ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР «ДАР БОРАИ МУҚАРРАР НАМУДАНИ ИМТИЁЗҲО БА ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН»

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қарор «ДАР БОРАИ МУҚАРРАР НАМУДАНИ

ИМТИЁЗҲО БА ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН»

аз 3 майи соли 2006                      № 197                        ш. Душанбе

 

Мутобиқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавони соҳаи маориф ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: ӣ

  1. Барои се соли аввали фаъолияти омӯзгорони ҷавоне, ки дорои таҳсилоти олии касбии омӯзгори ҳастанд ва дар намудҳои гуногуни мактабҳои таҳсилоти умуми кор мекунанд, аз 1 январи соли 2007 имтиёзҳои зерин муайян карда шаванд:
  • бенавбат ҷудо кардани қитьаи замини барои сохтмони хонаи истиқомати;
  • дар ноҳияҳои кӯҳистон вобаста ба имконияти ноҳияҳо ҷудо кардани қитъаи замин барои боғдори ва полезкори;
  • додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди чорвои калони шохдори ширдеҳ ё бунёди 20 оилаи занбӯри асал.
    1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати дар якҷояги бо Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷудо намудани қитъаи заминро мувофиқи имтиёзҳои муқаррарнамудаи банди 1 ин қарор ҳал намоянд.
    2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии «Амонатбонк» тартиби додани қарзҳои имтиёзнокро тибқи банди 1 ин қарор таҳия ва тасдиқ намоянд.

 

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Э. Раҳмонов

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: