Ҳисоботи нимсолаи кафедраи забони англисӣ дар литсейи № 2 барои хонандагони болаёқати ш.Душанбе. ( сентябр, октябр, ноябр, декабр).

Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди такмили забони англисӣ ва русӣ дар Тоҷикистон барои солхои 2015-2020 омӯзгорони кафедра бо мақсади беҳтар гардонидани сатҳи дониши хонандагон ва дар дарс истифода бурдани технологияи муосир (тахтаи электронӣ ) инчунин методҳои навин дар литсей саъю кушиш доранд.Омӯзгорон мунтазам аз барномаи интерактивии омӯзиши забони англисӣ бо пешниҳоди Раёсати Маорифи ш.Душанбе дар дарсҳои иловагӣ васеъ истифода мебаранд
Дар литсейи № 2 кафедраи забони англисӣ кору фаъолият дорад, ки аъзоёнашон аз панҷ нафар иборат мебошанд. Ду нафар омӯзгорон Махадова Гулнисо ва Турди Аханова Ирода аспиранти Донишгоҳи Давлатии Омӯзгори ба номи Садриддин Айнӣ мебошанд.

р/т
Ном ва насаби омӯзгорон
Вазифа, омӯзгор
Собиқаи корӣ
Воҳиди корӣ /соати дарсӣ
(умумӣ )
Воҳиди корӣ
Асосӣ Дарсҳои иловагӣ
1 Махадова Гулнисо Худоёровна Омӯзгори фанни забони англисӣ 10 22
(14-8) 5е-2, 8а-2, б-2, 8в-2, 9а-2, 9б-2, 9в-2, 10а-2, 10б-2, 11а-2, 11б-2, 8а-1, 8б-1, 9а-1, 9б-1, 10а-1, 10б-1.
2 Турди-Аханова Ирода Абдумаликовна Омӯзгори фанни забони англисӣ 6 18
(20+9) 5е-2,9а-2, 9в-2, 10а-2, 10б-2, 10в-2,10г-2,11а-2, 11б-2, 5е-1, 7в-1, 9в-1, 10в-1, 10г-1.
3 Амирбекова Муяссара Омӯзгори фанни забони англисӣ 7 26
(26) 5а-2, 5б-2, 5в-2,5г-2, 5Ғ-2, 5д-2, 6а-2,6б-2,6в-2, 6ғ-2, 6д-2, 7а-2,7б-2 5а-1, 5б-1, 5г-1, 5ғ-1, 6а-1, 6б-1.
4 Чуркина Валерия Алексеевна Омӯзгори фанни забони англисӣ 6 24
(2-22) 4а-2,5а-2, 5в-2,5г-2, 5Ғ-2, 5д-2, 6а-2,6б-2,6в-2, 6г-2, 6ғ-2,
6д-2, 4а-1, 5в-1, 5д-1, 6г-1, 6ғ1, 6д-1.
5 Неъматова Суман Омӯзгори фанни забони англисӣ 1 20
(20) 5б-2,6г-2,7а-2,7б-2,7в-2,7г-2,8а-2,8б-2,8в-2,9б-2 6в-1, 7а-1, 7б-1, 8в-1.

Моҳи сентябр Турди -Аханова Ирода дар Донишгоҳи Славянӣ аз рӯи рисолаи илмиаш пешдифо гузашт.Мақолаи омӯзгор дар маҷаллаи Донишгоҳи Славянӣ таҳти номи «Мушкилиҳои омӯзиши забони англисӣ дар мактабҳои тоҷикӣ » моҳи сентябр аз чоп баромад.
Мувофиқи нақшаи кафедра моҳи сентябр хонандагон дар ҷамъомади пагоҳирузӣ бахшида ба 700 солагии аллома Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва шоири шинохтаи англис В.Шекспир шеърҳо бо забони англисӣ қироат намуданд.Дар байни хонандагони синфҳои панҷ озмун гузаронида шуд.Хонандагон синфи 11б зиёда аз 10 нафар дар барномаи ФЛЕКС фаъолона иштирок намуданд ва онҳо ба даври дуюм роҳхат гирифтанд . Дар литсей даври якуми олимпиадаи мактаббачагон гузаронида шуд, дар озмун ҳамаи хонандагон фаъолона иштирок намуданд ва ҷойҳои 1-2-3 юмро ишғол намуда ба даври дуюм ба олимпиадаи ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
Моҳи ноябр дар литсей ҳафтаи забони англисӣ гузаронида шуд.
Ҳафтаи забони англисӣ дар литсейи № 2
аз 09.11.2015 то 14.11.2015

Ҳафтаи забони англисӣ дар литсейи № 2 барои хонандагони болаёқат аз 9 -уми ноябр оғоз гардид. Мувофиқи сенарияи тартибдодашуда саҳни литсей бо кроссворду газетаҳои деворӣ , банерҳо инчунин китобҳои бадеӣ бо забони англисӣ ба намоиш гузошта шуд. Хонандагон дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ шеъру сурудҳо, чистонҳо, бахшида ба 3000 солагии Ҳисори Шодмон бо забони англисӣ маълумот доданд, бахшида ба 700 солагии аллома Мирсаид Алии Ҳамадонӣ бо забони англисӣ ва тоҷикӣ шеърҳо қироат намуданд.
Рӯзи 9- уми ноябри соли равон дар синфи 4 а хонандагон бо саҳначаи «Cinderella» хеле хуб баромад намуданд. Дар дарс мудири кафедраи забони англисӣ Махадова Гулнисо ва омӯзгорони фанни забони англисӣ Чуркина Валерия, Амирбекова Муяссара иштирок карданд. Хонандагон худро озод ҳис намуда нақшҳояшонро хуб иҷро намуданд, ки ин ҷолиби диққат буд.
Дар санаи 10 уми ноябр дар синфи 5г омӯзгор Амирбекова Муяссара дарси кушод дар мавзӯи «Олам дар атрофии мо»-ро хеле хуб гузаронид. Хонандагон ба дарс бо тайёрии хуб омода буданд. Онҳо газетаи деворӣ ва ҳаргуна варақчаҳо омода карданд. Дар дарс ҷонишини директор оид ба таълим мӯҳтарама Мирраҳматова Омина иштирок кард.
Рeзи 11-уми ноябр дар синфи 5»Е» дарси кушод дар мавзeи «Машuулияти дeстдоштаи ман»гузаронида шуд. Хонандагон ба дарс бо тайёрии хуб омода буданд. Ҳар як хонанда оиди машғулияти дeстдоштаи худ сухан ронданд, газетаи деворӣ омода карданд, хонандагон ҳама фаъол буданд ва онҳо оиди машғулияти дӯстдоштаи худ намоишҳо нишон доданд, дар дарс ҷонишини директор оид ба таълим муҳтарама Мирраҳматова Омина ва ҷонишини директор оид ба тарбия Амирхонов иштирок карданд ва таҳлил намуданд.Омӯзгор Турди Аханова Ирода дарсро хеле хуб гузаронд.
Дар санаи 12-уми ноябр, дар синфи 9 а дарси кушод дар мавзӯи «The creations of Mankind » гузаронида шуд..Хонандагон аз интернет ва доскаи электронӣ васеъ истифода бурданд. Дар дарс xонишини директор оид ба таълим Мирраҳматова Омина ва омӯзгори фанни забони англисӣ Турди–Аханова Ирода иштирок карданд.Дарс бо истифодаи тахтаи электрони хуб гузаронида шуд. Омӯзгор Махадова Г тавонист малакаи шифоҳи, грамматикии хонандагонро ривоҷ дода, муҳити мустақилияти хонандагонро таъмин намояд.Дар дарс хонандагон Асоева Н, Абдурауфов М, Замираи Ҷумахон ва Аҳмадова Ойшамоҳ фаъол буданд.
Байни хонандагони синфи 11б омӯзгорони фанни забони англисӣ Махадова Гулнисо ва Турди–Аханова Ирода викторина дар мавзeи« Дар олами санъат»-ро гузарониданд..Синфхона бо плакатҳо оро дода шуда буд. Хонандагон доир ба таърихи пайдоиши санъат ва рассомони шинохтаи ҷаҳон слайдҳо омода намуда , саҳначаҳо тайёр карданд ва хеле хуб баромад намуданд. Викторина дар фазои хеле ҳам озод гузаронида шуд. Хонандагон асбобҳои мусиқӣ дастрас намуда, худашон намудҳои санъатро нишон доданд,масалан Бойматова Шарофат ва Абдуллоев Муҳибулло гитара навохтанд, Мухамедова Зарнигор пианино ва Турсунов Умедулло скрипка навохтанд, ки ин хеле ҷалбкунанда буд.Дар викторина ҷонишини директор оид ба таълим Мирраҳматова Омина, ҷонишини директор оид ба илм ва инноватсия Фазлоншоева Х, ҷонишини директор оид ба тарбия Амирхонов Ҷ, омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ Рӯзиева Фароғат иштирок карданд. Викторина манъбаи ҳам ахлоқӣ ва ҳам тарбиявӣ дошт.
Мақсад аз гузаронидани Викторина ин ривоҷ додани нутқи шифоҳии хонандагон, тарбияи зебоипарастӣ ва дӯстӣ дар байни хонандагон буд.
Дар санаи 13- уми ноябр дар синфи 5 д омӯзгор Чуркина Валерия дарси кушод дар мавзӯи «Travelling» гузаронд. Синфхона бо плакатҳо оро дода шуда буд.Дар давоми дарс малакаи шифоҳи ва грамматикии хонандагон ривоҷ дода шуд, онҳо тавонистанд оиди мамлакатҳо бо забони англисӣ маълумот диҳанд.
Дар давоми ҳафта омӯзгори фанни забони англисӣ Турди Аханова Ирода дар синфхонаи технологияи иттилоотӣ дар дарсҳои иловагӣ саволҳои тестиро бо воситаи доскаи электронӣ васеъ истифода бурданд ва инчунин намоиши филмҳоро бо забони англисӣ пешкаши хонандагон намуд.
Омӯзгор Махадова Г дарсҳои иловагиро дар атрофи табиат гузаронид, ки хонандагон тавонистанд малакаи гуфтугуи худро ривоҷ диҳанд.
Умуман ҳафтаи забони англисӣ дар литсей хеле хуб гузаронида шуд. Мувофиrи Rарори Ҳукумати ҶТ оиди такмили забони англисӣ ва русӣ дар Тоxикистон барои солҳои 2015-2020 омӯзгорони кафедра барои беҳтар намудани сатҳи дониши хонандагон ва дар дарс истифода бурдани технологияи муосир (доскаи электронӣ ) дар литсей саъю кeшиш доранд.
Моҳи декабр даври дуюми олимпиадаи мактаббачагон дар мактаби бр даври дуюми олимпиадаи мактаббачагон дар мактаби № 37 баргузор гардид. Хонандагони литсей фаъолона иштирок намуда ҷойҳои зеринро ноил гардида соҳиби ифтихорномаҳо ва мукофотҳо гаштанд.
Абдурауфов Меҳроҷ – ҷои 2юм хонандаи синфи 9 а
Сатторова Сончеҳра – ҷои сеюм хонандаи синфи 10 в
Дар давом моҳи декабр дар синфҳои 8 а-б- в омӯзгорон Махадова Гулнисо ва Неъматова Суман баҳри иҷроиши барномаи давлатии омӯзиши забони англисӣ мониторинг гузарониданд, ки натиҷаи назаррас дод.

Мудири кафедраи забони англисӣ Махадова Гулнисо

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: