷалолиддини Румӣ намоиши асарҳои Ҷ. Румӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар моҳи октябр давраи обунашавӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳо гузаронида шуд. 29- ноябр бо ҳамроҳии омӯзгорон Наҷмиддинова П. ва ЗоировС. озмуни «Байтбарак» байни хонандагони синфхои 5-6 гузаронида шуд, ки дар он хонандагон хело фаъол буда, аз эҷодиёти адибони форсу тоҷик шеърҳо қироат намуданд. Дар санаи 10- феврал байни хонандагони синфҳои 7-8 озмуни «Қироати шеъри беҳтарин» бо дастгирии муаллимони забон ва адабиёти тоҷик ШодибековаМ. , Абдувохидова М. ва Миррахматова О. гузаронида шуд. Дар ин озмун хонандагони синфхои 7 хело фаъол буданд.
Бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ намоиши китобҳо ташкил карда шуд. Аз таърихи 2. 04. 15 то 9. 04. 15 фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид. Рӯзи 2.04.15 дар Филармонияи давлатӣ рӯзи кушодашавии фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар он хонандагони синфи 5 «А»(26 нафар), ва синфи 8 «В» (29 нафар) иштирок намуда, бо адибон Гулназар Келдӣ, Меҳмон Бахтӣ ва Латофат Кенҷаева вохӯрӣ гузарониданд. Сипас,муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Мирбобоев суханронӣ карда ҳозиринро табрик намуд. Рӯзи 4. 04.15 хонандагони синфи 6 «Б» (29 нафар ) ба китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар рафта бо адибон Алӣ Бобоҷон, Ғани Ҷӯразода, Муродалии Собир маҳфили хотирмоне баргузор гардид, ки дар он хонандагон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Рӯзи 7. 04. 15 хонандагони синфи 5 «В» (29 нафар) барои саёҳату тамошои фестивали ҷумҳуриявии Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон ба китобхонаи М. Миршакар рафта, бо адибон Мирзо Файзалӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода вохӯрӣ намуда, дар саҳни китобхона намоишгоҳи китобҳои тозанашр, дастранҷи кӯдакону наврасон ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Барномаи шеъру суруди хотирмоне низ пешкаши хонандагон гашт. Рӯзи 9. 04. 15 дар Филармонияи давлатӣ ҷамъбасти Ҳафтаи китоб баргузор гардида, дар он муовини вазири маориф ва илми ҶТ Махмадова Т. қайд намуд:- «Хело хушҳолам, ки Ҳафтаи китоб дар тамоми миқёси Ҷумҳурӣ бо шавқу завқи беандоза таҷлил гардид. Умедворам, ки фестивал майлу рағбати кӯдаконро ба китобдӯстӣ ва омӯхтани илму ҳунар меафзояд. Китобхонӣ дар ташаккулу тафаккури эҷодии хонандагон рушди нерӯи зеҳнии ҷомеа, таҳкими ҳисси худшиносӣ, худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муҳим дорад.»
Дар фароварди маҳфил ба иштирокчиёни фаъоли фестивал нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтихорномахо ботантана супорида шуд,ки дар он литсейи № 2 низ барои иштироки фаъолона дар фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуд. Аз таърихи 2.06.15 то 6.06.15 дар литсей қабули китобҳои дарсӣ гузаронида шуд. Аксарияти хонандагон дар вақти муайяншуда китобҳои худро ба роҳбарони синфҳо супориданд. Хонандагони синфҳои 10 «Б» роҳбари синф МахмадиевҲ. ва синфи 11 «А» роҳбари синф МеҳрабоноваМ. китобҳои худро дар вақти муайяншуда ба китобхона насупориданд ва то ҳол китобсупориашон давом карда истодааст.

Китобдор Шукурова М.

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: