Ҳисоботи фаъолияти нимсолаи Созмони талабагии литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

Снимок

Ҳисоботи фаъолияти нимсолаи Созмони талабагии литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки сол то сол ва беш аз пеш литсейи мо дар  самти таълиму тарбия  ба дастовардҳои бузурги илмию адабӣ ва фарҳангӣ ноил  шуда истодааст.  Дастовардҳои муассисаи таълимӣ  на фақат дар дохили мамлакат, балки берун аз кишвар низ назаррас  аст. Ин бозгӯйи он аст, ки системаи таълиму тарбия дар литсей дуруст ба роҳ монда шуда, ба тарбияи насли наврас диққати махсус зоҳир карда мешавад.

Соли таҳсили 2015-2016 барои  литсейи мо аз оғоз то имрӯз бисёр соли фархунда  ва  некпай омад. Дастоварду муваффақиятҳои хонандагону омӯзгорон нисбати ҳамин давраи соли гузашта  дучанд ва бузургтар аст.

Созмони талабагии литсей ҳамчун ташкилоти худфаъолият ва ёрирасони муассисаи таълимӣ дар баргузории ҳама гуна чорабиниҳои илмию адабӣ,фарҳангӣ, варзишӣ  ва ғайра саҳми назаррас дошта, пешоҳанги густариши таълиму тарбия мебошад. Фаъолияти кори Созмони талабгии литсей аз оғози соли хониш шуруъ гардид.  Фаъолони он аз рӯйи 7 самти муқарраргардида амал намуда, дар баробари  маъмурияти литсей ва омӯзгорон ҷиҳати пешрафти таълиму тарбия  фаъолияти хуб нишон доданд.

Самти якум «Тоҷикистон кишвари азизи ман» буда, роҳбари ин самт хонандаи синфи 9 «А» Шарипов Манучҳер мебошад. Масъулини  ин самт моҳи сентябр дар гузаронидани солгарди навбатии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ фаъол буданд. Бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ хонандагон баромад  намуда, шеъру сурудҳо қироат  карда, сафҳаҳои таърихи гузаштаро варақ  заданд. Омӯзгорон  бахшида ба ин мавзӯъ соатҳои тарбиявӣ гузарониданд. Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ озмуни расм дар рӯйи асфалт   гузаронида  шуд.

Ҳамчунин дар ин моҳ «Рӯзи Рӯдакӣ» таҷлил гардид  ва  фаъолони Созмони талабагӣ аз рӯйи сенарияи махсус дар ҷамъомадҳои  пагоҳирӯзӣ  барномаҳои адабию тарбиявиро ба намоиш гузоштанд. «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…»-чунин унвон  гирифта буд  конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба таҷлили солгарди одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки  рӯзи 22-юми сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи литсей баргузор гардид.    Суханронии ҷонишини директор оид ба таълим, Мирраҳматова О. ба конфронс ҳусни оғоз бахшид.  Дар қисми якуми конфронс маърӯзаи омӯзгорон ва хонандагони синфи 10  ба самъи ҳозирин расонида шуд.  Маърӯзаи якум «Сардафтари адабиёти тоҷик нобино набуд»  ном гирифта буд,  ки аз тарафи мудири кафедраи фанни забон ва адабиёти тоҷик  Аминҷонзода Парвина қироат гардид. Сипас маърӯзаҳои омӯзгорон Абдувоҳидова М., Зоиров С. ва хонандагони синфи 10 «Б» Ашурова А., Раҷабова Г. ба самъи ҳозирин расонида шуд. Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини  Балхӣ   низ хеле хуб ҷашн гирифта шуд.

Ҳамасола дар саросари кишварамон 5-уми  октябр ҳамчун Рӯзи забон таҷлил мегардад. Дар литсейи мо низ ин иди муҳиму арзишманд бо тантана гузаронида  шуд. Забон, ки рукни асосии миллату давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар соҳибзабон  ғамхорию эҳтиромро талаб мекунад. Иди омӯзгорон дар сатҳи баланд таҷлил гардида, худидоракунӣ аз тарафи  хонандагони синфҳои 10 ва  11  гузаронида шуд. Ҳамчунин аз тарафи хонандагон баҳри фароғату истироҳати устодон тибқи сенарияи махсус дар толори маҷлисгоҳ базми шодию тараб барпо гардид.

Хушбахтона  бо баргузории ҷашни Меҳргон моҳи октябр литсейи мо дар озмуни ноҳиявии «Тирамоҳи заррин» сазовори ҷойи якум гардида, ба озмуни шаҳрии «Тирамоҳи заррин» роҳхат гирифт. Бо роҳбарии  омӯзгори кордону пуртаҷриба Шоназаров М. хонандагони мо дар даври шаҳрии озмуни  «Тирамоҳи заррин» ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гардиданд. Ин ғолибиятҳо хонандагону омӯзгоронро рӯҳбаланд  гардонд. Даври ҷумҳуривии озмуни  «Тирамоҳи заррин», ки дар Маркази машғулиятҳои беруназмактабии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, аз ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар хонандагону омӯзгорон иштирок  доштанд. Хушбахтона дар мусобиқаи мазкур дастаи литсей  бо намоиши беҳтарини молу маҳсулоти кишоварзӣ ва презинтатсияву маърӯзаҳояшон сазовори ҷойи якум гардиданд. Аз ин бурдбории деринтизор сари хонандагону омӯзгорон ба осмон  расид.

Солҳои охир дар пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе  намоиши молу  маҳсулоти  кишварҳои дигар зуд-зуд барпо мегардад. Яке аз чунин  намоишгоҳҳо ин намоиши молу маҳсулоти  кишвари Ҳиндустон буд, ки аз  20.09.2015. то 29.09.2015 дар толори филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев  идома ёфт. Бо мақсади ошноии бештар пайдо намудан бо истеҳсолоти ин давлат рӯзи 29-уми сентябри соли 2015  як гурӯҳ хонандагони  синфҳои 10,11-ро   ба намоишгоҳ    сафарбар   намудем. Хонандагон зимни намоиш  аз ҳунару санъат ва фарҳангу  маданияти мардуми Ҳиндустон огоҳӣ пайдо намуда, бо тоҷирон ва муассисони ин намоишгоҳи бошукӯҳ аксҳои хотиравӣ гирифтанд.

Яке аз санаҳои  муҳимтарине, ки дар соли гузашта   пешорӯйи мо буд, ин  истиқболи 21-солагии  Конститутсия (Сарқонун)-и  мамлакат  буд. Ҳафтаи фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ  маҳз дар ҳамин рӯзҳо рост омада, омӯзгорони    ин фан  намудҳои гуногуни дарсҳои кушод оид ба  мавзуъҳои ҳуқуқӣ гузарониданд. Бояд қайд намоем,ки «Рӯзи парчам», ки 24-уми ноябр  гузаронида  шуд, пурра аз тарафи фаъолони Созмони талабагӣ баргузор гардид.

Бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва сайқал  додани донишу маҳорати хонандагон бо пешниҳоди  омӯзгорони кафедраи  фанҳои таърих ва ҳуқуқ  рӯзи 21-уми  ноябри соли гузашта 150 нафар хонандагони синфҳои 5-9 ба Қалъаи Ҳисор  сафарбар  шуданд. Хонандагонро ба ду гурӯҳи калон ҷудо  намуда, омӯзгоронро барои нигоҳубини онҳо муваззаф  намуданд.

Дар санаи 14 –уми ноябри соли ҷорӣ  як гурӯҳ  хонандагони синфи 11 «А» ва 11  «Б» бо роҳбарии омӯзгорон  Азизова М. ва Маҳмадиев Ҳ. бо мақсади   касбинтихобкунӣ ба меҳмонхонаи  «Шератон» барои  иштирок дар 17-умин «Намоишгоҳи таълимии сайёҳӣ-фарҳангӣ ва инноватсионӣ  ТСФИ-2015»  сафарбар карда шуданд. Дар ин намоишгоҳ  намояндагони донишгоҳҳои давлатҳои Малайзия, Чин ва Олмон иштирок доштанд.  Донишгоҳҳои бонуфуз аз қабили Донишгоҳи байналмилалии Малайзия, Донишгоҳи «Баҳри Даляни»-и Чин, Донишгоҳи «Линк ок Винк»-и Малайзия,коллеҷи «Ментар»-и Малайзия ва Донишгоҳи байналмилалии Олмон дарҳои худро ба рӯйи довталабони тоҷик боз намуда буданд.

Тибқи нақшаи солонаи  литсей ва даъватномаи «Аксессбонк Тоҷикистон» рӯзи 31-уми октябри соли ҷорӣ бо мақсади иштирок намудан  дар озмуни  расми беҳтарин, ки аз тарафи «АксесБонк Тоҷикистон» баргузор гардид, 49  нафар хонандагони боистеъдод ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, ба филиалҳои ин бонк, ки яке дар суроғаи Ғафурова 33 «А»  ва дигаре дар  кӯчаи Фирдавсӣ 61/1, воқеъ гаштааст, сафарбар шуданд. Барои назорат бурдану идора намудани хонандагон зимни ин сафар омӯзгорон Меликов Ҷ., Охонова М., Иглина М.  ва Зоиров С, фиристода шуданд. Ҳамчунин волидайни хонандагон дар ин озмун иштирок намуда, аз рафти озмун бевосита шинос шуданд. Озмуни мазкур соати 11:00 оғоз гардида то соати 13:00 идома ёфт. Гурӯҳи 1 филиали  «Ғафурова»:

1.Шомаҳмадов М., хонандаи синфи 6  «Б» ҷойи 1-ум

2.Шаҳзодаи А., хонандаи синфи 5 «Ғ» ҷойи  2-юм

3.Қурбонов С., хонандаи синфи 5 «Д» ҷойи 3-юм

Гурӯҳи 2 филиали «Корвон»:

1.Бузургмеҳри Б., хонандаи синфи 7 «Г» ҷойи 1-ум

2.Иргашева М., хонандаи синфи 6 «Ғ» ҷойи 2-юм

3.Аъзамхонзода Ш., хонандаи синфи 7 «А» ҷойи 3-юм

Хонандагони мазкур бо ифтихорнома  ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд

Омӯзгори фанни химияи литсей  Самиев С. бо  сафари хизматӣ     дар шаҳри Хелсинкии давлати Финляндия аз санаи  19- то 25- моҳи сентябри соли 2015, қарор дошт. Мақсади асосии сафари хизматӣ  дар доираи  барномаи «Устуворсозии имкониятҳо дар соҳаи мониторинги сифати обҳои сатҳӣ дар Тоҷикистон»  ҷихати шиносоӣ бо таҷрибаҳои мутахассисони Финландия дар самти таҳлил ва ташхиси обҳои сатҳӣ иборат буд. Дар ҳамоиш Самив  С.  дар бораи фаъолияташ дар литсейи №2 шаҳри Душанбе  маълумот дода, ҳамкории литсейро  бо Маркази обуҳавосанҷии  Тоҷикистон  зикр  намудааст.

Бояд  қайд  намуд, ки иштироки омӯзгорони литсей  дар чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ боиси сарфарозӣ ва хушнудист

Хушбахтона тӯли 5-сол мешавад, ки дар МТД литсейи дастаи «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» арзи ҳастӣ  дорад. Дастаи мазкур то имрӯз дар чандин мусобиқаҳои давлатию байналмилалӣ  ширкат варзида,  бо ҳунарнамоии сатҳи олиашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Мусобиқаи  сатҳи байналмилалии охирине, ки аз 01. 10.2015 то 13.10.2015 байни дастаҳои «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» идома ёфт, дар шаҳри Анапаи Россия гузаронида шуд. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои нозирон аз давлатҳои Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон,  Русия  ва Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дастаи Тоҷикистонро  4 нафар хонандаи литсейи №2 бо роҳбарии ҷонишини директор оид ба илм ва инноватсия Фазлоншоева Х. намояндагӣ мекарданд. Дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа  дар се шарти асосӣ: «Дастаи тарғиботӣ» (Агитбригада), кашидани  газета, ки ба 15-солагии газетаи машҳури «Добрая дорога детства» бахшида шуда буд ва дар озмуни «Доноякон» ( «Умники  и умницы»)  сазовори ҷойи якум гардиданд. Ҳамчунин  дар байни ҳамаи дастаҳо низ дастаи «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ»-и Тоҷикистон ҷойи якумро ишғол намуд, ки ин албатта боиси ифтихору сарфарозист

Аз рӯйи нақшаи солона дар самти «Дониш талабу бузургӣ омӯз» чорабиниҳои зерин гузаронида шуд:

Фаъолияти ин самт аз рӯзи аввали  таҳсил -1-уми сентябр, ки «Рӯзи дониш» аст, оғоз мегардад. Ҳафтаи аввали моҳи сентябр ҳамчун  ҳафтаи китоб қайд карда шуд. Китобдори литсей, Шукурова  Муборак  дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ намоиши китоб ташкил карда, хонандагонро барои мутолиаи асарҳои  гуногун  ба китобхонаи литсей ҷалб намуд.

Аз оғози соли хониш дар литсей якчанд маротиба олимпиадаи  фосилавӣ гузаронида  шуда, хонандагони  фаъолро бо ифтихорномаҳо сарфароз гардониданд. Баҳри баланд бардоштани донишу малакаи хонандагон  омӯзгорони  фанни технологияи иттилоотӣ бо роҳбарии Фазлоншоева Х. ва Саидов С. санҷиши тестиро тариқи кампютер ба роҳ монданд. Ҳамасола  олимпиадаҳои фаннӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида мешавад. Имсол дар даври аввали олимпиадаҳои фаннӣ (дохилилитсейи) 119 нафар хонандагони синфҳои  9-11ба даври 2-юм, ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ин теъдод 25  нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, барои иштирок дар даври сеюм (шаҳрӣ) омодагӣ диданд.

Яке аз муваффақиятҳои дар моҳи ноябри соли 2015 ба даст омада ин иштироки хонандагони литсейи мо бо роҳбарии  омӯзгори ҷавону кордон Буланова Мария дар 7-умин бозиҳои байналмилалии интеллектуалӣ мебошад, ки дар шаҳри Москваи федератсияи Русия баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ, ки намояндангони  10 давлати дунё дар он ширкат  доштанд, Тоҷикистонро  6 нафар хонандаи синфи 6 «Г»-и литсей намояндагӣ намуданд.

Мусобиқаи мазкур аз 05 –ум  то 09-уми ноябр  идома ёфта, рӯзи якуми озмун   намоиши презинтатсияҳои беҳтарин гузаронида шуд, ки дар ин шарти озмун аз байни ҳамаи дастаҳо дастаи литсейи мо сазовори ҷойи якум гардид.

Рӯзи дуюми озмун бозҳои шавқовар (головоломки) гузаронида шуд. Дар ин шарти озмун, ки аз ҳама шарти душвори озмун ба ҳисоб мерафт,  хонандаи синфи 6 «Г»,  Бурҳонов Зафар  дониши баланду зиракии мантиқиашро нишон дода,  ҷойи якумро ишғол намуд.  Ҳамчунин, маҳз дар ҳамин  бахши озмун дар қисмати умумии бозӣ низ ҷойи сеюмро ишғол карда,  роҳхат барои истироҳати ройгон ба шаҳри Сочӣ гирифт ва  бо медалу ҷом ва ифтихорнома низ сарфароз гардонида шуд.

Рӯзи сеюм низ озмун идома ёфта, рӯзи чорум  он ҷамъбаст гардид. Дар ин рӯз баҳри болидарӯҳии  меҳмонон ва намоиши санъати беназири тоҷикона  гулдухтарни синфи 6 «Г» ба ҳозирин рақси зебову назаррабоеро  дар зери суруди машҳури «Эй санам» тақдим намуданд. Ҳозирин  аз зебогии сару либос ва рақси ҷаззобу ғулғулаафкани гулдухтарон ба ваҷд омада,  кафкӯбиҳои бардавоме  намуданд.

Бояд қайд намуд, ки пас аз ҷамъбасти ин мусобиқа  масъулин ва муассисони  ин ҳамоиши байналмилалӣ  ҳамчун изҳори сипос ва миннатдорӣ  ба Раиси шаҳри  Душанбе муҳтарам Маҳаммадсаид Убайдуллоев ва Сардори Раёсати маорифи шаҳри  Душанбне Фақеров Ҳамидулло сипоснома (раҳматнома)  аз шаҳри Москва фиристоданд.

Тибқи нақшаи солонаи Созмони талабагӣ  дар нимсолаи якуми соли хониши 2015-2016 роҳбар ва фаъолони Созмони талабагӣ санҷиши ҳолати рӯзномадории хонандагони синфи 4-11-ро  ба роҳ монданд.  Ҳангоми тафтиши  рӯзномаҳо  ҳолати рӯзномадорӣ, пур  кардани мавзуъҳо, теъдоди баҳо, имзои  роҳбари  синф ва волидайн  ҳам  дар охири ҳафта ва ҳам дар охири рӯзнома (дар поёни рейтинг) ба қайд гирифта  шуд.

Санҷиши якуми  рӯзномаҳои хонандагон  аз 21-ум  то 28 сентябр идома ёфт. Санҷиши дуввум аз 15-ум то 24-уми ноябр гузаронида шуд.  Дар ин муддат рӯзномаҳои хонандагони  синфҳои 4-11   дида баромада шуд.

Зимни санҷиш  ҳолати рӯзномаҳои ҳар як хонандаро алоҳида дар варақҳо қайд намуда, баҳогузорӣ кардем. Дар маҷмуъ  ҳамагӣ 130 нафар хонанда рӯзномаҳояшонро барои тафтиш пешниҳод накарданд.

Қобили қайд аст, ки дар гузаронидани ҳафтаҳои фаннӣ омӯзгорону хонандагон омодагии ҷиддӣ дида, конфронсҳои илмӣ ва мулоқоту вохӯриҳо бо шахсиятҳои мӯътабар ташкил намуданд.

Аз рӯйи самти «Дар олами зебоӣ» корҳои зайл амалӣ гардиданд: Дар литсей моҳи ноябр карнавали тирамоҳӣ гузаронида  шуд, ки дар ҷобаҷогузорӣ ва омода намудани либосҳои хонандагон ва ороишоти толори  маҷлисгоҳ  масъулини  самт   фаъол буданд. Дар ҳафтаи фанни техналогия намоиши  муд  баргузор шуд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд. Моҳи ноябр мувофиқи нақшаи Кумитаи кор бо занон ва оила  як гурӯҳ дар ҳайати беш аз чил нафар бонувони фаъоли Ҷумҳурӣ ба литсейи мо ташриф оварданд, ки дар пешвоз ва ороишоти хонандагону синфхонаи таълими меҳнат саҳми масъулини самт назаррас буд. Дар ташкил ва таҷлили соли нави мелодӣ низ нақши масъулини ин самт назаррас буда, дар хонаи омӯзгорон  ва роҳравҳои литсей арчаи зебо ва дигар ороишотро таъмин намуданд.

Самти «Сулҳ ва ваҳдат» яке аз самтҳои муҳиме мебошад, ки ҷиҳати якдилию якмаромӣ ва оромию иттиҳоди хонандагон  кӯшиш менамояд. Рӯзи 1-уми сентябр дар ҳамаи синфҳо «Дарси сулҳ» гузаронида шуд. Саҳми масъулини самти мазкур дар таҷлили  «Рӯзи парчам» хеле назаррас буд.

Самти панҷуми Созмони талабагӣ «Дар олами наботот» мебошад. Фаъолияти ин самт  чандон бад набуда, то ҳадди имкон нақшаи мураттабнамудаашонро  иҷро карданд. Аз оғози соли хониш то имрӯз чандин маротиба  шанбегиҳо гузаронида шуда, бехи дарахтон нарм карда шуданд. Рӯзи 29.09.2015 як гурӯҳ хонандагони фаъол ба  Маркази машғулиятҳои беруназмактабии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар конференсия бахшида ба табиатшиносӣ сафарбар карда шуданд.

«Мо чусту чолокем, нотарсу тавоноем»- чунин ном гирифтааст самти шашуми Созмони талабагӣ. Дар риштаи варзиш то нимсолаи якум литсейи мо корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Моҳи сентябр бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мусобиқаи футбол байни хонандагони синфҳои 9-11 гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа хонандагони синфи 11«А» ҷойи якум, синфи 9 «А» ҷойи дуюм ва синфи 11 «Б» ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ҳамчунин дар давоми нимсолаи сипаригашта аз тарафи омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ мусобиқаҳои шоҳмотбозӣ, вазнбардорӣ, давидан ба масофаи муайян ва дигар навъи мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуд.

Озмуни варзишии «Чархи амонӣ», ки ҳамасола дар литсей гузаронида мешавад, имсол низ баргузор гардида, ҳайати доварон ва ташкилкунандагони асосии ин озмун роҳбар ва фаъолони Созмони талабагӣ буданд.

Дастоварди варзишгарони литсей имсол хеле хурсандиовар аст. Яке аз  хонандагоне, ки ба шоҳмот завқи беандоза дорад, хонандаи синфи 5 «Ғ» Шаҳриёри Абдузариф мебошад. Шаҳриёр дар мусобиқаҳои гуногун аз ин навъи варзиш ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гардидааст.

Мусобиқаи охирини  шоҳмотбозӣ, ки дар шаҳри Салоники давлати Гретсия баргузор  гардид, Шаҳриёр дар он ширкат дошт.  Ин мусобиқа 14 рӯз давом карда, дар он  қариб аз 120 давлати  дунё:  Ҳиндустон, Эрон, ӯзбекистон,Фаронса Испания, Қазоқистон ва ғайра бозингарон иштирок доштанд.  Шумораи умумии иштирокчиёни мусобиқа 210- нафарро ташкил  медод. Шаҳриёр дар ин мусобиқа  ҷойи 56-умро ишғол намуд, ин муваффақияти бузург аст.

Сайдалиев Шамил, хонандаи синфи 6 «А» яке аз варзишгарони  номовари  литсей  ба ҳисоб меравад. Яке аз чунин мусобиқаҳо  ин чемпионати кушоди  Осиё аз рӯйи навъи варзиши комбат- айкидо, ки моҳи октябри соли ҷорӣ  дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор  гардид, Шамил дар он иштирок дошт. ӯ дар  ин мусобиқа дар вазни 51 килограм  қувваозмоӣ  намуда, мақоми аввалро соҳиб гардид. Ҳамчунин хонандагони варзишгар, ба монанди Пулатов  Алишер, Алихонов Суҳроб ва дигарон  дар соли гузашта ба пирӯзиҳои бузурге  мушарраф шуданд. Моҳи декабр аз тарафи омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ озмуни телевизионии «Офарин» гузаронида шуд, ки дар он хонандагони синфи 6 «В» ва 6 «Ғ»  иштирок намуда, хонандагони синфи 6 «В»  сазовори ҷойи аввал гардиданд. Хотиррасон бояд намуд, ки аз моҳи сентябр то ҷамъбасти нимсолаи якум мусобиқаҳои футбол ва баскетбол байни хонандагону омӯзгорон гузаронида шуд.

Аз рӯйи самти  «Ғамхорӣ ва шафқат» низ фаъолият чандон бад набуд. Қобили зикр аст, ки ҳар сол дар арафаи соли нав бо ибтикори омӯзгорон ва маъмурият корҳои хайру савоб  анҷом дода мешавад. Имсол низ рӯзи 26.12.2015 бо мақсади аёдат ба хонаи  кӯдакони №2-и  пойтахт омӯзгорон Шоназаров М. ва Амирхонов Ҷ. ҳамроҳи 20 нафар хонандагони фаъол сафар  намуданд. Аз ҳолу аҳвол ва шароити кӯдакони ин даргоҳ  хонандагон огоҳ гардида, аз забони шаҳдбори ин дустрӯякон  шеъру чистонҳо шунида, ҳадяҳои бо худ бурдаашонро ба онҳо тақдим намуданд. Хонандагон  қавл доданд, ки минбаъд низ ба ин даргоҳ ташриф оварда, хотири ин дӯстрӯякони аз навозиши пайвандон маҳруммондаро бо тӯҳфаҳову навозишҳо шод хоҳанд гардонд.

Моҳи октябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи литсей  ҳисоботи солонаи фаъолияти Созмони талабагӣ, интихоби  раиси Созмон ва ҳайати нави фаъолон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш маъмурияти литсей, бахусус директори муассиса бевосита ширкат варзида, аз кори яксолаи Созмони талабагӣ огоҳ шуд. Мувофиқи раъйдиҳии умумӣ раиси Созмони талабагӣ Одилова Солиҳа, хонандаи синфи 10 «Г»  интихоб гардид ва ҳайати нави фаъолони Созмон ба ҳозирин муаррифӣ карда шуд.Теъдоди аъзоёни Созмони талабагӣ то нимсолаи якум дар зинаи  «Ахтарон»  24, «Ворисони Сомониён» 446 ва «Сомониён» 124 нафар, дар маҷмуъ 596 нафарро ташкил дод, ки ин 71,8 % шумораи умумии хонандагони литсейро ташкил медиҳд.

Нашрияи моҳонаи литсей, «Ворисони Сино» то нимсолаи якум се маротиба ба табъ расида, фарогири мақолаву матолиби ҷолиби нигоштаи хонандагону омӯзгорон буд.

Дастоварду муваффақиятҳои омӯзгорону хонандагон дар нимсолаи сипаригашта хеле бузург аст, ногуфтаҳо низ хеле зиёданд.

Мо роҳбар ва фаъолони Созмони талабагии литсей  ният дорем, ки дар оянда фаъолиятамонро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда, дар  самти  расидан  ба ҳадафҳои  асосии таълиму  тарбия ба маъмурият  ва омӯзгорони пуртаҷрибаву меҳнатдӯсти  ин  даргоҳ кӯмак  расонем. Мо барои кӯмак ба омӯзгорону хонандагони литсей доимо омодаем, зеро шиори мо ин аст:

Мо толиби сулҳему пайи авҷу барорем,

Бар хизмати халқу Ватани хеш тайёрем!

 

 

Роҳбари Созмони талабагӣ:                             Зоиров С.

 

 

 

Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон,Раёсати маорифи шаҳри Душанбе,МТД литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

 

 

 

 

Ҳисоботи фаъолияти нимсолаи Созмони талабагии литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2015-2016

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: