Ҳисоботи «Ҳафтаи суруд ва мусиқӣ» дар литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе.

DSCF9309

Ҳисоботи «Ҳафтаи суруд ва мусиқӣ» дар литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе.

Аз 14.12.2015 то 19.12.2015 дар литсейи №2 «Ҳафтаи суруд ва мусиқӣ» гузаронида шуд.

Дар рӯзи аввали ҳафта, яъне 14.12.2015 намоиши китобҳои мусиқӣ пешкаши хонандагони литсей гардонида шуд ва то 19.12.2015 идома ёфт.

Дар рафти «Ҳафтаи суруд ва мусиқӣ» хонандагон бо мавзӯъҳои гуногун доир ба суруд ва мусиқӣ шинос гардиданд.

Рӯзи сешанбе дар мавзӯи «Асбобҳои мусиқӣ ва намудҳои он» маълумот гирифтанд.

Рӯзи панҷшанбе бошад 17.12.2015 маълумотро оид ба «Жанрҳои мусиқии тоҷик» (шашмақом, фалак, эстрада, опера) шуниданд. Ҳамчунин дар бораи бастакорони тоҷик маълумоти мухтасар пайдо намуданд.

Дар рафти «Ҳафтаи суруд ва мусиқӣ» намоиши корҳои эҷодии хонандагон оид ба асбобҳои мусиқӣ гузаронида шуд.

Хонандагон дар рафти «Ҳафтаи суруд ва мусиқӣ» ба саволҳои «Виктаринаи мусиқӣ» ҷавоб гардониданд. Ҳамчунин хонандагон кроссворди тартибдодашударо ба хубӣ кор карда баромаданд.

Озмунҳои «Навозиши беҳтарин», «Рақси беҳтарин» ва «Суруди беҳтарин» рӯзи ҷумъа ва шанбе 18 ва 19 – декабр баргузор гардида, ғолибон муайян гардиданд.

Дар навозиш хонандаи синфи 7“В”Исоев Муҳаммад, хонандаи синфи 6“Г” Бурҳонова Амина ва хонандаи синфи 11“Б”Турсунов Умед, инчунин хонандаи синфи 5“А” Шодмонов Меҳроҷ иштирок намуданд.

Дар рақс бошад хонадаи синфи 6“Г” Руденко Богдан ҳунарнамоӣ кард.

Дар озмуни «Суруди беҳтарин» хонандаи синфи 11“Б”.Абдуллозода Муҳибулло ва хонандаи синфи 6“Г”Норов Ҷаҳонгир иштирок карданд. 

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: