Озмуни 7-уми Байналмилалии зеҳнӣ

Озмуни 7-уми Байналмилалии зеҳнӣ

 

Рӯзи 10 октябри соли 2015 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Озмуни 7-уми Байналмилалии зеҳнӣ баргузор гардид. Дар озмун аз давлатҳои Россия, Қазоқистон ва Монголия хонандагон ширкат варзиданд. Дар ин озмун 7 нафар хонандаи Литсейи №2 барои хонандагони болаёкат: Худойназарова Султона, Самадова Робиябону, Бурҳонова Амина, Олимшоева Зуҳро, Холиқова Ануша, Бурҳонов Зафар, Холматова Мастура бо роҳбарии омӯзгор Буланова М. иштирок намуданд. Хонандаи синфи 6 — Бурхонов Зафар дар ҳал намудани масъалаҳои математикӣ (мантиқӣ) байни ҳамсолони худ сазовори ҷойи якум гашт. Ҳамзамон аз рӯи натиҷаи умумӣ- дар се давр сазовори ҷойи сеюм гардид ва бо сертификат барои иштирок дар озмуни интелектуалӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия даъват шуд. Инчунин бо ҷом, ифтихорномаи фахрӣ ва туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардид. Дастаи Литсейи №2 байни 4 даста беҳтарин видеопрезентатсия пешниҳод намуд ,ки ба он аз тарафи аъзоёни ҳакамон баҳои баланд дода шуд. Дигар иштирокчиён барои иштироки фаъолона бо ифтихорнома ва сертификат қадрдонӣ карда шуданд.

 

IMG_1997 IMG_1998 IMG_1999

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: