image (8)

Бо мақсади иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 — 2016”, мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.09.2015, №06/1-1719 4 нафар хонандагони синфҳои 6-10: Абдураҳмонов Саддам, Саидов Хушвахт, Саидов Ҷамшед, Туманов Абдурахмон барои иштирок дар озмуни Байналмилалии “Нозирони навраси ҳаракат”, ки аз 30 сентябр то 13 октябри соли 2015 дар шаҳри Анапаи Федератсияи Россия баргузор гардид, бо роҳбарии ҷонишини директор Фазлоншоева Х. фаъолона иштирок намуданд. Дар озмуни Байналмилалии “Нозирони навраси ҳаракат” дастаҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Белорусия, Тоҷикистон ва 25 дастаи Федератсияи Россия иштирок намуданд. Дастаи ННҲ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни “Умники и умницы по ДДП”, санҷишҳои тестӣ ва супоришҳои амалӣ супорида,бо дастаи Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиби холи баланд ва сазовори ҷойи 1-ум шуд. Даста бо ифтихорнома ва иштирокчиён бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

image (14) image (15) image (12) image (13) image (10) image (11) image (9)

 

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.

ШАРИКОНИ МО: